ИФТИТОҲИ ЯК МАРКАЗИ ТИҶОРАТИИ ЭРОН ДАР ДУШАНБЕ
Дар Душанбе як маркази тиҷоратии Эрон бо номи “Ширкати Суруши Байналмилалӣ” оғоз ба фаъолият кардааст. Ба гуфтаи масъулон, ин марказ ба танзими тиҷорат ва имзои созишномаҳои тиҷорӣ миёни ширкатҳои тоҷикистонӣ ва эронӣ машғул хоҳад буд. Ин дар ҳолест, ки бар асоси иттилоъи манобеъи расмӣ, дар шаш моҳи солӣ ҷорӣ мизони табодули коло миёни Тоҷикистон ва Эрон дар муқоиса бо даврони мушобеҳи соли гузашта 60 дар сад афзоиш ёфтааст.
Фасод монеъи тиҷорат
Муҳаммад Умронӣ, масъули баргузории намоишгоҳи миллии Эрон дар Тоҷикистон, мегӯяд, ки дар ҷараёни намоишгоҳи ахир дар Душанбе 15 ширкати эронӣ барои таъсиси корхонаҳои муштарак дар ин кишвар иқдом кардаанд. Оқои Умронӣ афзуд: "Беш аз панҷоҳ ширкат дар Тоҷикистон намояндагиҳои худро боз карданд. Ҳамчунин миёни ширкатҳои Тоҷикистон ва Эрон мубоҳисот дар мавриди таъсиси корхонаҳои тавлиди ботерии утумубил ва дастгоҳҳои нонпазӣ ва тавлиди панҷараҳои олуминиюм низ тавофуқоте ҳосил шуд."
Бархе аз иқтисоддонҳо дар Тоҷикистон яке аз мавонеъи аслӣ дар заминаи рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди ин кишварро вуҷуди мавориди зиёди фасод ва бурокросӣ ё коғазпаронӣ дар миёни мақомоти давлатӣ медонанд. Пас суоли матраҳ ин аст, ки оё ин авомил наметавонад барои тоҷирони эронӣ ва тоҷик дар таъсиси корхонаҳо ва ширкатҳои муштарак халал расонад?
Оқои Умронӣ дар ин бора мегӯяд: "Албатта, аз миён бурдани ин мушкилот метавонад барои рушди тиҷорат ва соҳибкорию таъсиси корхонаҳои муштарак кумаки зиёде кунад. Вале ман ба тоҷирону масъулони ширкатҳои эронӣ машварат медиҳам, ки тамоми мадорикро аз тариқи расмӣ ва усулӣ омода кунанд ва аз додани ришва ба касе худдорӣ кунанд."
Яке дигар аз нукоти мавриди нигаронии тоҷирон дар Тоҷикистон ироаи гузоришҳои ҳармоҳа дар мавриди даромадҳои молӣ ба бархе аз ниҳодҳои давлатӣ аз сӯйи масъулони ин ширкатҳо будааст. Ба гуфтаи тоҷирон ва соҳибони ширкатҳои хусусӣ, ироаи ҳармоҳаи гузоришҳои молӣ бештари вақти фаъолияти онҳоро мегирад. Онҳо мегӯянд, ки ҳар моҳ масъулон ба ҷойи фаъолияти аслии худ замони зиёдеро дар ниҳодҳои давлатӣ дар додани гузоришҳо аз даромадҳои молии худ сарф мекунанд.
Мушкили роҳҳои иртиботӢ
Манучеҳри Султонӣ, муъовини тиҷорати хориҷии устони Хуросони Эрон, мегӯяд, ки маркази ҷадид метавонад дар заминаи бозорёбӣ миёни Тоҷикистону Эрон нақши созандаеро ифо кунад. Оқои Султонӣ афзуд: "Мо умедвор ҳастем, ки ин марказ битавонад ба самти як маркази тиҷории бузургтаре фаъол шавад ва тамоми паҳлуҳои Эронро дар заминаи содироти коло ва хадамоти фаннӣ, муҳандисӣ ва сармоягузорӣ ба намоиш гузорад ва давлат ҳам аз эҷоди чунин марокизе ҳимоят мекунад. Мо интизор дорем, ки бо фаъолияти ин марказ ҳаҷми мизони табодули коло низ миёни ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон бамаротиб афзоиш ёбад."
Манобеъи расмӣ аз афзоиши қобили мулоҳизаи мизони мубодилот байни Эрону Тоҷикистон дар ним соли гузашта гузориш додаанд. Аммо ба гуфтаи Манучеҳри Султонӣ, дар сурати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани роҳҳои заминӣ аз тариқи Афғонистон ба Эрон, табодули коло миёни ду кишвар рушди назаррасе хоҳад кард. Ба гуфтаи вай, мушкилоте дар заминаҳои ҳамлу нақл, аз ҷумла аз тариқи роҳи қатор баъд аз итмоми тронзити панба аз Осиёи Миёна ба Бандар-Аббоси Эрон эҷод мешавад.
Ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон
Вафо Ниятбеков, коршиноси маҳаллӣ, бо ин суханони оқои Султонӣ дар мавриди роҳи қатор аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва сипас ба Эрон мувофиқ аст. Ва вай мегӯяд, ки ҳар ду кишвар бояд барои сареъан сохтани ин роҳ иқдом кунанд. Ба гуфтаи оқои Ниятбеков, ҳарчанд тафовути системҳои давлатдорӣ дар Эрону Тоҷикистон аз рушди ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар монеъ намешавад, аммо вай афзуд: "Тоҷикистон барои Эрон кишвари муҳимме дар минтақаи Осиёи Миёна аст. Ва аз тариқи ин кишвар Эрон метавонад бо кишварҳои дигари минтақа ҳамкориҳо ва равобити тиҷории худро инкишоф диҳад."
Аммо дар миёни мақомоти Тоҷикистон афроди зиёде ба густариши равобити сиёӣ ва иҷтимоъӣ бо Эрон алоқаманд нестанд.Бо ин ҳол, Нуралии Давлат, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, ки дар чанд соли ахир равобити Тоҷикистон бо Эрон тавсеъа ёфтааст. Вай афзуд: "Эрон аввалин кишваре буд, ки дар замони буҳрони нерӯи барқ ба Тоҷикистон дасти кумак дароз кард. Ва ҳамчунин мушкили тронзити коло миёни Ӯзбакистон ва Тоҷикистонро низ маҳз он кишвар осон кард."
Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи вай, Тоҷикистон низ барои Эрон дар ҳалли бархе аз мушкилот метавонад кумак кунад. Мақомоти тоҷик дар гузашта эълом кардаанд, ки аз барномаи энержии ҳастаии сулҳомези Эрон, ки бо чолишҳои ҷиддие дар сатҳи ҷаҳон рӯбарӯст, ҳимоят мекунанд. Таҳлилгарон мегӯянд, ки забон ва фарҳанги муштараки тоҷикону эрониҳо василаи муҳимме барои густариши равобити тиҷории ду кишвар дар оянда маҳсуб мешавад.
Тунели "Истиқлол", ки марказ ва шимоли Тоҷикистонро ба ҳам муттасил мекунад, ва нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" аз муҳиммтарин тарҳҳое маҳсуб мешаванд, ки бо сармояи Эрон дар Тоҷикистон анҷом мешаванд. Мақомоти тоҷику эронӣ як моҳ пеш дар ҳаштумин ҷаласаи кумисиюни муштараки иқтисодии ду кишвар тавофуқ кардаанд, ки дар оянда як корхонаи семент бо зарфияти 2 милюн тун дар сол ва бо сармояи 300 милюн дулор аз ҷониби Эрон дар Тоҷикистон бунёд кунанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/3617-2010-11-19-15-13-42.html