РЕШАҲО, САБАБҲО, ОМИЛҲОИ ПАҲНШАВИИ ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ
Сабабҳои зуҳури ифротгароии динӣ инҳо мебошанд:
- бӯҳронҳоииҷтимоиюиқтисодӣ;
- деформацияи сохторҳои сиёсӣ;
- паст рафтани сатҳи зиндагии мардум;
- таъқиб гардидани ҳама гуна ғайрандешӣ;
- зулми миллӣ;
- амбицияи раҳбарони аҳзоби сиёсӣ ва гурӯҳҳои динӣ, ки кӯшиш мекунанд татбиқи вазифаҳои пешниҳодшудаи худро тезонанд.
Дар байни сабабҳое ки ба шиддат ёфтани ифротгароии динӣ мусоидат менамояд вайрон кардани ҳуқуқҳои ақаллиятҳои динӣ ва этникӣ аз тарафи маъмурини давлатӣ ва ҳамчунон фаъолияти миссионерони динӣ, ки мақсад доранд ихтилофоти диниро барангезанд, мебошад. Ифротгароӣ дар асоси дин бо сиёсат ва миллатгароӣ алоқаи зич дорад ва барои ин ҳам дар бисёр маврид дар адабиёти илмӣ мафҳуми ифротгароии динӣ-сиёсӣ истифода мешавад. Дар тамоми динҳо падидаҳои ифротгароӣ ба мушоҳида мерасанд.
Дин рафтори муайянро, эҳсоси вобастагиро, дарки ӯҳдадориҳоро муқаррар менамояд. Дин асосро барои эътироз ва муқовимат бар зидди ҳамаи он чизе, ки муқаррар нашудааст, низ муайян мекунад. Барои ин ҳам дар давраҳои гуногуни рушди инсоният ифротгароии динӣ дар кишварҳои гуногун, дар динҳои гуногун авҷ мегирифт. Дар бораи ифротгароӣ дар заминаи ислом бисёр мегӯянд ва менависанд ва чунон ба назар мерасад, ки гӯё ҳар як мусулмон ин ифротгаро ва дорои имкони тарконидану сӯзондан дорад, ки дар воқеати амр ин тавр нест.
Шарқшиносон, сабабҳои авҷгирии ҷунбишҳои сиёсии исломиро дар солҳои 70-80-уми асри гузашта таҳлил намуда, ба хулоса омадаанд, ки маҳз сиёсати таҷовузкоронаи Исроил дар Шарқи Наздик, ки аз тарафи ИМА дастгирӣ карда мешуд сабабгори ин будааст. Вале муҳақкиқони дигар решаҳои ифротгароии исломиро ба соли аввали ҳиҷрӣ алоқаманд мекунанд. Дар соли 657 гурӯҳе бо номи хориҷиҳо аз Ҳазрати Алӣ-халифаи чоруми мусулмонон хориҷ шуданд, зеро ба назари онҳо Халифаи чорум барои пешбурди кори мусалмонон ба таври кофӣ қатъӣ набуд. Инҳо тарафдорони муборизаи қатъӣ буданд. Барои ҳамин ҳам баъзан ифротиёнро ҳориҷиҳо меноманд.
Дар замони муосир бошад бешубҳа, нақши муҳимро дар авҷгирии ифротгароӣ сиёсати зиддиисломӣ ва забткоронаи Исроил бозид, ки соли 1967 Байтулмуқаддаси шарқиро ишғол намуд. Дар шароити низоми ишғолӣ аҳолии араби Байтулмуқаддас ва дигар минтақаҳои ишғолшуда қурбони таъқибот ва маҳдудиятҳои гуногун шуданд, ки ба эҳсосоти миллӣ ва динии онҳо таъсири бад гузошт, махсусан ба оташ кашидани макони саввуми муқаддаси мусулмонон масҷиди Ал–Ақсо дар соли 1969.
Вале, чуноне дар боло ишора шуд, новобаста аз навиштаҳои зиёд дар бораи хатари ифротгароии исломӣ, ифротгароӣ дар дигар динҳо ҳам камтар аз дини мубини ислом нест ва хатар ва таҳдидашон камтар нест. Дар навбати аввал дар худи қаламрави ИМА бунёдгароии протестантӣ мавқеи бисёр мустаҳкам дорад. Дар байни амрикоиҳо евангелист Хал Линсдли, муаллифи китоби «Сайёраи бузурги марҳум» хеле машҳур аст. Муаллиф ҷанги русу араб аз як тараф ва Амрикою Исроилро аз тарафи дигар пешгӯӣ мекунад, ки дар натиҷаи он ба пурра маҳв гардидани арабҳо ва русҳо меанҷомад ва ҳамзамон сеяки аҳолӣ ҳам нест мешавад. Аҷиб ин аст, ки Президенти ИМА Роналд Рейган мухлиси ашадии ин муаллиф будааст.
Дар Амрико созмонҳои радикалии насронии дигар ҳам амал мекунад, ки сиёсати зидди яҳудиёнро таблиғ мекунанд. Масалан «Калисои миллати ориёии насронӣ» (КМОН), ё Arian nations”(«Миллати ориёӣ»). Ин бузургтарин ташкилоти нажодпарастони сафед аст, ки рӯҳияи сахти зидди яҳудиён ва сиёҳпӯстонро, ки ба қавли раҳбарони он, хизматгори шайтонанд, мепарварад. Мақсади сиёсии «Миллати ориёӣ» дар ҳудуди 5 штати шимолу ғарбӣ сохтани «давлати ориёӣ»- и насрониёни сафед мебошад. Ин созмон дастаҳои мусаллаҳи худро дошта, бо «Ку-Клукс-Клан» ва дигар ташкилотҳои экстремистии ростгаро ҳамкорӣ дорад. Раҳбари «Миллати ориёӣ» Ричард Батлер дар гузашта узви фаъоли ташкилоти террористии“ The order» («Тартибот») будааст.
Дӯсти наздики КМОН «Артиши Ориёии ҷумҳуриявӣ» (АОҶ) мебошад, ки мақсадаш маҳв намудани яҳудиён ва сиёҳпӯстон аст. Зоҳиран ба назар мерасад, ки дар конфессияҳои дини насронӣ хусумат бар зидди якдигар, ки ба истифодаи зурӣ ва яроқи оташфишон сабаб гардад вуҷуд надорад. Аммо ин тавр нест. На танҳо дар таърих, балки дар замони муосир ҳам ин ҳодисаҳо мушоҳида мешавад. Дар Украинаи Ғарбӣ низоъҳо байни калисоҳои православӣ ва юнонӣ- католикӣ бо хушунат анҷом меёбанд. Дар ин замина наметавонем аз «Артиши ҷумҳуриявии Ирландия» (АҶИ) ёдовар нашавем, ки аз бунёдгарони католик иборат аст.
Ҳар сол Белфаст ва Ирландияи Шимолӣ майдони ҷангро ба хотир меовард: бариккадаҳо аз бочкаҳои металлӣ, боқимондаҳои мошинҳои сӯхташудаи политсия, хонаҳои сӯхтаистода, даҳҳо нафар кушта ва захмӣ. Издиҳоми бунёдгароёни протестантӣ аз «Ассотсиатсияи мудофиаи Олстер» дар ноҳияҳои католикӣ тахрибкориҳои хунинро ба роҳ меандохтанд. Дигар созмонҳои байналмилалӣ ва миллии бунёдгарёни католикӣ ба мисли «Сарбозони Худо», «Лигаи зидди ислоҳоти католикӣ» ва ғайра низ фаъолият мекунанд
Дар солҳои охир фирқаҳои харобкори динӣ, масалан дар Россия хеле зиёд шудаанд, ки ба гуфтаи коршиносон фаъолияти онҳо сарчашмаи хатар барои ҳаёти одамон мебошад. Аз рӯи пурсишҳои сотсиологӣ дар Россия аз 78 до 87 дарсади аҳолӣ нисбат ба ин фирқаҳо муносибати манфӣ доранд. Аз рӯи баъзе маълумотҳо танҳо дар округи федералии Урали Россия 300 фирқа ва гурӯҳҳои гуногуни динӣ фаъолият мекунанд. Дар Ҳиндустон ҳам проблемаи терроризм яке аз масъалаҳои доғи иҷтимоию сиёсӣ мебошад. Созмони радикалии «Шивсена» («Артиши Шива») бо амалҳои ифротгароии худ машҳур аст. Соли 1972 аъзои ин созмон масҷиди машҳури мусулмононро дар шаҳри Айодхе хароб намуданд.
Дар Ҳиндустон, инчунин созмони “Раштрия сваямсевак сангх” амал мекунад,ки дастаҳои низомии худро дорад, мавқеи бисёр баландро инчунин ҷунбишҳои низомии ҷудоихоҳони сикҳо, пайравони ҷараёни ҷудоихоҳи Гуру Нанака, ки дар асри 18 зиндагӣ кардааст, ишғол мекунад. Онҳо дар иёлати Панҷоб зиндагӣ намуда, барои аз Ҳиндустон ҷудо намудани ин иёлат мубориза мебаранд. Террори хунине, ки онҳо ба роҳ меандозанд бо мақсади он аст, ки ҳиндуҳоро маҷбур созанд, ки аз Панҷоб хориҷ шаванд.
Соли 1984 ҳукуматдорони Ҳиндустон бо истифода аз артиллерия ва танкҳо ба Маъбади тиллоии сикҳо дар шаҳри Амритсар ҳуҷум намуда, онро хароб карданд, вале баъд аз 4 моҳ дар иқдоми ҷавобӣ сарвазири Ҳиндустон Индира Гандӣ аз тарафи сикхҳо кушта шуд. Баъд аз ин ҳодиса тахрибу куштори оммавӣ сар шуд, ки дар натиҷа аз рӯи баъзе маълумотҳо 30 ҳазор сикх кушта шуд. Сикхо бошанд танҳо дар соли 1990 4 ҳазор нафарро куштанд. 12 марти соли 1993 тақрибан дар як вақт 15 таркиши бузург анҷом доданд, ки ҷони 228 нафарро гирифта 1200 нафари дигарро маҷруҳ намуданд. Созмонҳои машҳури сикҳо «Нерӯҳои Халистон» ва «Ҷабҳаи озодибахши Халистон» мебошанд.
Бунёдгароӣ ё экстремизми динӣ дар Исроил бисёр қавӣ мебошад. Дар ин кишвар чандин ҳизби сиёсӣ амал мекунад, ки бунёдгароии яҳудиро ҳамеша ҳифз мекунанд. Яке аз созмонҳои ифротии яҳудӣ «Каҳ» мебошад, ки дар Исроил ва заминҳои ишғолшудаи арабҳо фаъолият мекунад. Асосгузори «Каҳ» Меер Каҳане, раввини ифротии машҳур аст, ки барои кӯшиши тарконидани масҷиди Ал-Ақсо- макони муқаддаси Ислом барои 3 моҳ зиндонӣ гардида буд.
Моҳи ноябри соли 1995 яҳудии ифротӣ сарвазири Исроил Исҳоқ Рабинро ба қатл расонид. Дар мурофиаи судӣ қотил бо ифтихор гуфт, ки тибқи фармудаи «Галахе» (маҷмуаи қонунҳои яҳудӣ) рафтор кардааст, ки мегуяд «ҳар яҳудие, ки ҳалқ ва замини онро ба душманон медиҳад бояд кушта шавад». Ин дар ҳолест, ки баръакс яҳудиён заминҳои арабҳоро ишғол кардаанд, на арабҳо. Якчанд сол пеш фирқаи динии Аум-Сенрике дар Япония амали ваҳшиёнаи террористиро бо истифода аз гази заҳролудкунанда дар метрои Токио анҷом дод. Хатари ин созмон дар он аст, ки дар Россия ва дигар кишварҳо ҳам ячейкаҳои худро дошт ва барои сохтани яроқи ядроӣ кӯшиш мекард.
Ҳодисаи терроризми биологӣ дар як шаҳраки Даллас (иёлати Орегон, округи Уаско)-и ИМА низ ба вуқӯъ пайваст, ин ро ҳам ҷамъияти динии Бхагован Шри Раджниша анҷом дода буд. Ин ҷамъият мехост дар ин шаҳр қароргоҳи байналмилалии худро ташкил кунад, вале иҷозат нагирифт, мурофиаҳои судӣ оғоз шуданд. Дар ин вақт дар зарфи як моҳ 750 нафар дар ин шаҳрак ба касалии салмонеллез гирифтор шуданд. Дар натиҷаи ҷустуҷӯхои бисёр сарчашмаи касалӣ ва террористонро пайдо карданд. Ду нафар аъзои ҷамияти динии Бхагован Шри Раджниша ин корро анҷом дода будаанд.
Ҳамин тавр, ҳатто як ёдоварии кӯтоҳ аз фаъолияти созмонҳои динӣ нишон медиҳад, ки ҳеҷ як дин аз ҷараёнҳои ифротӣ холӣ нест ва ин ҷараёнҳо моҳияти таълимоти диниро ба манфитати худашон таҳриф мекунанд. Аммо дар бисёр маврид рӯзноманигорон, хизматчиёни давлатӣ, ки дар бораи Ислом маълумоти дақиқ надоранд, дар бораи Ислом суханони носанҷида мегӯянд, ки барои ҳамзистии осоишта ва ороми пайравони Ислом ва дигар динҳо дар ин ё он кишвар халал ворид мекунанд. Ислом ба терроризм ҳеҷ муносибат надорад.
Президенти Тоҷикистон дар суханронии худ дар Иҷлосияи сеюми фавқулоддаи Созмони конфронси исломӣ, дар шаҳри Макка 7 декабри соли 2005 гуфта буд: «Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва ватан надорад ва душмани худову бандагони ӯст…ин гуна нерӯҳо аз номи ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои исломиро пиёда месозанд».
Ислом ҳамчун дини муътадил ва вассат(миёна) ифротгароӣ ва зиёдаравиро манъ мекунад. Дар китоби муқаддаси мусулмонон Қуръони маҷид Худованд гуфтааст: «Ва ҳамчунин мо шуморо уммати вассат (беҳтарин) сохтем, то бар мардум гувоҳ бошед ва то Расул (с) бар шумо гувоҳ бошад (Сураи Бақара, ояи 143).
(идома дорад)
Искандаров Қосимшо, доктори илмҳои таърих, мудири шӯъбаи таърих ва таҳқиқи низоъҳои минтақавии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ
Абдуллоев Раҳматулло, ходими илмии шӯъбаи таърих ва таҳқиқи низоъҳои минтақавии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ
Назаров Носир, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муовини аввали Сардори Академияи ВКД ҶТ
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4339-reshaho-sababho-omilho.html
- << Қаблӣ
- Баъдӣ