02:47:22 01-уми Июни 2025 сол

РЕШАҲО, САБАБҲО, ОМИЛҲОИ ПАҲНШАВИИ ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ

(Қисмати дуввум)

 (Қисмати аввал)

 

Хотамуланбиё (с) аз ҷониби Парвардигор муаззаф гардида буд, ки  иштибоҳоти руҳониёни динҳои пешинро ислоҳ кунад, одамонро аз навовариҳои зиёд, ки кори бандагонро мушкил сохта буданд, озод намояд.

 

terroristХудованд мефармояд: «(барои) касоне, ки он Пайғамбарро пайравӣ мекунанд, ки Набии уммӣ аст-он ки наъташро назди хеш дар Таврот ва Инҷил навишта меёбанд; онҳоро ба кори писандида мефармояд ва аз кори нописандида манъ мекунад ва барои онҳо покизаҳоро ҳалол месозад ва нопокизаҳоро ҳаром мекунад ва бори гарони онҳоро ва он машаққатҳоеро, ки бар онҳо буд, аз онҳо фуру мениҳад. Пас касоне, ки ба ӯ имон оварданд ва ӯро арҷманд карданд ва ба ӯ ёрӣ доданд ва нуреро, ки ҳамроҳи вай нозил шудааст, пайравӣ карданд-ҳамоно онҳо растагоронанд» (Сураи Аъроф, ояи 157).

 

Ҳамин тавр Шариати исломӣ ба усули ҷустуҷӯи осонӣ буд, на душвор гардонидани кори бандагон. Дар Қуръон омадааст: «Худо барои Шумо осониро мехоҳад ва барои шумо душвориро намехоҳад» (Сураи Бақара, ояи 185).

 

Худованд яҳудиён ва насрониёнро  огоҳ намудааст, ки аз зиёдаравӣ дар дин бипарҳезанд: «Бигӯ: Эй аҳли Китоб, ба ноҳақ дар дини худ аз ҳад магузаред ва хоҳиши нафси қавмеро пайравӣ макунед, ки пеш аз ин гумроҳ шуданд ва (мардуми) бисёреро гумроҳ карданд ва аз роҳи рост каҷравӣ карданд!» ( Сураи Моида, ояи 77).

 

Расули Акрам (с) низ дар ҳадисҳои худ ҳамин зиёдаравӣ ва ё ифротро дар дин манъ кардааст. Вале имрӯз мебинем, ки  дар кишварҳои гуногун даҳҳо созмонҳои ифротӣ ва террористӣ зери парчами ислом мубориза мекунанд.

 

Омилҳои паҳншавии ифротгароии динию сиёсӣ ва терроризмро метавон ба чанд гурӯҳ тақсим кард:

 1. Аксуламал бар зидди идеяи ҷаҳонишавӣ, қушиши паҳн намудани фарҳанг ва тарзи зиндагии ғарбӣ дар  мамлакатҳои исломӣ бидуни дарназардошти вежагиҳои этникию қавмӣ ва динии аҳолии ин кишварҳо.

2. Кӯшиш барои тақсими боадолатонаи неъматҳои тамаддуни муосир

3. Истифодаи ислом аз тарафи нухбагони миллӣ ҳамчун василаи идеологӣ барои таҳкими ҳокимияти худ.

4. Истифодаи созмонҳои динӣ  аз ҷониби хадамоти махсуси кишварҳои бузург дар муборизаи геополитикии онҳо. 

 

Сабабҳои паҳншавии ифротгароӢ ва терроризми динӢ дар кишварҳои Осиёи МарказӢ

Бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҷои ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ як идда давлатҳои мустакил ба вуҷуд омаданд, ки аз рӯзи авали мавҷдияташон ба як қатор проблемаҳои ҷиддии иҷтимоӣ-иқтисодӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва идеологӣ рӯ ба рӯ шуданд. Амалан тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин ё он андоза бо проблемаи мубрами сиёсишавии ислом дар давлатҳояшон рӯ ба рӯ шуданд.

 

Ҳанӯз дар охири солхои 80-уми қарни ХХ истифодаи идеяҳои динӣ дар муборизаи сиёсӣ, дар кишварҳои Осиёи Маказӣ қариб, ки як ҳодисаи гӯшношунид ва бегона барои воқеъияти Шӯравӣ маҳсуб меёфт, чунки дар тамоми сарзамини Иттиҳоди Шӯравӣ, бе ҳеҷ гуна шарту шароит, ба таври қотеъона, усули ҷудо будани дин аз давлат амал менамуд. Кӯшиши ҳалли проблемаҳое, ки бо сиёсӣ шудани ислом ва шаклҳои гуногуни ифротгароии динӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ марбут буданд, ва боз ҳам тезутундшавии вазъияти дохилии сиёсӣ ва ҳатто ҷангҳои шаҳрвандӣ ва задухӯрдҳои мусаллаҳона оварда расониданд.

 

Истифодаи ислом бо мақсадҳои сиёсӣ дар як қатор кишварҳои муштаракулманофеъ ба худ шаклҳои гуногун гирифта буд. Байрақи ислом ба мақсади ба даст овардан ва таҳкими мухторият дар баъзе сарзаминҳо, ба мисли Тотористону Бошқирдистон ва Чеченистону Ингушистон дар Россия истифода гардид. Бо иштироки бевоситаи рӯҳониёни мусулмон мубориза байни нухбагон ва муборизаи дохилиқавмӣ дар Доғистону Чеченистон авҷ мегирифт. Паҳншавии ифротгароӣ ва терроризм дар охири охирон яке аз сабабҳои асосии ду ҷанги хунини «чеченӣ» дар Россия гардид.

 

Барои паҳншавии ифротгароии заминаи динӣ дошта ва исломӣ ва терроризм дар Осиёи Марказӣ як қатор сабабҳои айни вуҷуд доштанд, ки ба таври умум чунин арзёбӣ мегарданд.

 

Якум. Баъди шикасти идеологияи коммунистӣ халои идеологие  пайдо гардид. Ин хало махсусан дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар манотиқе, ки аксари аҳолиаш вобастаи анъанаҳои мусулмонӣ буд, баръало эҳсос мегардид. Ин хало амалан, ҳар чӣ зудтар, бо идеологияи исломӣ пур мегардид. Ҷомеаҳои мусулмонӣ ангезаҳои таҳрикбахшеро барои инкишоф ва худсобиткунӣ ба ҳайси қувваҳои ҷамъиятии қобили аҳамият пайдо намуданд.

 

Дуюм. Худшиносии миллии халқҳое, ки акнун давлатдории худашонро барқарор намуда буданд, хеле боло рафт. Дар шароити бисёрмиллатии аҳолии чунин кишварҳо ба мисли Тоҷикистон, Туркманистон, Қирғизистон, Узбекистон омили исломӣ ба нишонаи асосии ҳуввияти шаҳрвандӣ мубадал гардида буд. Барои ҳамин ҳам доираҳои ҳукмрони ин кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳаматарафа раванди эҳёи анъанаҳои исломиро дастгирӣ мекарданд. Дар айни ҳол, ба дараҷаи бояду шояд лаҳзаҳои ғайримусбати ин раванд ба назар гирифта нашуда буданд. Дар баъзе кишварҳо таъсири рӯҳониёни мусулмон ба дараҷае баланд гардид, ки он даъвои на танҳо ҳокимияти динӣ балки ҳокимияти сиёсиро низ доштанд.

 

Сеюм. Аз байн бурдани қисмати ҷанубии «пардаи оҳанин» ба он оварда расонд, ки аз ҷаҳони ислом ҳуҷуми идеологии ғайриқобили назорат шурӯъ гардид.  Ба ғайр аз мақсадҳои васеъ кардани доираи нуфузи фарҳангӣ, доираҳои муайяни кишварҳои мусулмонии хориҷаи дур инчунин мақсадҳои мушаххаси иқтисодӣ низ доштанд. Манфиатдор будани доираҳои алоҳидаи соҳибкорони ҷаҳони исломӣ барои дастёбӣ ба захираҳои бойи табиии минтақаҳои Осиёи Марказӣ, бо пардаи идеологии ташкили «ҷаҳони ягонаи исломӣ» рӯпуш шуда буд.

 

Чаҳорум. Мушкилоти соҳаи иҷтимоӣ-иқтисодиро, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ бо сахтӣ аз сар мегузаронданд, ақибмондагии нисбии иқтисодии баъзе аз онҳо барои баланд гардидани ҳаракатҳои эътирозӣ, бо истифода аз шиорҳои «иқтисоди исломӣ» мусоидат кард. Либераликунонии иқтисодиёт бо бад шудани шароити иҷтимоӣ-иқтисодии аҳолӣ, тезутундшавии дараҷабандии иҷтимоӣ, зиёд гаштани тафовут дар сатҳи зиндагии ин кишварҳо ҳамроҳ буд. Муроҷиат ба қавонини анъанавии ислом вокуниши аҳолӣ ба раванди модернизакунонӣ буд. Дар робита ба гузариш ба муносибатҳои бозорӣ дар аксари кишварҳои Шӯравӣ капитализми «ваҳшӣ» ҳоким гардид, ки он арзишҳои ахлоқии ҷомеаҳои анъанавии мусулмонии Осиёи Марказиро, ба як навъе баробар кард. Тамоми меъёрҳои муносиботи байниҳамдигарии одамон сарчаппа шуданд, ки ин дар баъзе мавридҳо ба ҳукмрон гардидани харҷу марҷи ахлоқӣ дар ҷамъият оварда расонд. Идеологияи исломӣ ба талаботи ахлоқии ҷомеаи мусулмонӣ ҷавобгӯ буд, барои он модели рафтори ҷамъиятиро, ки ба шароити капитализми «ваҳшӣ» мувофиқ кунонда шуда буд, пешниҳод намуд. Паст гардидани сатҳи саводнокии аҳолӣ, ки дар солҳои охир дар як қатор кишварҳои Осиёи Марказӣ ба вуқуъ пайваст, аҳамияти ин омилро боз ҳам зиёдтар намуд.

 

Панҷум. Дар аксари ҷомеаҳои мусулмони Осиёи Марказӣ меъёрҳои соддатарини давлати ҳуқуқбунёд аз истифода баромаданд. Беқонунӣ дар бисёр мавридҳо ҳамчун қоида ва хусусиёти муносибати ҷамъиятӣ ба назар мерасид. Дар ин шароит аҳолии мусулмони баъзе давлатҳои Осиёи Марказӣ ба меъёрҳои исломӣ паноҳ барад.

 

Шашум. Яке аз сабабҳои асосии  паҳншавии шаклҳои гуногуни ифротгароии исломӣ дар як қатор давлатҳои Осиёи Марказӣ ба  сохтори бисёрқавмии аҳолии мусулмон дар ин кишварҳо иртибот мегирад. Баъди барҳамхурии идеологияи коммунистӣ, интернасионализм ва сиёсати миллии ба он вобаста, ки то андозае манфиатҳои қавмҳои алоҳидаро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар даврони Шӯравӣ ба низом медаровард, аз байн рафт ва ҷомеаҳои бисёрқавмии мусулмон аз чунин танзимгари муҳим бенасиб монданд. Дар чунин вазъият дар як қатор кишварҳои Осиёи Миёна идеологияи исломӣ, ки одамонро аз рӯи мансубияти қавмиашон аз ҳам ҷудо намекунад, ҳамчун қувваи муттаҳидкунанда қавму миллиятҳои гуногун баромад намуд.

 

Ҳафтум. Омили муҳими сиёсишавии ислом, истифодаи фаъолонаи он аз тарафи доираҳои сиёсии як қатор кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ба даст овардани манфиатҳои гурӯҳии худ гардид. Дар баъзе ҳолатҳо дини мубини исломро гурӯҳҳои ғаразхоҳ ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва дигар фаъолиятҳое, ки баъзан характери ҷиноӣ ба худ гирифта буданд, пайваст намуданд. Аз ҷумла, дар муноқишоти дар сарзамини Осиёи Марказӣ ба вуҷуд омада, ки дар онҳо гурӯҳҳои исломӣ ширкат мекарданд, баъзан хеле душвор буд, ки байни идеологияи ваҳҳобиён ва ҷиноятҳое, ки бо иштирок дар созмонҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, рабудани одамон ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир вобаста буданд, хати фосила кашида шавад. Дар натиҷа, дар як қатор кишварҳои Осиёи Марказӣ олами ҷиноӣ аксаран имконият пайдо намуд, ки бо гурӯҳҳои сиёсиву низомӣ пайвастагӣ пайдо намояд, ки онҳо ба ин ё он восита бо тундравони динӣ алоқаманд буданд.

 

Ҳаштум. Омили муҳими сиёсишавии ислом ин паст гардидани самаранокии системаҳои мавҷудаи сиёсӣ буд. Дар робита бо ин идеяи ташкил намудани «давлати исломӣ - хилофат» ҳамчун алтернативаи режимҳои мавҷуда ба миён омад. Барои мисол, дар чунин минтақаҳои  ӯзбекистон, ба мисли водии Фарғона дохил гардидани ифротгароии динӣ тамоюли ҷудоихоҳӣ ба худ гирифта буд. Фаъолияти ифротиёни Ҳаракати Исломии ӯзбекистон (ҲИӮ) дар зери байрақи ташкил намудани давлати мустақили исломӣ дар ҳудуди ин минтақа сурат гирифт. Барои ҳамин ҳам табиӣ аст, ки дар мухолифат бо Тошкент раҳбарони ифротгарои ҲИӯ шиорҳои исломиро ба роҳбарӣ гирифтанд.

 

Нуҳум. Аз ҷониби баъзе роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дуруст баҳо наёфтани паҳншавии ифротгароии динӣ, саривақт наҷустани чораҳо ба муқобили ин раванд, ба пуршиддат гаштани вазъият мусоидат намуданд. Тамоюли қатъ гардидани робитаҳои анъанавӣ дар байни давлатҳои муштаракулманофеъ, дар маҷмӯъ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла, ба он оварда расонд, ки дар муқобили паҳн гардидани ифротгароии исломӣ раҳбарони  кишварҳои Осиёи Марказӣ оҷиз монданд.

 

Раванди сиёсишавии ислом, ки барои тадриҷан паҳн гардидани ифротгароии динӣ ва терроризм дар паҳнои Осиёи Марказӣ мусоидат менамуд, ба таври шартӣ дар се марҳалаи асосии замонӣ амалӣ мегардид. Марҳилаи аввал, асосан давраи аз охири солҳои 80-ум то аввали солҳои 90-уми қарни ХХ-ро дарбар гирифта, бо эҳёи ҳаматарафаи дини ислом дар ҳудуди кишварҳои Осиёи Марказӣ тавсиф мегардад. Бо монандии зоҳирии ин кишварҳо нигоҳ накарда, эҳёи анъанаҳои  динӣ дар ҳар як кишвар дорои хусусиятҳои хосе мебошад, ки бо гуногунии менталитети аҳолӣ, тарзи ташкили иҷтимоӣ-ҷамъиятӣ ва инкишофи таърихӣ-фарҳангии давлатҳо вобаста мебошад.

 

Марҳилаи дуввум, ки давраи аввали солҳои 90-уми қарни ХХ-ро дар бар мегирад, бо пурқувват гардидани омили динӣ дар Осиёи Марказӣ, ҳамчун натиҷаи низоъҳои мусаллаҳона фарқ мекунад. Калонтарин чунин низоъ дар Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ мубаддал гардид, ки зоҳиран муборизаи қувваҳои дунявӣ бо гурӯҳҳои динӣ буд, ки мехостанд давлати исломӣ бунёд намоянд. Аммо дар асл бошад ин ҷанги дохилӣ, ҷанги таҳмилӣ буд, ки сабабҳо ва омилони он аз доираи чунин баҳодиҳии содда берун аст.

 

Марҳилаи сеюм, асосан давраи охири солҳои 90-уми қарни XX  ва солҳои аввали қарни XXI-ро дар бар гирифта, бо пурқувват гаштани гурӯҳҳои диниву мазҳабӣ дар як қатор кишварҳои Осиёи Марказӣ фарқ мекунад. Гурӯҳҳои гуногуни исломӣ дар бозиҳои сиёсӣ, дар паҳнои геополитикӣ ба бозӣ дароварда шуданд. Ин раванд инъикоси худро дар он пайдо намуд, ки дар харитаи геополитикии Осиёи Марказӣ ба таври хеле равшан манфиатҳои як қатор марказҳои ҷаҳонии нуфуз ба чашм мерасиданд. Дар худи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар самти татбиқи чорабиниҳои зиддитеррористӣ ба омили муттаҳадкунандаи кӯшишҳои давлатҳои минтақа барои пешгириии хатари паҳншавии васеи ифротгароии динӣ ва терроризм мубаддал гардиданд.

 

Адабиёт

1. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон// Ахбори  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 1998, № 9, мод. 68; №22, мод. 306; соли 1999, №12, мод. 316; соли 2001, № 4, мод. 149, 167; соли 2002, №11, мод. 675, 750; соли 2003, № 8, мод. 456, 468; соли 2004, №5, мод. 346; №7, мод. 452- 453; соли 2005, №3, мод. 126; №7, мод. 399; №12, мод. 640) 

2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16 ноябри соли 1999 № 846//Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 1999, №11, мод. 275

3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм(ифротгароӣ)  аз 8 декабри соли 2003 № 69//Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли  2003, №12, мод. 697.

 4. Договор между Республикой Казахстан, Кыргызской Республикой, Республикой Таджикистан, и Республикой Узбекистан о совместных действиях по борьбе с терроризмом, политическим и религиозным экстремизмом, транснациональной организованной преступностью и иными угрозами стабильности и безопасности Сторон. Ташкент, 21 апреля 2000 г.

5. Шанхайская конвенция о борьбе с терроризмом, сепаратизмом и экстремизмом. Шанхай, 15 июня 2001 г.

6. Искандаров Қ. Афғонистон: толибон ва ташаккули марказҳои террористӣ.-Душанбе: «Ирфон», 2003.

7. Капитонов К.А. Террор.Война без правил. Израилско-палестинское противостояние. М.:АСТ:Восток-Запад, 2006.- 526 с.

8. Кеппель Жиль. Джихад. Экспансия и закат исламизма.- М.: Научно-издательский центр «Ладомир», 2004.- 467 с.

   9. Косиченко А.Г., Ашимбаев М.С., Султанов Б.К., Шоманов А.Ж., --Бегалиев Н.К., Нурмухамедов Б.Ж. Современный терроризм: взгляд из Центральной Азии.- Алматы: Дайк-Пресс, 2002.-213 с.

10. Назиров Д. Проблемы терроризам и религиозного экстремизма в условиях глобализации.Ч.1.- Душанбе: Ирфон, 2009.

11. Назиров Д. Проблемы терроризам и религиозного экстремизма в условиях глобализации.Ч.2.- Душанбе: Ирфон, 2009.

12. Пластун В.Н. Эволюция деятельности экстремистских организаций в странах Востока.- Новосибирск:»Сибирский хронограф», 2002 г.- 712 с.

13. Требин М.П. Терроризм в XXI веке. Минск: Харвест, 2004.- 816 с.

14. Ғоибов Ғ. Ҳизби таҳрир чӣ мехоҳад. Душанбе, 2004.

15. Ҳалабӣ Алиасғар. Таърихи наҳзатҳои динӣ- сиёсии муосир. Теҳрон, 1384.

 

Искандаров Қосимшо, доктори илмҳои таърих, мудири шӯъбаи таърих ва таҳқиқи низоъҳои минтақавии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ

Абдуллоев Раҳматулло, ходими илмии шӯъбаи таърих ва таҳқиқи низоъҳои минтақавии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ

Назаров Носир, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муовини аввали Сардори Академияи ВКД ҶТ


Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4397-reshaho-sababho-omilhoi-terrorizm.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854