06:00:20 04-уми Июни 2025 сол

БОЗОРҲОИ ДУШАНБЕ: ОРД ГАРОНТАР ВА КАМЁФТ ШУДААСТ

Дар бозорҳои шаҳри Душанбе орди тавлиди Қазоқистон, ки муштарии зиёде дорад, камёфт шудааст. Ҳамчунин, ба далели коҳиши иҷбории қимати гӯшт бештари дуконҳои гӯштфурӯшӣ фаъолият намекунанд. Коршиносон мегӯянд, ки талошҳои давлати Тоҷикистон барои коҳиши баҳои маводди ғизоӣ дар бозорҳо аз роҳҳои идорӣ чандон муассир набудааст.

 

Бозори орд: арзон, вале камёфт

 

Рӯзи ҷумъаи 13 август дар Шоҳмансур, ки аз бузургтарин бозорҳои шаҳри Душанбе маҳсуб мешавад, бештари дуконҳои ордфурӯшӣ баста буданд. Дар маъдуде аз дуконҳои боз чанд муштарӣ сабаби фурӯхта нашудани орди тавлиди Қазоқистон ва “Шаҳринав”-и Тоҷикистонро суол мекарданд. Фарҳод Ибодов, фурӯшанда, дар посух ба суоли онҳо иброз дошт, ки арзиши як халта орди навъи якуми Қазоқистон дар анбори маводди ғизоӣ 105 сомонӣ буда ва тоҷирон наметавонанд аз он ҷо ордро бо ин гуна қимат харида ва бо нархи 90 сомонӣ дар бозор ба фурӯш расонанд.

 

Аз ин лиҳоз, дар дуконҳои ордфурӯшӣ орди арзони “Кофарниҳон” ба муштариён пешниҳод шудааст, аммо бозори ин навъи орд чандон гарм нест. Мирсаид Миршарифов, як харидори орд, гуфт, ки то ҳол хонаводаи ӯ аз орди “Кофарниҳон” истифода накарда ва маълум нест, ки ин навъи орд барои пухтани нон ва анвоъи ғизои хамирӣ созгор аст ё хайр.

 

Ба гуфтаи оқои Миршарифов, хонаводаи ӯ аз панҷ нафар иборат буда ва ҳар моҳ беш аз 1 халта орд масраф мекунад. Умдатан ин хонавода аз орди тавлиди Қазоқистон ё орди “Шаҳринав”-и Тоҷикистон истифода мекардаанд. Муштариён мегӯянд, ки камбуди ин гуна навъҳои орд дар бозори дохилӣ мумкин аст ба афзоиши бештари қимати онҳо мунҷар шавад. Ҳоло баҳои 1 халта орди навъи якуми тавлиди Қазоқистон дар фурӯши озод аз 115 то 120 сомонӣ будааст.

 

Дар ҳамин ҳол, дар бозорҳои шаҳри Душанбе дуконҳои фурӯши орди Ожонси захоири моддии давлатии Тоҷикистон низ фаъолият мекунанд, ки ордро бо қимати собити 90 сомонӣ барои як халта ба фурӯш мерасонанд. Ба гуфтаи Раъно Эмомалиева, фурӯшандаи як дукон, орди тавлиди Қазоқистон бо арзиши 105 сомонӣ барои як халта ба дукон ворид шуда ва дар сурати фурӯши арзонтари он давлати Тоҷикистон ҷуброни коҳиш дар баҳои онро мепардозад.

 

Аммо ҳамзамон, хонуми Эмомалиева таъкид кард, ки фурӯши орд дар дуконҳои Ожонси захоири моддии давлатӣ барои муштариён маҳдуд буда ва ҳар хонавода метавонад танҳо як халта орд харидорӣ кунад.

 

"Қимати орд ба таври маснӮъӢ баланд шудааст"

Ба эътиқоди масъулони Вазорати иқтисоду тиҷорати Тоҷикистон, тоҷирони тоҷик бо истифода аз болоравии баҳои ғалла дар бозори ҷаҳонӣ қимати ғалла ва ордро дар ин кишвар ба таври маснӯъӣ афзоиш додаанд. Ҳамзамон, ин вазорат мегӯяд, ки афзоиши баҳои маводди сӯхтӣ ва боло рафтани арзиши тронзити колоҳо аз тариқи Ӯзбакистон метавонад дар афзоиши қимати ғалла ва орд асар гузорад. Зеро бахши аслии ғалла ва орд ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ворид мешавад.

 

Бино ба иттилоъи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар назар аст дар соли ҷорӣ дар ин кишвар беш аз 960 ҳазор тун ғалла тавлид шавад. Ин дар ҳолест, ки барои бароварда сохтани ниёзҳои сокинони Тоҷикистон ҳамасола ҳудуди 1,5 милюн тун ғалла лозим аст. Дар ҳамин ҳол, аз Идораи зиддиинҳисории давлати Тоҷикистон хабар расид, ки гурӯҳи вижаи коршиносони ин ниҳод дар бозорҳои кишвар вазъият ва сабабҳои болоравии қимати маводди ғизоӣ, бахусус, ғаллаю ордро, баррасӣ мекунад.

 

Рустам Мирзошоев, як тан аз масъулони бахши иттилоъоти ин идора, ба Би-би-сӣ гуфт, ки бар асоси натоиҷи ин таҳқиқ, сабабҳои аслии болоравии баҳои маводди ғизоӣ мушаххас хоҳад шуд. Зимнан, тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 144 ҳазор тун орд ворид шудааст, ки ин рақам дар муқоиса бо воридоти давраи мушобеҳ дар соли гузашта 40 ҳазор тун камтар аст.

 

Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносони масоили иқтисодӣ гарон шудани қимати ғалла ва орд дар Тоҷикистонро коҳиш ёфтани мизони воридот аз ҷониби ширкатҳои хусусӣ арзёбӣ кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, ба далели муҳосираи иқтисодӣ аз сӯйи Ӯзбакистон ва мушкили ҷиддии ҳамлу нақл аз тариқи ин кишвар бархе аз ширкатҳои хусусӣ аз тиҷорати ғалла ва орд худдорӣ мекунанд.

 

Афзоиши баҳои соири маводди ғизоӢ

Бо вуҷуди талошҳои давлати Тоҷикистон ва шаҳрдории Душанбе ба коҳиши баҳои маводди ғизоӣ дар моҳи Рамазон, қимати маводди ғизоӣ дар бозорҳои ин кишвар дар ҳоли афзоиш арзёбӣ мешавад. Масалан, дар дуконҳои фурӯши гӯшт қимати як килуграм гӯшти гов 18 сомонӣ ва гӯшти гӯсфанд 19 сомонӣ навишта шудааст. Аммо бо ин қимат пайдо кардани гӯшт душвор аст.

 

Аз сӯҳбат бо чанд тан аз харидорони гӯшт дар бозои Шоҳмансури шаҳри Душанбе рӯшан шуд, ки қассобҳо бо ин қимат гӯшти гови пир ё лоғарро пешниҳод мекунанд. Гӯшти лаҳм ё фарбеҳ тақрибан дар дуконҳо ба чашм намерасад.

 

Наим Исмоилов, як тан аз қассобҳои бозори Шоҳмансур, мегӯяд, ки дар соли ҷорӣ қимати маводди хӯрокӣ барои гов, бахусус, кунҷола ё ярмаи пунбадона, боло рафта ва ин амр дар чигунагии арзиши гӯшт асар гузоштааст. Оқои Исмоилов гуфт, ки қассобҳо наметавонанд гӯшти фарбеҳро бо қимати 18 сомонӣ, ки шаҳрдорӣ муқаррар кардааст, ба фурӯш расонда ва дар натиҷа варшикаста шаванд.

 

Зимнан, шаҳрдории Душанбе дар остонаи моҳи Рамазон барои пойин бурдани арзиши маводди ғизоӣ бо тоҷирон ва соҳибкорон тавофуқ карда буд. Тибқи ин тавофуқ, қарор буд тоҷирон қимати маводди ғизоиро дар бозорҳои шаҳр то 20 дар сад пойин баранд ва шаҳрдорӣ ба навбаи худ ин афродро аз пардохти ҳаққи тиҷорат муъоф карда ва бозрасии ниҳодҳои молиётиро мамнӯъ кунад.

 

Ҳамчунин, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба вузаро ва раисони шаҳру навоҳии ин кишвар дастур додааст, ки дар рӯзҳои шанбе ва якшанбеи моҳи Рамазон дар Душанбе ва шаҳрҳои дигар “ярмарка” ё фурӯши маҳсулоти ғизоиро роҳандозӣ карда ва аз ин тариқ ба коҳиши баҳои маводди ғизоӣ дар бозорҳо мусоъидат кунанд.

 

Аммо коршиносон мӯътақиданд, ки ин тадобири давлати Тоҷикистон наметавонад ба таври дарозмуддат аз афзоиши баҳои маводди ғизоӣ, бахусус, ғалла ва орд, ҷилавгирӣ кунад. Дар пайи баёнияи давлати Русия мабнӣ бар мутаваққиф шудани судури ғалла ба хориҷ аз он кишвар арзиши ғалла дар бозори ҷаҳонӣ то 12 дар сад афзоиш ёфтааст.

 

Мардони Муҳаммад, Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/2890-2010-08-14-06-24-58.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854