11:24:30 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

БОЗДОШТИ ЗАНЕ БА ЗАННИ ҚОЧОҚИ "ЯК РАҚСАНДА БА АФҒОНИСТОН"

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як зан ба гумони даст доштан дар қочоқи инсон хабар додааст. Бар асоси иттилоъи дафтари матбӯъотии ин вазорат, ин зани 38-сола ба қочоки як духтари ҷавон ба Афғонистон бо ҳадафи суиистифодаи ҷинсӣ муттаҳам шудааст.

/images/stories/2012/04/11_humantraffic-1112.jpgСухангӯйи вазорат рӯзи чаҳоршанбеи 11 апрел ба Би-би-сӣ гуфт, ки Мавҷуда Азимова, сокини шаҳри Душанбе, барои қочоқи як зани ҷавон дар соли 2010 ба Афғонистон боздошт шудааст. Масъулони пулис мегӯянд, ки ин зан бо роҳи фиреб ба як бонуи рақсанда ваъдаи баргузории барномаҳои ҳунарӣ дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистонро, кардааст.

Сипас, дар авоили моҳи июли соли 2010 ин духтарро аз тариқи гузаргоҳи "Панҷи поён" дар ҷануби Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол додааст. Пулис мегӯяд, ки дар шаҳри Кобул хонуми Азимова ин духтари 25-соларо водор ба танфурӯшӣ карда ва аз ин кор беш аз 1200 дулор ба даст овардааст. Кормандони пулис дар ҷараёни амалиёте вижа Мавҷуда Азимоваро боздошт кардаанд.

Дар робита бо ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва маъмурон машғули таҳқиқ дар бораи эҳтимоли даст доштани хонуми Азимова дар мавориди дигари қочоқи инсон ҳастанд. Дар гузашта низ пулис аз боздошти иддае аз афроди муттаҳам ба қочоқи инсон, ки ба кишварҳои арабӣ духтаронро аз Тоҷикистон бо роҳи фиреб интиқол медоданд, хабар дода буданд.

Вале ин аз мавориди нодир аст, ки пулис занеро ба иттиҳоми қочоқи як духтари ҷавон ба Афғонистон бо ваъдаи баргузории кунсерт боздошт мекунад. Ҳарчанд гузоришҳо ҳокист, ки бархе аз духтарон дар манотиқи марзии Тоҷикистон ва Афғонистон қурбонии додуситади қочоқчиёни маводди мухаддир шуда ва ба Афғонистон интиқол меёбанд, вале манобеъи пулис ин хабарҳоро таъйид накардаанд.

Омори расмӣ дар мавриди шумори духтарони тоҷике, ки ба кишварҳои хориҷӣ қочоқ ва дар он ҷо водор ба танфурӯшӣ шудаанд, дар даст нест, вале бисёре аз ҳуқуқдонҳо бар ин назаранд, ки мушаххас кардани макон ва теъдоди чунин духтарон дар кишварҳои хориҷӣ бо мулоҳизоти сиррӣ нигаҳ доштани фаъъолиятҳои ғайриқонунии онҳо душвор аст.

Аз сӯйи дигар, мақомот барои ҷилавгирӣ аз қочоқи духтарон ба бархе аз кишварҳои хориҷӣ, муқаррароти вижаеро вазъ кардаанд, ки бар асоси он, духтарони ҷавон танҳо ҳамроҳ бо афроди хонавода метавонанд ба кишварҳои арабӣ сафар кунанд. Аммо коршиносон мегӯянд, баъид ба назар мерасад, ки ин иқдоми давлат аз қочоқи духтарони ҷавон ба кишварҳои хориҷӣ ҷилавгирӣ кунад.

Гуфта мешавад, ки бархе аз қочоқчиёни инсон барои бурдани занон ва духтарон ба хориҷ аз масирҳои ҳавоии кишварҳои дигари минтақа, аз ҷумла Қирғизистон ва Русия, истифода мекунанд. Дар ҳамин ҳол, дар авоили моҳи март порлумони Тоҷикистон як созишномаи ҳамкорӣ бо ниҳодҳои интизомии Иттиҳодияи Кишварҳои Ҳамсудро барои мубориза бо қочоқи инсон ба тасвиб расонд.

Масъулони вазорати умури дохилии кишвар мегӯянд, ки аксари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия, Қазоқистон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Покистон ва Афғонистон қочоқ мешаванд. Тибқи иттилоъи ин вазорат, дар соли 2011 беш аз 100 мавриди қочоқи инсон дар Тоҷикистон сабт шуда ва шуморе аз муттаҳамони ин ҷурм боздошт шудаанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi