19:00:38 23-уми Майи 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/11_janoza_2147'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/11_janoza_2147'

ДАФНИ АҶСОДИ НИЗОМИЁНИ БАДАХШОНӢ

Рӯзи панҷшанбе ҷасади се нафар аз низомиён, ки зодагони ноҳияҳои мухталифи Бадахшон буда ва дар даргириҳо байни нерӯҳои давлатӣ ва гурӯҳҳои пайкорҷӯи мухолифи давлат дар дараи Камароб ба ҳалокат расида буданд, дар зодгоҳашон ба хок супорида шуд. Тавре ки мақомоти давлатии вилояти Бадахшон ба Би-би-сӣ иттилоъ доданд, ҳар сеи ин низомиён ба гурӯҳи вижаи мавсум ба "Алфа"-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мутаъаллиқ будаанд.

 

Дар ҷараёни даригирҳо дар дараи Камароб аз миёни низомиёни зодаи вилояти Бадахшон дар маҷмӯъ чаҳор нафар кушта шудаанд. Манобеъи маҳаллӣ гуфтанд, ки онҳо афсарон Ҷумъа Сангов аз рустои Шидзи ноҳияи Рӯшон ва Мискиншо Эроншоев аз деҳаи Чартеми ноҳияи Шуғнон, пропоршикон Саидмурид Лутфуллоев аз рустои Бартавдеми ноҳияи Роштқалъа ва Меҳриддин Салоҳов аз рустои Техарви ноҳияи Ванҷ будаанд.

 

Ҳамаи афроди кушташуда ба гурӯҳи вижаи "Алфа" мутаъаллиқ будаанд. Ба истиснои ҷасади Эроншоев, ки ҳанӯз пайдо нашудааст, аҷсоди дигар мақтулон ба зодгоҳҳояшон интиқол дода шудаанд. Гуфта мешавад, ки ин қурбониён аз ҷумлаи низомиёне мебошанд, ки зимни суқути як чархболи низомӣ дар шаҳраки Ғарм ба ҳалокат расидаанд. Чархболи МИ-8 рӯзи 6 октябри соли ҷорӣ суқут карда буд. Мақомоти расмӣ мегӯянд суқути ин чархбол ба сабабҳои фаннӣ рух додааст.

 

Тибқи гузоришҳо, дар натиҷаи суқути ин чархбол 21 нафар аз аъзои гурӯҳи вижаи "Алфа" ва ва ҳафт нафар аз низомиёни Горди Миллӣ ва халабонҳои чархбол кушта шудаанд. Аммо манобеъи Горди миллии Тоҷикистон, ки чархбол ба он мутаъаллиқ буд, гуфтанд, ки дар ин ҳодиса танҳо ҳафт нафар аз нерӯҳои горди миллӣ кушта шудаанд. Сухангӯйи ин горд дар суҳбат бо Би-би-сӣ хабари кушта шудани нерӯҳои амниятӣ дар суқути чархболро такзиб кард.

 

Гуфта мешавад, аксари кушташудагон дар натиҷаи суқути чархбол афсарони олирутба будаанд. Маросими дафни низомиёни кушташуда аз вилояти Бадахшон дар ҳамаи манотиқ ба таври расмӣ сурат гирифта ва дар он намояндагони ниҳодҳои ҳукуматӣ ширкат ва суханронӣ кардаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3320-2010-10-11-05-04-55.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ