05:27:17 02-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2022 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

5 хонаводаи тоҷикро аз як рустои Тотористон берун мекунанд

Сокинони рустои Курманаево дар марзи Ҷумҳурии Тотористон бо вилояти Самараи Русия аз ин русто рондани 5 хонаводаи тоҷиконро талаб кардаанд.

gharibon-08052013Бино ба гузориши сомонаҳои маҳаллӣ, сокинони деҳа рӯзи 4 май дар як ҳамоиш ҳамсояҳои тоҷики худро ба он айбдор кардаанд, ки «дар колхоз кор намекунанд», «андоз намесупоранд», «зиндагии бою чандзанӣ доранд ва кӯдаки зиёд таваллуд мекунанд», «дар инҷо мехоҳанд як лонаи ваҳҳобия бисозанд» ва амсоли ин.

Аммо сомонаи intertat.ru менависад, ки мақомоти маҳаллӣ нисбат ба решаҳои ин низоъ назари дигар доранд ва бештар сокинони бумиро муқассир медонанд.

Фарида Вафина – раиси ҷамоати Бурметев ба  intertat.ru гуфтааст, аз 796 сокини Курманаево танҳо 14 нафараш муҳоҷиронанд, ки ба сурати муваққат сабтином шудаанд. Хонум Вафина гуфтааст, моҷаро вақте бархост, ки омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ дар мактаби русто як хонандаи тоҷики синфи серо ҳангоми бозии хоккей зад ва модари ӯ – Гулноз- масъулини мактабро ба бархӯрди номуносиб нисбат ба фарзанди худ айбдор карда, ҳамроҳи шавҳараш Аҳмад ба додситонӣ шикоят ҳам навишт.

Ба гуфтаи раҳбари ҷамоат, омӯзгорони мактаб ба навбаи худ аҳолии маҳаллиро алайҳи муҳоҷирон шӯронданд ва дар натиҷа кор ба талабҳои болобаланде, чун “Чунин ҳамсояҳоро намехоҳем!” ё “Бигзор аз инҷо бираванд!” кашидааст.

Фарида Вафина мегӯяд, воқеъияти ҳоли муҳоҷирони тоҷик аз ончӣ ки дар ҳамоиши сокинон садо дод, фарқ мекунад. Ӯ мегӯяд, “ҳеҷ кадом аз мардони тоҷик дар хона намешинад, ҳамааш кор мекунанд. Гӯё маводи мухаддир фурӯхтани онҳо ҳам сафсатта аст. “Ӯ афзуд, "хонаводаи Аҳмад дар воқеъ диндор аст, шароб наменӯшанд ва фарзандони худро сахтгирона тарбия мекунанд, вале то қазияи ахир муносибати мардуми бумӣ бо онҳо  хуб буд.”

Ин 5 хонаводаи тоҷик дар мулоқоти аҳли русто бо раиси ноҳияи Нурлат Наил Шарапов, ки ба дунболи моҷарои охир дори шуд, гуфтаанд, ки азбаски аҳли деҳ будани онҳоро намехоҳанд, онҳо кӯчи худро алакай ғундоштаанд ва аз ин ҷо ба маркази ноҳия хоҳанд кӯчид. Фарида Вафина ба сомонаи  intertat.ru гуфтааст, ки тоҷикҳо дар ин бора хеле ором ва бидуни кадом озурдагӣ сӯҳбат карданд ва ҳатто ба мардуми маҳаллӣ барои онки як замон ба онҳо сарпаноҳ доданд, ташаккур ҳам гуфтанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi