16:19:21 30-уми Майи 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Май 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

КАЙ АЗ НОМГУЗОРИИ БЕМАВҚЕЪУ НОМҲОИ БЕМАЪНӢ ДАСТ МЕКАШЕМ?

Дар ноҳияи Вахш: ҷамоъати деҳоти Рӯдакӣ, деҳаи Рӯдакӣ,..                    

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шаҳраки Ғафуров, кӯчаи Гастелло..,

Дар ноҳияи Рӯдакӣ: ҷамоъати Россия, деҳаи Деҳқонобод…

Барои мисол, ноҳияи собиқ ба номи «Колхозобод», ки дар соли 2007, номашро бо исми Ҷалолуддини Румӣ иваз кард, дар  қуруни вусто бо номи Ҳаловард (Halovard)  ёд мешуд. Ин ном баргирифта аз номи шаҳри аслӣ ва маркази собиқ вилояти Вахш ва дар замони Сомониён яке аз ду шаҳри калони Вахшонзамин будааст. Бар илова, усули номгузорӣ бо корбурди «ба номи», то замони забт кардани русҳо, дар байни тоҷикон ва дигар мардуми Осиёи Миёна, роиҷ набуд.

То ин дам, дар кишварҳои ҳамсоя ба мисли Афғонистону Покистону Эрон ва.. он кишварҳое, ки қадами русҳо ба он ҷо нарасидаасту фарҳанги «Болшевик»-ҳо таъсир накардааст, мисли тоҷикистониён, бо корбурди «ба номи» усули қадимаи номгузории манотиқи ҷуғрофии худро ҳифз кардаанд. Дар он сӯи Омӯ агар фарде маҳаллеро обод кунад ва ё сабабгори обод гардидани як маҳал шавад, номи шахсро бо пасванди «обод», «ия» ва ё «шаҳр», яъне агар Фарҳоди Наврӯз як маҳаллро обод кунад, номи  вай шахс ва он маҳаллро бо корбурди «Фарҳодобод», «Фарҳодия» ва «Фарҳодшаҳр», сабт мекунанд. Мисле, ки дар мо низ Фахробод, Зафаробод... ҳаст. Дар Ҳиндустон низ шаҳрҳои Ҳайдаробод, Аллоҳобод, Акбаробод (Агра)...

Ин дар ҳолест, ки корбурди як ном дар як кишвар шояд даҳҳо маротиба сурат мегирад, гӯиё, ки забони порсӣ-тоҷикӣ ин қадар фақиру нодору нотавон аст, ки аз сохтани номҳо оҷиз монда ва забони тоҷикӣ дар раванди номгузорӣ нозо шудааст.  Чун як ном, барои мисол, корбурди вожаи «Рӯдакӣ», яъне «ноҳияи Рудакӣ», «ҷамоъати деҳоти Рӯдакӣ», «деҳаи Рӯдакӣ», ва «кӯчаи Рӯдакӣ» қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишварамон даҳҳо маротиба ба кор гирифта шудааст. Дар ҳоле, ки зодгоҳи устод бо номи Рӯдак ё Панҷрӯдак ҳанӯз побарҷост ва устоди бузург ба ин хоркунии номи худ аз ҷониби мо ҳеч эҳтиёҷе надоранд.

Дар боби 5-и  моддаи 19-и Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатӣ» дар бораи номгузории маҳалҳо омадааст:

1. Номгузорӣ, иваз намудани номи вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо, деҳаҳо, инчунин кӯчаҳо, хиёбонҳо, майдонҳо, боғҳои фарҳангӣ ва маҳалҳои дигари аҳолинишин тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ сурат мегирад.

2. Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарорсозӣ ва ҳифзи номҳои таърихиро дар ҳудуди ҷумҳурӣ  таъмин менамояд.

Аз ин рӯ вақти он расидааст, ки Кумитаи забон ва истилоҳот ва ниҳодҳои масъули ҳар маҳал барои иваз намудани номҳои бегонаи маҳаллоти кишвар иқдом кунанд ва онҳоро ба беҳтарин вожаҳо иваз кунанд. Номи шоирону шахсиятҳоро ба кӯчаву хиёбонҳо, донишгоҳу донишкадаҳову мактабҳо мондан ҷоизу муносиб аст, аммо наметавон номи деҳаву ноҳияву шаҳрро ба номи шоиру адибу... монд. Ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ (румӣ – дар лаҳҷаи афғонҳо помидорро мегӯянд)... равону салис нест. Лоақал кӯтоҳакак ноҳияи Балхӣ мегуфтанд, беҳтар буд. Кофурниҳон номи дарёву маҳал дар Тоҷикистон аст. Чӣ қадр номи зебост, ҳеч лозим нест, ки чунин номи зебои қадимаро ба Ваҳдат табдил созем. Ҳоло он қадар «ваҳдат»-у «истиқлолият»-у гуфтаем, ки оруқи ҳама аз ин калимаҳо турш шудааст. Шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Ваҳдат, ноҳияи Ваҳдат...

Бо шакар гуфтан даҳон ширин намешавад ва ваҳдатро дар амал бояд сохту нигоҳ дошт, на бо гузоштани исм дар сари ҳар сангу дарахту либосу...

Илова бар ин, раванди дигарсозии номҳо, ки дар ибтидо бо кӯшиши Президент дуруст ба роҳ монда шуда буд, аз ҷониби мансабдорони алоҳида дар манотиқи гуногуни кишвар сӯъиистифода шуд. Дар ин бора дигарҳо гуфтаанду ба хотири ислоҳи кор такрор мекунем. Дар водии Рашт мактабе ба номи нахустин ё яке аз нахустин поягузорони журналистикаи тоҷик Алӣ Хуш буд. Онро раисе ба номи бародари худ табдили ном кард ва Алӣ Хуш аз хотираҳо рафт. Дар ноҳияи Айнӣ, раиси асбақи он Бобоева, мактаби деҳаеро аз номи Ҷомӣ ба номи хусураш табдили ном кард. Дар ҳамин ноҳия Қурбон Восеъ мактаби ба номи Бедилро ба номи бародари марҳумаш табдили ном кард, дар яке аз ноҳияҳои ҷануб мактаби ба номи Шоҳинро ба номи як мансабдори дигар ва ҳамин тавр касе дар қиссаи ин корҳо нест.

Аз инҳо бадтар номгузории фарзандон аст. Аз филми ҳазрати Юсуф (а) садҳо кас фарзандони худро ба номҳои яҳудии «Бинёмин» ва ғайра гузоштанд. Ҳоло даҳҳо тифл аз филми «Ҳомиён» бо номҳои туркии «Йигит»-у амсоли инҳо ба воя мерасанд...

Шояд акнун замоне расида ки аз номҳои туркӣ, яҳудӣ ва тоҷикии бемаънӣ даст кашем. Охир хаскашу хоркашу сангаку тешаву бурибойу эшбой турдиқулу... инҳо чӣ маъниву чи лаззате доранд?! Темур марди хунхоре буд, чаро бояд тифлаки бечораро ба номи ӯ номгузорӣ кунем ё Искандару Чингизу...

Ном бояд хушоҳанг, пурмаъно ва лоиқи тифлу хонаводаи ӯ, мувофиқ ба насабу номи падар гузошта шавад.

Хуб, дигар мекунем ё...

Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 28.09.2011 00:28
Огои Амруллох, ташаккур барои навиштаи мантики ва хеле арзишмандатон. Мо хабарнигорон пайваста ин мавзуъро бояд ба дарки чомеъа бирасонем. Вале худамон дар навишти мавзуъ ва пешниходи он набояд ба галат рох бидихем. Навиштаатон солим ва корсоз аст. Зинда бошед.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi