16:06:31 06-уми Июни 2025 сол

ҚИММАТИ АНГИШТСАНГИ НАЗАРАЙЛОҚ ЧАРО ГАРОН АСТ?

Ҳар сол бо фаро расидани фасли сармо сокинони ноҳияҳои минтақаи Рашт аз баланд шудани нархи ангиштсанг дар ин минтақа дар ташвиш мешаванд. Имсол ҳам истисно нашуд. Чаро чунин аст? Охир яке аз конҳои машҳури ангиштсанги ҷумҳурӣ- Назарайлоқ дар ҳамин минтақа ҷойгир шудааст?Хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» дар водии Рашт Далер Сафаров кӯшидааст ба ин масъала як каме рӯшанӣ андозад.

 

nazar-ayloqАгар соли гузашта 1 тонна ангишти кони Назарайлок 400-800 сомонӣ арзиш дошт пас имсол нархи он то ба 600-1100 сомонӣ расидааст. Дар баробари ангишти Назарайлоқ ҳамасола ба ноҳияҳои минтақаи Рашт ангиштсанги конҳои Кантеи ноҳияи Айнӣ, Зиддии ноҳияи Варзоб, Миёнадуи ноҳияи Тавилдара ва Сармуғули вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон ворид мешавад, ки арзиши онҳо ба маротиб камтар буда нархи 1 тоннааш 400-550 сомонӣ мебошад. Дар сӯҳбат бо  мо сокинони минтақа бобати мавзӯи зикршуда фикрҳои мухталиф иброз  карданд.

 

«Мо тобистон хокаи кумури Назарайлоқро бо нархи 500-600 сомонӣ харидорӣ мекунем ва онро бо хоки сафед ё саргини гову мол омехта об ҳамроҳ намуда, гуволак (тӯпча) тайёр мекунем. Ин ҳам арзонаст ҳам дар печкаҳо аз шаб то саҳар як ранг мӯътадил месӯзад. Кумури Назарайлоқ кумури хуб аст вале нархи навъи аълои он то ба 1100 сомонӣ расидааст, ки ин бениҳоят қиммат аст ва мо имсол кумури Айнӣ гирифтем, ки 1 тоннаи он 400 сомонӣ мебошад» - мегӯяд апаи Ҳамеша, сокини ноҳияи Рашт.

 

Мустақим, сокини ноҳияи Ҷиргатол чунин мегӯяд:  «Ба ноҳияи мо аслан кумури Саримуғули Қирғизистонро меоранд, ки нархаш мувофиқ (450 – 550 сомонӣ)  аст ва мо барои замистонгузаронӣ ҳамин кумурро захира мекунем. Кумури Назарайлоқ ба Ҷиргатол кам ворид мешавад. Ин кумурро бештар ба заводи алюминӣ мекашонанд барои ҳамин ҳам нархаш боло рафта истодааст».

 

«Аз Ҳоит (ҷамоати деҳоти Ҳоити н. Рашт, ки кони ангишти Назарайлоқ дар ҳудуди он воқеъ аст) то Тоҷикобод хуб бошад 20-25 км роҳ аст. Аз кони Назарайлоқ то Ҳоит 16 км.  Ҷамъ 30-40 км  мешавад. Вале кумури Айнӣ, ки аз дурии 400 - 450 км ба ноҳияи мо меояд, якуним баробар аз кумури маҳали худамон арзонтар аст. Ҳарчанд кумури Назарайлоқ гармидиҳии хуб дорад ва қариб, ки бепартов мебошаду хокистар надорад, арзиши 800 - 1000 сомонӣ нархи гарон аст барои мардум. Хуб мешуд, ки нархи кумури Назарайлоқ реалӣ мебуду дастраси ҳама мардум мешуд» – иброз намуд сокини ноҳияи Тоҷикобод Ҷамшед.

 

«Душворӣ кашидани ронандагони мошинҳои боркаш дар роҳи 16 километраи кони ангишт, ки аз гуфти худи онҳо ағбаи пур аз хатар аст, мӯҳлати ниҳоят кӯтоҳи мавсими кор дар ин кон, ки  ҳамагӣ як - якуним моҳро ташкил медиҳад ва истеҳсоли нокифояи он, на он сабабест, ки арзиши ангишти Назарайлоқро қиммат мекунад, балки аз даст ба даст гузаштан ва бо таври сунъӣ баланд бардоштани арзиши аслии ӯ, худсарона нарх гузоштани ронандагону тоҷирон ба ин мавод сабабгори баландии нархи он мебошад», – мегӯяд акаи Миҳроҷ аз Ҷиргатол.

 

Шояд ҳамин бошад, ки ҳини дар бораи ангиштсанги Назарайлоқ сухан гуфтан мардуми маҳал мақоли халқии  «Об дар кӯзаву мо ташналабон мегардем»-ро  хеле зиёд истеъмол мекунанд.

 

Далер САФАРОВ, махсус барои сомонаи «Рӯзгор» аз минтақаи Рашт    

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3791-2010-12-07-05-01-05.html

Шарҳҳо   

 
+1 #1 Guest 07.12.2010 23:42
Масъулини соха ва нохия ба кучо нигох мекунанд, ки нархи ангиштсанг дар чои истехсолаш чунин баланд мешавад? Ба фикри ман кабл аз хама тартибу низоми кориро бояд дуруст кард
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854