02:04:25 03-уми Июни 2025 сол

АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ: ТАҶРИБАИ ҶАҲОНӢ

(Қисмати аввал)

(Қисмати дуввум)

 

Аҳзоб ва созмонҳое, ки бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташон дар Тоҷикистон манъ шудааст.

 

terrorim1.«Ал-Қоида». Соли 1989 ташкил шудааст. Асосгузори он Усома бин Лодан аст, ки ҳоло аз тарафи ИМА «унвони «террористи №1»-ро касб намудааст. Ин созмон асосан дар заминаи ҷиҳодиёни араб, ки дар ҷанги Афғонистон иштирок мекарданд ташкил шудааст. Усома бини Лодан дар аввал дар самти ҷалби кӯмакҳо ба муҷоҳиддини афғон ба Покистон омад, Баъдҳо марказҳои таълими муҷоҳидинро дар худи Афғонистон ташкил намуд. Азбаски мусулмонони зиёде аз кишварҳои гуногун дар ҷанг ба муқобили артиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон ва ҳукумати дастнишондаи ӯ ба Покистону Афғонистон омада буданд Усома дар бораи ҳар яки онҳо маълумот ҷамъ намуда, махзани маълумот ташкил намуд. Коршиносон назар доранд, ки маҳз аз ҳамин махзани маълумот, ё қоидаи тартибдодашуда номи созмон гирифта шудааст. Мақсади ташкили ин созмон мубориза бо низоми коммунистӣ ва барқарор намудани низоми исломӣ аз рӯи шариати ислом буд. Баъди пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ душманони асосии ин созмон Амрико ва Исроил эълон шудаанд.

 

2. «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон». Дар асоси гурӯҳи исломии «Тавба» дар ибтидои солҳои 90-асри XX ташкил шудааст, ки ба рӯйхати «сиёҳи» ИМА дохил шудааст. Раҳбараш Тоҳир Юлдош, ки ҷангандаҳои ӯ дар даврони толибон дар марказҳои таълимии онҳо дар Афғонистон машқ мекарданд.  Имрӯз ҳам бо ҷонибдоронаш дар марзҳои Покистон ва Афғонистон қарор дорад. Мақсади асосиаш сарнагун намудани давлати феълии Ӯзбекистон мебошад.

 

3. «Ихвону-л-муслимин» («Бародарони мусулмон»). Кӯҳнатари созмони бунёдгарост, ки соли 1928 дар Миср аз тарафи муаллими мактаб Хасан-ал Банно (соли 1948 кушта шуд) асос гузошта шудааст. Ҳадафи ниҳоии фаъолияти созмонашро ӯ исломӣ намудани ҷомеа ва ташкили давлати исломӣ эълон намуда буд. Ҳасан ал - Бано ақида дошт, ки пирӯзии ислом дар доираи «як мамлакати алоҳида» (Миср) метавонад бо роҳи осоишта: бо роҳи таблиғи арзишҳои исломӣ, тарбияи исломии насли ҷавон ва ғайра таъмин шавад. Дар аввали солҳои 50-ум андешапардози ин созмон Сайид-ал Қутб гардид, ки дар натиҷаи бардошт аз ҷанги Арабу Исроил (1948-1949) ва баъди сафараш ба Амрико, ба қавли ӯ «кишвари бехудоёни ба гуноҳ ғарқшуда», дигар ба пирӯзии сулҳомези ғояҳои исломӣ бовар надошт ва эълон кард, ки «бародарон» бояд бар зидди ин «ҷомеаи ваҳшӣ» ҷиҳод кунанд.

 

4. «Лашкари Тайба» («Лашкари пок»). Ин созмон яке аз ҷиноҳҳои низомии созмони «Марказу-д-Даъва-вал-иршод» аст, ки аввали солҳои 80-уми асри XX аз тарафи се нафар устодони донишгоҳи муҳандисӣ- технологии шаҳри Лаҳори Покистон: Зафар Иқбол, Ҳофиз Муҳаммад Саид ва Абдуллоҳ Аъзам ташкил шудаааст. Қароргоҳи он дар шаҳри Муридк, дар фосилаи 30 км аз Лаҳор ҷойгир аст. Лашкари Тайба бештар ба тарбияи муҷоҳиддин барои фиристодан ба ҷанг дар иёлатҳои Ҷамму ва Кашмир машғул аст.

 

5. Ҷунбиши «Толибон». Соли 1994 расман ба фаъолият оғоз намудааст. Аъзои аслии он дар аввал, толибони мадориси динии Покистон буданд, аммо баъдҳо афғонҳои муқими Афғонистон ва баъзе пайравони аҳзоби исломии ин кишвар, аъзои ва фаъолини Ҳизби демократии халқи Афғонистон баъд аз суқути низоми ҷонибдори Маскав ба «Толибон» шомил гардиданд. Толибон соли 1996 пойтахти Афғонистонро ишғол намуда, Аморати исломии Афғонистонро бунёд гузоштанд, аммо танҳо аз тарафи 3 давлат-Покистон, Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ эътироф шуда буд. Дар замони ҳукумати толибон, дар минтақаи нуфузи онҳо садҳо нафар аз аъзои созмонҳои ифротӣ ва террористии ҷаҳон, аз ҷумла аъзои созмони «Ал-Қоида» бо роҳбарии Усома бини Лодан ҷамъ шуда, дар марказҳои таълимии ин кишвар машқ мекарданд.

 

Мақсади асосии ҷунбиши «Толибон» ташкили «давлати ноби исломӣ» буд. Дар минтақаҳои зери назораташон тартиботи сахтро ҷорӣ намуданд, занонро аз ҳуқуқи таҳсил ва кор берун аз хона манъ намуданд. Аммо ба қавли бисёр коршиносон исломи толибонӣ як омехтаи ислом бо расму анъаноти қабилавии паштунҳо буд. Соли 2001 ҳукумати толибон бо ёрии Амрико ва ҳампаймононаш дар эътилофи зидди террористӣ сарнагун гардид. Ҳоло аз нав фаъолияташро дар дохили Афғонистон шиддат бахшида, бар зидди нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон ва нерӯҳои низомии Амрико ва НАТО дар ин кишвар муборизаро идома медиҳад. Раҳбари ҷунбиши «Толибон» аз рӯзи ташкилаш Мулло Умар мебошад.

 

6. «Созмони озодибахши Туркистони шарқӣ». Соли 1996 дар Туркия ташкил шудааст. Мақсадаш ташкил намудани давлати мустақили уйғурҳо, асосан дар Синзяни Хитой мебошад. Азбаски умеди бо роҳи осоишта ба ин мақсад расиданро надорад мехоҳад бо роҳи муборизаи мусаллаҳона ва амалҳои террористӣ ба ин ҳадаф наздик шавад.

 

7. «Ҷамъияти таблиғ». Соли 1927 дар маҳаллаи Мевати назди Деҳлӣ аз тарафи рӯҳонии баландмартабаи мактаби Девбанд мавлоно Муҳаммад Илёси Кондеҳлавӣ (1885–1944) асос гузошта шудааст. Дар ибтидо мақсади ташкили чунин созмон ба ислом даъват намудани аҳолии Меват буд, ки дар ибтидои асри XX фаъолона ба индуизм ҷалб карда мешуданд. Ӯ бо роҳи таблиғи густурдаи ғояҳои динӣ бо шеваи фаъол намудани шуури мусулмонӣ дар миёни оммаи мардум пардохт. Ҷонибдорони ӯ ба ҷамъиятҳои 10 нафарӣ муттаҳид шуда, баъд аз гирифтани таълими оддӣ барои таблиғи арзишҳои исломӣ ба назди мардум мерафтанд. Онҳо ба ислом фавқулода садоқат доштанд. Ин шеваи кор самараи хуб дод ва то соли 1944 ин ҷамъият фаъолияташро дар тамоми Ҳиндустон паҳн намуд. Зоҳиран ин ҷамъият ғайри сиёсӣ мебошад бо сиёсат кор надорад мақсадаш таблиғи ислом аст.

 

Вале ҳукуматдорони бисёр кишварҳо гумон мебаранд, ки дар баъзе аз кишварҳо аъзои ин созмон гӯё даст ба амалҳои террористӣ мезананд, бо созмонҳои террористӣ алоқа дошта, барои онҳо кадр пешниҳод мекунанд. Барои ин фаъолияти созмон дар ин мамлакатҳо манъ карда шудааст. То солҳои 60-70 ин ҷамъият ба созмони байналмилалӣ табдил ёфт, ки дар аксарияти давлатҳои Аврупо, Амрико, Африқою Осиё фаъолият дорад. Дар Тоҷикистон ҳам ин созмон амал мекунад ва аз рӯи маълумотҳои ғайрирасмӣ соли 2009 беш аз 300 нафар аъзои он дастгир гардиданд. Аксари дастгиршудагон ба наздикӣ озод шуданд ба истиснои чанд нафар, ки ба мӯҳлатҳои гуногун ба зиндон равон гардиданд.

 

8. «Тоҷикистони озод». Ин ташкилот аз тарафи мухолифони давлати Тоҷикистон берун аз кишвар ташкил ёфтааст. Яке аз асосгузорони он Яраш Қурбонов аст, ки ҳоло бо гуноҳи сохтани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ дар яке аз маҳбасҳои Ӯзбекистон қарор дорад. Яраш Қурбонов шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ӯзбектабор аст. Ба гуфтаи худи ӯ ин ҳизб барои ҳифзи манфиати узбекони Тоҷикистон ташкил шудааст. Прокурори генералии Тоҷикистон дар асоси омӯзиши барномаи ин ҳизб онро террористӣ эълон кардааст. Ин ташкилот бо қарори Суди Олии ҶТ 30 майи соли 2006 террористӣ эълон шудааст.

 

9. «Гурӯҳи исломӣ»(«Ҷамоати исломии Покистон»). Кӯҳнатарин ҳизби Покистон аст, ки ҳанӯз 26 августи соли 1941 дар Лаҳор аз тарафи Сайид Абдул Али Мавдудӣ (1903-1977) ташкил ёфта буд. Сайид Абдул Али Мавдудӣ аслан рӯзноманигор буд. 25 сентябри соли 1903 дар Аврангободи музофоти Ҳайдарободи Ҳиндустон таваллуд шудааст. Аҷдодони ӯ аз насли орифи машҳур Хоҷақутбиддин Мавдудии Чиштӣ (маҳаллае дар наздикии Ҳирот) мебошанд. Ниёкони ӯ дар асри XV ба Ҳиндустон ҳиҷрат кардаанд.Дар ибтидои солҳои 20-уми асри гузашта фаъолиятҳои сиёсии Мавдудӣ шакли ҷиддитар гирифт. Ӯ аз иттиҳомоти ҳиндиҳо, ки мегуфтанд ислом ба зӯри шамшер густариш ёфтааст, нороҳат шуда, ба мутолиаи васеи масоили иҷтиҳод пардохт. Моҳи 25 августи соли 1941 ӯ ҳизби «Ҷамоати исломии Покистон»-ро ташкил кард, ки аъзои он аз нухбагони динии Покистон иборат буданд.

 

Нақши ҳизби ӯ дар ташкили давлати исломии Покистон ва махсусан қабули Қонуни асосии он давлат, ки муҳтавои исломӣ пайдо кард, бузург будааст. Мавдудӣ сиёсати худ ва ҳизбашро «Худо - мардумсолорӣ» (Тео-демократӣ) меномид, ки дар он ҳама уммати мусулмон қонуни Худоро дар ҷаҳорчубе, ки тавассути шариат фароҳам гашта аст тафсир мекунанд. Ҳизб таъсири бештар дар иёлатҳои Панҷоб, Синд ва Иёлати Шимолу Ғарби Покистон дорад. Сохтори он аз аъзои комилҳуқуқ (дастҳо»), ҳамфикрон («муттафиқин»), («ҳамдард») ва касоне, ки зари таъсири ҳизб қарор доранд («мутассир»), иборат аст. Нуфузи ҳизб дар артиши Покистон хеле зиёд аст. «Ҷомоати исломӣ» таблиғоти худро аз рӯи чаҳор асл ба роҳ мондааст: ислом- дини давлатӣ; Кашмир ҷузъи ҷудонашавандаи Покистон; урду- забони миллӣ; артиши пурқувват- кафили тамомияти арзӣ ва тараққиёти Покистон. Ҳоло раҳбари ҳизб Қозӣ Ҳусайн Аҳмад мебошад.

 

10. «Созмони таблиғот». Дар бораи ин созмон маълумоти дақиқ дар даст нест. Эҳтимол меравад, ки монанди Ҷамоати таблиғ ба таблиғи ислом машғул аст.

 

11. «Ҳизб-ут-Таҳрир». Номи пуррааш «Ҳизб-ут-Таҳрир-ал Исломӣ» («Ҳизби озодии исломӣ») мебошад ва таърихи ташкили он ба ҷудоӣ дар сафҳои ҳизби «Бародарони мусулмон» алоқаманд аст. Дар натиҷаи шиддат гирифтани ихтилофот дар дохили ин ҳизб дар охири солҳои 40- ибтидои солҳои 50-уми асри XX он ба якчанд ҳизбу созмонҳо ҷудо гардид. Аз ҷумла қозии Маҳкамаи шаръии Байтулмуқаддас Тақиюддини Набҳонӣ (1909-1977) соли 1952 аз сафи ихвониён баромада, «Ҳизб-ут-Таҳрир»-ро ташкил намуд. Мақсади «Ҳизб-ут-Таҳрир» ташкили Хилофати исломӣ ва ҷорӣ намудани қонунҳои исломӣ дар тамоми дунё мебошад, то Халифаи исломӣ «низомҳои куфрро нобуд карда, ба ҷои онҳо аҳкоми исломро татбиқ ва иҷро намояд».

 

«Ҳизб-ут-Таҳрир» тамоми оламро ба ду қисм-дорулислом ва дорулкуфр (ё дорулҳарб) тақсим мекунад, яъне ҷойҳое, ки дар онҳо ислом ҳукмрон аст ва ҷойҳое, ки дар он кофирон ҳукмронанд. Ба ақидаи таҳририён давлатҳое, ки дорулкуфр ҳастанд бояд ба дорулислом табдил дода шаванд. Аммо, аҷибаш ин аст, ки онҳо ҳатто тамоми низомҳои мавҷудаи исломии кишварҳои арабиро низ дорулкуфр медонанд. Таҳририён даъвои қонунӣ намудани фаъолияти худро надорад, зеро аслан давлатҳоро эътироф намекунад, махсусан давлатҳои демократиро. Демократия дар ақидаи «Ҳизб-ут-Таҳрир» низоми куфр аст, зеро ҳокимиятро аз ҳалқ медонад. Дар ҳоле, ки ҳокимият танҳо ҳокимияти Худованд аст.

 

Пайдоиши «Ҳизб-ут-Таҳрир»-ро дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Ӯзбекистон бо номи як нафар шаҳрванди урдунӣ бо номи Салоҳуддин, ки соли 1995 ба Тошканд омад, пайванд мекунанд. Ин шахс бо ёрии ду нафар ӯзбек – Х.М. Носиров ва Н.А. Сайдаминов аввалин ҳастаи махфии ин ҳизбро дар Тошканд ташкил карда, баъдтар дар Андиҷон, Самарқанд ва дигар шаҳрҳои Ӯзбекистон ҳастаҳои ҳизб созмон дода шудаанд. Назари дигаре ҳам мавҷуд аст, ки гӯё бори аввал таълимоти ин ҳизбро Усома ном донишҷӯи урдунӣ, ки дар яке аз донишгоҳҳои Тошканд таҳсил мекард, ба Ӯзбекистон овардааст.

 

Аввалин китобча ва варақаҳои махфии «Ҳизб-ут-Таҳрир» дар солҳои 1995-1996 паҳн гардиданд, вале ҳукуматдорон ба ин варақаҳо чандон таваҷҷӯҳе накарданд. Таъқиботи таҳририён вақте оғоз шуд, ки ташкилотҳои ин ҳизб аввал Ӯзбекистон, баъд Қирғизистону Тоҷикистонро фаро гирифтанд. То замони оғози таъқиботи густурдаи аъзои ин ҳизб (1999) дар Ӯзбекистон дар ҳудуди 10 ҳазор нафарро ташкил мекарданд. «Ҳизб - ут-Таҳрир» дар таблиғоти худ бештар ба эътирози иҷтимоӣ таваҷҷӯҳ мекунад, яъне ин ё он амали худро на бо муқаррароти динӣ, балки омилҳои иҷтимоӣ, сиёсати ғайриодилонаи ҳокимияти мавҷуда асоснок менамоянд.

 

Ҳастаҳои махфии «Ҳизб-ут-Таҳрир» охирҳои солҳои 90 асри XX аввал дар вилояти Суғд пайдо шуданд, баъдтар дар ноҳияҳои атрофи Душанбе ва Кӯлоб низ пайравони ин ҳизб ба фаъолият пардохтанд. Мақомоти ҳифзи ҳукуқи Тоҷикистон садҳо нафарро барои узвият ва фаъолият дар ин ҳизб ба маҳкама кашидаанд. Баъд аз вафоти Тақиуддини Набҳонӣ (1977) раиси ҳизб Абдулқадими Залум таъин гардид. Аз соли 2003 баъд аз вафоти ӯ Шайх Ато Абурушта роҳбарии ҳизбро ба ӯҳда дорад.

 

12. «Салафия» . Ҷараёни «Салафия»(аслгароӣ) унвони умумии афрод ва ё фирқаҳои мусулмонон таҷаддудхоҳ, махсусан дар Миср ва Ҳиндустон аст, ки ба пайравӣ аз «Салафи солиҳ» (пешиниёни некӯкор), ба қавли худашон, мусулмононро аз он чи хурофот ва бидъати мутаахир мехонанд барҳазар мекунанд. Аҳли салаф бинобар иҷмоъи уламои ислом насли се қарни аввали таърихи ислом аст. Пайдоиши «Салафия» таърихи қадим дорад ва дар ибтидои асри X ба вуҷуд омадаст, ки пайравони Ибни Ҳанбалро муттаҳид мекард. Дар охири асри XIII – ибтидои асри XIV дар асоси осори олими суриягӣ Ибни Таймия аз нав эҳё гардид. Замони зиндагии Ибни Таймия замони рушди идеяҳо ва ҳар гуна гурӯҳҳои сӯфия шинохта мешавад, ки бо парастиши ҷойҳои муқаддас алоқаманд буданд. Ибни Таймия ду шарт барои яккахудоӣ ва парастиш ҷудо мекунад:

 

1) эътирофи офаридагории Аллоҳ инсонро аз бисёрхудоӣ наҷот намедиҳад, агар ӯ дар парастиш касеро ва ё чизеро бо Ӯ ҳамроҳ кунад. Зеро мушрикини Макка Офаридагорро дар забон эътироф мекарданд, вале ҳамзамон қисме аз ситоиши худро ба бутҳо мебахшиданд.

 

2) парастиши Аллоҳ бояд танҳо ба тавре амалӣ гардад, ки дар шариат аз забони Паёмбар бо назардошти итоат ва шукргӯӣ нишон дода шудааст.

 

(идома дорад)

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4491-muboriza-bar-ziddi-terrorizm.html

 

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 23.02.2011 20:33
Биёед бародарон аз паи дунёи гарб наравем.Охир мо точикем.Точике, ке давои таърихи бой фарзандони баруманд мекунем.Чаро мо бояд имруз паи Амрико равем ин хисобхоеки шумо навиштед хисоби амрикоихост.Чар о Усома ибни Лоданро терористи №1 донем.Солхои 1979-1989 бо кумаки америкоихо ва давлатхои гарб хамин шахсият чи кадар точикону дигар миллатхои собик шуравиро ба халокат расонданд.Як бор ба хотири шумо нарасид ва тероримти №1 нагуфтед.Имруз, ки амрико эълон кард шумо хам такрор кардан мегиред.Хайфи он,ки шумо нуктаи назари худро надоре
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854