15:42:05 06-уми Июни 2025 сол

ҲАФРИ ЧОҲИ ГОЗИ “САРИҚАМИШ” ОҒОЗ ШУД

Дар чоҳи гозиСариқамиш”, воқеъ дар 36-килуметрии ҷануби ғарби шаҳри Душанбе, корҳои ҳафриётӣ шурӯъ шуд. Алексей Миллер, раиси ширкатиГазпром”-и Русия, рӯзи сешанбеи 7 декабр пас аз дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хабарнигорон гуфт, ки захираи гоз дар ин чоҳ ҳудуди 60 милёрд метри мукаъъаб буда ва дар сурати баҳрабардорӣ аз ин чоҳ сокинони Тоҷикистон дар муддати 50 сол ба гози худӣ дастрасӣ хоҳанд дошт.

                        

millerБа гуфтаи оқои Миллер, захоири гоз дар чоҳиСариқамишдар умқи 6300 метр воқеъ буда ва чунин умқи чоҳи гоз дар миёни кишварҳои мустақилли муштаракулманофеъ беназир будааст. Аммо дар кишварҳои поёноби минтақа, назири Ӯзбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон, захоири гози табиъӣ дар жарфнои 3 то 4 ҳазор метр воқеъ аст, ки ин амр корҳои ҳафриётиро осон мекунад.

 

Аз сӯйи дигар, ба далели кӯҳистонӣ будани Тоҷикистон қабатҳои замин сахту сангдор буда ва аз ин лиҳоз, ширкатиГазпромдар садад аст барои ҳафри ин гуна чоҳҳо аз таҷҳизоти мудерн истифода кунад, ки дар Русия ва кишварҳои узви ИКМ назир надоштааст. Оқои Миллер ибрози умедворӣ кард, ки дар ояндаи наздик истихроҷи гоз дар ин чоҳ шурӯъ шуда ва Тоҷикистон дар ростои дастёбӣ ба амнияти энержӣ гомҳои ҷиддие хоҳад бардошт.

 

Раиси ширкатиГазпром”-и Русия гуфт, ки ин ширкат барои корҳои иктишофӣ дар чоҳиСариқамишдаҳҳо милюн дулор масраф карда ва барои ҳафри он ҳазинаи зарурӣ ихтисос додааст. ШиркатиГазпром”-и Русия дар се майдони дигариСаргазондар ноҳияи Данғара, “Рангондар ноҳияи Рӯдакӣ ваШоҳамбарии Ғарбӣдар ноҳияи Ҳисор корҳои иктишофиро анҷом дода ва пас аз натиҷагирӣ аз захоири гоз дар ин чоҳҳо корҳои ҳафриётӣ оғоз хоҳад шуд.

 

Зимнан, дар канори ширкати "Газпром" ширкати конодоии "Tethys Petroleum" низ дар ду маъдани гоз дар ҳумаи шаҳри Душанбе ва дар вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон, ба иктишоф ва истихроҷи гози табиъӣ машғул аст. Масъулони ин ширкат дар авохири соли 2008 эълом карданд, ки то моҳи январи соли ҷорӣ чоҳи "Комсомол" дар ҳумаи шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта ва ҳамарӯза ба миқдори 150 ҳазор метри мукаъъаб гози табиъӣ ба пойтахти Тоҷикистон интиқол дода хоҳад шуд.

 

Аммо ба гуфтаи масъулони ширкати "Tethys Petroleum", "ба далоили фаннӣ" ин пешгӯйӣ ҳануз амалӣ нашудааст. Бино ба пажӯҳишҳое, ки ин ширкат бо ҳазинаи ҳудуди 17 милюн дулор дар маъданҳои Хоҷа Сартез, Узунаҳор, Пушён ва Пушёни Ҷанубӣ анҷом додааст, захоири гоз дар ин маъодин беш аз яку ним трилюн метри мукаъъаб арзёбӣ мешавад. Дар ҳамин ҳол, бархе аз мақомот ва коршиносони тоҷик ба ҳалли сареъи мушкили камбуди гоз дар Тоҷикистон чандон хушбин нестанд.

 

Эмомуддин Аслов, раиси идораи истихроҷи гози Вазорати энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон, гуфт, ки бештари маъодини гози ин кишвар дар умқи беш аз 6 ҳазор метр воқеъ буда ва барои истихроҷи онҳо ҳазинаи ҳангуфт ва таҷҳизоти мудерну гаронбаҳои ҳафриётӣ лозим аст. Аз ин лиҳоз, оқои Аслов мӯътақид аст, ки дар 3 то 4 соли оянда ҳалли мушкили камбуди гоз дар Тоҷикистон тавассути гози ватанӣ душвор хоҳад буд.

 

Ниёзҳои Тоҷикистон ба гоз ҳамасола ҳудуди 15 милёрд метри мукаъъаб будааст. Ҳоло солиёна дар чоҳҳои "Бештентак"-и ноҳияи Балҷувон, "Қизилтумшуқ"-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ва маъодине кӯчак дар навоҳии Исфараю Конибодом, дар шимоли Тоҷикистон, аз 25 то 30 милюн метри мукаъъаб гоз истихроҷ мешавад. Тоҷикистон маҷбур аст барои бароварда сохтани ниёзҳои худ аз кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон гоз ворид кунад. Ба далели афзоиши баҳои гоз дар бозори ҷаҳонӣ, Тоҷикистон дар соли ҷорӣ аз Ӯзбакистон танҳо ба миқдори 650 милюн метри мукаъъаб гоз харидорӣ кардааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/3793-2010-12-07-18-02-30.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854