НАМОИШГОҲИ МИЛЛИИ ҶИЭ БА КОРИ ХУД АНҶОМ ДОД
Имрӯз 17-уми ноябр Намоишгоҳи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Кохи Борбади пойтахти Тоҷикистон ба кори худ анҷом дод. Тӯли панҷ рӯзи фаъолияташ ин Намоишгоҳро даҳҳо ҳазор сокинони Тоҷикистон ва меҳмонони пойтахт дидан карданд. Тамошобинони Намоишгоҳ имкон доштанд, ки аз маҳсулоти ба намоишгузошта инчунин харидорӣ намоянд.
Хабарнигори «Рӯзгор» аз мудири иҷроияи Намоишгоҳи миллии Эрон дар Тоҷикистон ҷаноби оқои Зореӣ хоҳиш кард, ки дар бораи натоиҷи кори Намоишгоҳ чанд сухан гӯяд: «Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим. Дар тӯли панҷ рӯзи гузашта 78 ширкати тавлидотии Эрон дар ин ҷо маҳсулоти хешро, ки иборат аз маҳсулоти қаннодӣ, маводи ғизоӣ, масолеҳи сохтмонӣ, лӯлаҳои плостикӣ, дастгоҳҳои полоиши об, мебел, ашёи барқӣ, маҳсулоти фарҳангӣ, қолинҳои эронӣ ва ғайра буданд, ба маърази тамошо гузошта инчунин ба фурӯш бароварданд. Мардуми Тоҷикистон аз ин намоишгоҳ хеле хуб истиқбол намуданд.
Мо низ натиҷаи кори Намоишгоҳ қаноатманд ҳастем. Хидмати шумо бояд арз кунам, ки аз ҷумлаи наздик ба 80 ширкате, ки маҳсулоти худро ба Тоҷикистон оварданд, беш аз 10 ширкат дар ҳамин Тоҷикистон намояндагии худро доранд ва дар ҳамин ҷо як қисмати маҳсулоти хешро истеҳсол мекунанд. Барои мисол метавон ном аз ширкати «Марями Мухторпур», ширкати «Фахри Эрон» ширкати «Ҳумоюнгоз», «Кайҳон сан», «Беҳдодшимӣ» ва ғайра ном гирифт, ки ин ҷо намоянда доранд. Намояндагии ин ширкатҳо асосан ба тавлиди маводи ғизоӣ ва лавозими ҷомашӯйӣ машғул ҳастанд. Маҳсулоти ин ширкатҳо дар ин намоишгоҳ хуб ба фурӯш рафтанд».
Мудири намояндагии ширкати «Марям Мухторпур» дар Тоҷикистон ҷаноби оқои Изаттуллоҳи Мухторпур дар бораи фаъолияти ширкаташ дар Тоҷикистон ба хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» чунин ибрози назар намуд: «Ҳудуди 12 сол мешавад, ки ширкати мо дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Фаъолияти худро ширкати мо дар Тоҷикистон аз ворид кардани маҳсулоти мухталиф шурӯъ кард. Инак чаҳор сол мешавад, ки худамон ба тавлиди маҳсулот оғоз кардем. Ва асосан маҳсулоти кишоварзӣ ва қаннодӣ истеҳсол мекунем.
Аниқтараш мо ҳам маҳсулоти қаннодӣ тавлид мекунем ва ҳам бо корҳои кишоварзӣ, хосатан бо парвариши гандуми тухмӣ машғул ҳастем. Корхонаи тавлиди маҳсулоти қаннодии мо агарчӣ на он қадар бузург аст, вале дар он ҳудуди 25-30 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ва 4-5 нафар мутахассиси эронӣ фаъолият мекунанд. Мо феълан дар як шабонарӯз то ду тонн маҳсулоти қаннодӣ истеҳсол мекунем. Вале тавони онро дорем, ки дар як шабонарӯз то панҷ тонн маҳсулот истеҳсол кунем. Мутаассифона, камбуди маводи сӯхт ба мо имконият намедиҳад, ки мизони тавлиди маҳсулотро боло бубарем. Чаҳор сол қабл мо вақте шурӯъ кардем ба тавлиди маҳсулот як кило гозро се сомонӣ мехаридем. Феълан қиммати гоз беш аз ду маротиба боло рафтааст.
Мо маҷбур мешавем, ки бо боло рафтани нархи маводи сӯхт мизони тавлидамонро кам бикунем. Дар рафъи ин мушкилот мо умед ба ҳимояти ҳукумати Тоҷикистонро дорем. Дар сурати чунин дастгирӣ мо имконияти боло бурдани мизони тавлидро дарёфт хоҳем кард. Ин маънои онро дорад, ки боз чанд нафар шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷойи кори маошаш хуб таъмин хоҳанд шуд ва кайфияти маҳсулот беҳтар хоҳад шуд».
Бояд гуфт, ки дар тӯли соли равон ин саввумин Намоишгоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ки дар Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар 20 соли даврони соҳибистиқлолӣ бошад ин бори даҳум аст, ки маҳсулоти ширкатҳои тавлидотии Эрон дар пойтахти Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешавад. Дастандаркорони ин Намоишгоҳ бо дарназардошти талаботи мардуми Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо ҳукумати кишвар ният доранд, ки солҳои оянда чунин намоишгоҳҳо дар марказҳои вилоятҳои ҷумҳурӣ низ барпо намоянд.
«Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/3601-2010-11-17-18-43-56.html