01:24:47 02-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

“ИНТЕРЛЕГПРОМ -2009” ДАР ДУШАНБЕ

 

 Чаҳорумин намоишгоҳ - фурӯшгоҳи байналмилалии тавлидоти саноъеи сабук мавсум ба "Интерлегпром - 2009" дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон оғоз ба кор кард. Намоишгоҳ рӯзи панҷшанбе, 11 июн ба ибтикори давлати Тоҷикистон ва ба муносибати ҷашни ҳирфаии кормандони саноеъи сабук дар кишвар, дар толори "Кохи Борбад" -и шаҳри Душанбе сурат гирифтааст.

Ҳасаналӣ Карамалиев, муъовини раиси Утоқи бозаргонӣ ва саноеъи Тоҷикистон дар гуфтугу ба Би-би-сӣ ҳадафи аслии баргузории намоишгоҳи "Интерлегпром -2009"-ро, муъаррифии тавлидоти саноъеи сабук ва коркарди корхонаҷоти санъатии ин кишвар ва ҷалби бештари шарикони иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар бозори минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ кард. Зеро дар ин намоишгоҳ - фурушгоҳ, муддати панҷ рӯзи оянда тавлидоти беш аз 30 ширкат ва корхонаи тавлидоти саноеъи сабуки Тоҷикистон ва Эрон ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта шудааст. 


Ҷалби сармоягузорон ва шарикони тиҷоратӣ


Гулчеҳра Сангинова, масъули Идораи саноъеи сабуки Вазорати энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон низ мегӯяд, бо ин ки адами таҷҳизот ва фановарии мудерн ва сармояи лозим, барои фаъолияти бештари корхонаҷоти санъатӣ дар кишвар монеъ мешавад, тавлидот дар ин арса дар муддати панҷ моҳи нахусти соли ҷорӣ дар муқоиса ба давраи мушобеҳи соли гузашта афзоиш ёфтааст.

Хонум Сангинова, теъдоди ин гуна корхонаҷоти мутаъаллиқ ба Вазорати энержӣ ва саноъеи Тоҷикистонро 60 адад хонд ва гуфт, "мутаасифона на ҳамаи ин корхонаҷот ба таври бояду шояд фаъол ҳастанд."

Бо таваҷҷуҳ ба мушкилоти мавҷуди молӣ ва фаннӣ, хонум Сангинова, ибрози умедворӣ кард, ки намоишгоҳи "Интерлегпром", дар ҷиҳати дарёфти шарикони боэътимоди тиҷоратӣ ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба бо ширкатҳои хориҷӣ, ба хусус ширкатҳои эронӣ кумак хоҳад кард.

Тавлидоти ширкатҳои эронӣ


Ин дар ҳолест, ки дар намоишгоҳи "Интерлегпром - 2009" тавлидоти дасти кам 17 ширкати Эронӣ низ ба маърази тамошо гузошта шудааст, ки умдатан шомили тавлидоти маводди ғазоӣ, назири макаронӣ, нӯшобаҳои мухталиф ва консервҳо, ҳамчунин фаршу ҷӯроб ва пироҳану шалвор ва ғайра мебошад.

Ба гуфтаи Муҳаммади Умронӣ, намояндаи Утоқи бозаргонӣ ва саноъеи устони Хуросони Эрон, ширкатҳои эронӣ қасд доранд, то аз тариқи ҳузур дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ дар қаламрави Тоҷикистон вориди бозори ин минтақа шаванд, аммо ҳамзамон дар тавсеъаи бештари бахши иқтисод ва саноъеи ин кишвар низ саҳим мешаванд.

Бахтиёр Наҷмиддинов, як тан аз иқтисоддони тоҷик низ бар ин назар аст, ки маводд ва колои ширкатҳои хориҷӣ, ба хусус ширкатҳои эронӣ дар бозори Тоҷикистон харидори фаровоне дорад. 

Зеро ба гуфтаи оқои Наҷмиддинов, дар канори он ки кайфияти тавлидоти ширкатҳои саноеъи Эрон болост, ҳамзамон қиммати он дар муқоиса бо тавлидоти корхонаҷоти Тоҷикистон хеле арзон аст.

Вай гуфт: "Боздид аз намоишгоҳи "Интерлегпром - 2009" ин амрро собит кард, зеро тавлидоти чанд корхонаи санъатии тоҷик, аз ҷумла корхонаи ҷуроббофии " Нафиса" ва ширкати "Гулистон", ки ба маърази тамошо гузошта шуда буд аз таваҷҷӯҳи камтари мардум бархурдор шуд."


Мушкилоти вуруди колоҳои намоишгоҳ аз тариқи Узбакистон


Бо ин ҳама, бархе аз тамошочиёни намоишгоҳ бар ин назаранд, ки маводду колое, ки ба намоиш гузошта шудааст, такрори намоишгоҳҳои қаблист.

Хонум Фирӯза гуфт:"Ман ҳамеша аз намоишгоҳҳое, ки дар Душанбе баргузор мешавад, дидан мекунам. Аммо дар бештари маворид тавлидоте ба намоиш гузошта мешаванд, ки дар намоишгоҳҳои қаблӣ низ ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта шудаанд. Афзун бар ин қиммати маводди ба намоиш гузошта шуда низ аз қиммати он дар бозорҳо тафовути зиёде надорад."

Ҳамчунин ба ҳангоми боздиди намоишгоҳ бархе аз ғурфаҳои намоишии ширкатҳои эронӣ бо миқдори андаке аз маводд ба чашм мерасид ва умдатан дар ин ғурфаҳо брошур ва огаҳиҳои тавлидоти ширкатҳо ба маърази тамошо гузошта шудааст.

Муҳаммади Умронӣ, намояндаи Утоқи бозаргонӣ ва санъатии устони Хуросони Эрон ин нуктаро таъид кард ва гуфт: "Мутаасифона муддати шаш рӯз аст, ки бештари маводд ва колоҳои ширкатҳои эронии ширкаткунанда дар намоишгоҳи "Интерлегпром- 2009" дар марзи Узбакистон тавақуф карда ва то ҳол дастандаркорон натавонистаанд, колоҳои мавриди ниёзро вориди Душанбе кунанд."

Вай гуфт, мо талош хоҳем кард, дар рӯзҳои баъдӣ маводд ва колоҳои ширкатҳои эронӣ вориди намоишгоҳ шаванд ва сокинон битавонанд аз он баҳравар гарданд.

Зимнан, тибқи иттилоъи масъулони Утоқи бозаргонӣ ва санъоъеи Тоҷикистон устони Хуросони Эрон аз шарикони аслии бозаргонӣ дар баргузории намоишгоҳи "Интерлегпром - 2009" маҳсуб мешавад.

Дар ҳамин ҳол , қарор аст, дар пойизи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, намоишгоҳи ихтисосии ширкатҳои бозаргонии Эрон баргузор шавад. 

BBC 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi