АНДОЗАИ МИЁНАИ МУЗДИ МЕҲНАТ 20,8 ФОИЗ ЗИЁД ШУД
Бино ба гуфти вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов, дар натиҷаи татбиқи стратегия ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҶТ сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ тамоюли устувори пастшавиро касб намуда, охири соли 2009 сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ то 46 фоиз коҳиш ёфт.

Дар натиҷаи як қатор тадбирҳои андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ тамоюли афзоиши устувори андозаи музди миёнаи меҳнати кормандон таъмин шуда, ба ҳолати 1–уми августи соли ҷорӣ аз 285 сомонӣ (дар соли 2009) ба 345 сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20, 8 фоиз зиёд аст. Аз ҷумла, музди миёнаи меҳнати кормандон дар вилояи Суғд аз 203 ба 249 сомонӣ, дар вилояти Хатлон аз 196 ба-226, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 294 ба -341, дар ВМКБ аз 242 ба -319 ва дар шаҳри Душанбе аз 530 ба 671 сомонӣ расонида шудааст.
М. Маҳмадаминов вобаста ба беҳ шудани вазъи нафақа ва зиёд шудани шумораи нафақагирон дар конфронси матбуотӣ изҳор намуд, ки ба ҳолати 1–уми июли соли 2010 дар ҷумҳурӣ теъдоди умумии нафақагирон 526 ҳазору 381 нафарро ташкил дод, ки маблағи умумии якмоҳаи нафақапулиҳо 52 млн. 814 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар 3 соли охир теъдоди нафақагирон 35 ҳазору 604 нафар зиёд гардидааст, ки талаботи якмоҳаи нафақапулӣ 52 млн. 814 ҳазор сомониро дар бар мегирад.
Лаззат Диловарзод, АМИТ «Ховар»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/3380--208-.html