ИҚТИСОД ДАР СОЛИ 2010: "РУШДИ АНДАК ВА ТАВАРРУМИ ЗИЁД"
"Сатҳи болои" таваррум
Масъулони Бонки миллии Тоҷикистон аз рушди 2,2-дарсадии иқтисоди кишвар дар муқоиса бо соли гузашта хабар додаанд. Бино ба иттилоъи манобеъи Сандуқи Байналмилалии Пул, тавлидоти нохолиси миллии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ 6 дар сад рушд карда ва ин рақам дар муқоиса бо нишондоди соли гузашта тақрибан ду баробар бештар будааст. Аммо ба гуфтаи Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, мизони таваррум аз рақами пешбинишуда бештар буда ва ҳудуди 9 дар садро ташкил медиҳад.
Аз сӯйи дигар, дуктур Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик, мизони воқеъии таваррум дар Тоҷикистонро болиғ ба 14 дар сад медонад. Ба гуфтаи дуктур Умаров, баррасии афзоиши қимати коло, маводди ғизоӣ ва маводди сӯхтӣ дар Тоҷикистон кофист, то мизони воқеъии таваррум мушаххас гардад. Гуфта мешавад, дар соли ҷорӣ баҳои колоҳои мавриди ниёзи мардум, бахусус, маводди ғизоӣ, аз 10 то 40 дар сад афзоиш ёфтааст. Назари масъулони ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносон дар мавриди далоили ин гуна афзоиш мутавофит аст.
Ба эътиқоди Владимир Собкалов, муъовини раиси ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон", ба муддати тӯлонӣ мутаваққиф шудани вогунҳои бории Тоҷикистон дар ҳудуди Ӯзбакистон ва афзоиши даҳдарсадии тронзити вогунҳо аз қаламрави ин кишвар ба боло рафтани куллияи қимматҳо дар Тоҷикистон мунҷар шудааст. Ба гуфтаи ӯ, то 90 дарсади коло ва мавод дар бозорҳои Тоҷикистон аз хориҷи кишвар, умдатан тавассути роҳи оҳан ва аз тариқи қаламрави Ӯзбакистон ворид мешаванд.
Зимнан, дар соли ҷорӣ дар фурӯшгоҳҳои шаҳри Душанбе қимати панир, ҳасиб, консерв ва бархе аз маводди дигари ғизоии тавлиди Русия, Эрон ва Қазоқистон аз 20 дирам то 1 сомонию 50 дирам афзудааст. Дар ҳамин ҳол, Макото Оҷиро, намояндаи Бонки Осиёии Тавсеъа, изҳор дошт, ки фурӯши саҳоми “Роғун” ба вазъи иқтисодӣ дар Тоҷикистон асароти манфӣ гузоштааст. Ба гуфтаи вай, ҳазфи ҳудуди 200 милюн дулор аз муъомилот, дар арсаи тиҷорат, сохтмон ва бархе аз бахшҳои дигари иқтисоди ин кишвар метавонад таъсироте барҷо гузорад.
Сандуқи Байналмилали Пул ҳушдор дода буд, ки харидории иҷбории саҳоми нерӯгоҳи "Роғун" метавонад ба сатҳи зиндагии мардум ва дар ниҳоят, ба афзоиши мизони фақр дар Тоҷикистон, мунҷар шавад. Шокирҷон Ҳакимов, коршиноси тоҷик, ба навбаи худ коҳиши мизони тавлидот дар корхонаҳои ватанӣ ва вобастагии Тоҷикистон ба коло ва маводди воридотиро аз илали аслии афзоиши қиматҳо дар бозори дохилӣ медонад. Тибқи иттилоъи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, дар даҳ моҳи соли ҷорӣ тиҷорати хориҷии Тоҷикистон болиғ ба 3 милёрд дулор буда, аз ҷумла воридот 2,2 милиёрд дулорро ташкил додааст. Дар ин муддат Тоҷикистон ба маблағи 546 милюн дулор олуминиюм ва 90 милюн дулор панба содир кардааст.
Баъзе хушбиниҳо нисбат ба рушди иқтисод
Ба эътиқоди коршиносон, дар соли ҷорӣ дар заминаи тавлиди нерӯи барқ, гоз ва тавсеъаи манотиқи озоди иқтисодӣ гомҳое бардошта шудааст, ки ҷомеъаи Тоҷикистонро нисбат ба рушди иқтисод то андозае хушбин сохтааст. Дар авохири моҳи гузашта Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ва Маҷиди Номҷӯй, вазири нерӯи Эрон, бо пахши тугма ва ба амал овардани инфиҷор маҷрои рӯдхонаи Вахшро баста ва роҳро барои бунёди садди нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” боз карданд.
Ин нерӯгоҳ бо тавоноии 220 меговот бо сармояи муштараки Эрону Тоҷикистон ва аз ҷониби ширкати “Сангоб”-и Эрон эҳдос мешавад. Бино ба иттидоъи Вазорати энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон, ҳамакнун 90 дар сади корҳои сохтмонӣ дар ин тарҳ анҷом шуда ва дар назар аст то моҳи сентябри соли оянда нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Рӯзи 7 декабри соли ҷорӣ дар чоҳи гози “Сариқамиш”, воқеъ дар 36-килуметрии ҷанубу ғарби Душанбе, корҳои ҳафриётӣ шурӯъ шуд.
Алексей Миллер, раиси ширкати “Газпром”-и Русия, дар ҷараёни дидораш аз Тоҷикистон дар моҳи ҷорӣ гуфт, ки захираи гоз дар ин чоҳ ҳудуди 60 милёрд метри мукаъаб буда ва дар сурати баҳрабардорӣ аз ин чоҳ сокинони Тоҷикистон дар муддати 50 сол ба гози худӣ дастрасӣ хоҳанд дошт. Ба гуфтаи оқои Миллер, захоири гоз дар чоҳи “Сариқамиш” дар умқи 6300 метр воқеъ буда ва ширкати “Газпром” барои ҳафри он аз таҷҳизоти мудерн истифода мекунад. Вай ибрози умедворӣ кард, ки дар ояндаи наздик истихроҷи гоз дар ин чоҳ шурӯъ шуда ва Тоҷикистон дар ростои дастёбӣ ба амнияти энержӣ гомҳои ҷиддие хоҳад бардошт.
Зимнан, ширкати “Газпром”-и Русия дар се майдони дигари “Саргазон”, “Ренган” ва “Шоҳамбарӣ” корҳои иктишофиро анҷом дода ва пас аз натиҷагирӣ аз захоири гоз дар ин чоҳҳо корҳои ҳафриётӣ оғоз хоҳад шуд. Манобеъи расмӣ захойири гоз дар ин чаҳор минтақаро ҳудуди 70-80 милёрд метри мукаъъаб арзёбӣ мекунанд. Ниёзи кулли Тоҷикистон ба ин маводди сӯхтӣ ҳамасола ҳудуди ду милёрд метри мукаъаб будааст. Вале ба далели гаронии қимати гози воридотӣ аз Ӯзбакистон, дар соли ҷорӣ Тоҷикистон тасмим гирифтааст аз ин кишвари ҳамҷавор танҳо ҳудуди 650 милюн метри мукаъъаб гоз харидорӣ кунад.
Зимнан, ба ҷуз аз "Газпром", ширкати конодоии "Тетис-Таджикистан Лимитид" низ ба иктишоф ва истихроҷи гози табиъӣ дар Тоҷикистон машғул аст. Ин ширкат ахиран ду маъдани гоз дар ҳумаи шаҳри Душанбе ва дар вилояти Хатлонро муҷаддадан мавриди баҳрабардорӣ қарор додааст. Ҳамчунин, дар соли ҷорӣ ду минтақаи озоди иқтисодии дигари “Ишкошим” дар 200 ҳектор дар вилояти кӯҳистонии Бадахшон ва “Данғара” дар майдони 242 ҳектор дар вилояти Хатлон таъсис шуд.
Тибқи низомнома, дар ҳудуди ин манотиқ сармоягузорони дохилию хориҷӣ ба истиснои молиёти иҷтимоъӣ ва молиёт аз даромад барои коргарони кироя, аз пардохти куллияи молиёт муъоф ҳастанд. Минтақаи озоди иқтисодӣ дар Ишкошим дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон воқеъ буда ва аз тариқи ҷоддаи утумубилрави Кулма-Қароқурум бо Чин ва тавассути пулҳои иртиботӣ бар фарози рӯди Панҷ ё Омӯ бо Афғонистон муттасил хоҳад шуд. Гуфта мешавад ин гуна шароити ҷуғрофӣ минтақаи озоди “Ишкошим”-ро барои шарикони хориҷӣ ва сармоягузорони дохилию хориҷӣ ҷаззоб хоҳад кард.
Зимнан, дар моҳи майи соли 2008 дар ҳумаи шаҳри Хуҷанд, дар шимол, ва дар Панҷи Поёни вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон, нахустин минтақаҳои озоди иқтисодӣ ташкил шуда буданд. Анвар Яъқубов, раҳбари минтақаи озоди иқтисодии “Хуҷанд”, ба Би-би-сӣ гуфт, то ҳол 50 ширкату муассисот аз кишварҳои Эрон, Қазоқистон, Чин, Молезӣ, Сангопур, Туркия, Русия ва иддае аз мамолики урупоӣ омодагии худро барои сармоягузорӣ дар ин минтақаи озоди иқтисодӣ эълом кардаанд ва дар соли ҷорӣ ба ин минтақа 20 милюн дулор сармояи хориҷӣ ворид шудааст.
Ин дар ҳолест, ки бархе аз тоҷирону соҳибкорони ватанӣ аз мушкилоту мавонеъи маснӯъӣ дар роҳи сабти ном ва фаъолияти корхонаҳои хусусӣ дар манотиқи озоди иқтисодии кишвар шикоят кардаанд. Матлуба Ӯлҷабоева, раиси Анҷумани миллии соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон, дар як ҳамоиш дар моҳи октябр ба унвони мисол аз мавонеъи идорӣ барои сабти номи корхонаҳои хусусӣ ёдовар шуда буд. Ба гуфтаи вай, масалан, як ширкати хусусӣ барои дарёфти муҷаввизи фаъолият дар минтақаи озоди иқтисодӣ асноди худро ба шаҳри Душанбе оварда ва иҷозаи беш аз 10 ниҳоди давлатиро дарёфт кунад.
Аз сӯйи дигар, мушкилоти зербиноӣ, шабакаҳои иртибототӣ ва камбуди барқ аз мавонеъи аслӣ дар роҳи рушди манотиқи озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон будааст. Ҳамчунин, дар ин манотиқ лӯлаҳои обрасонӣ, гози табиъӣ ва хутути барқу телефон насбу бунёд нашудаанд, ки ин амр мумкин аст сармоягузорони хориҷиро барои ширкат дар тарҳҳои манотиқи озоди иқтисодии Тоҷикистон дилсард созад. Дар ниҳоят, таъсиси "равзанаи ягона" барои сабти номи ширкатҳои тиҷоратӣ дар тобистони соли 2009 мӯҷиб шуд, ки дар шохиси "Тиҷорат дар соли 2010"-и Бонки Ҷаҳонӣ мақоми Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ҷаҳон даҳ рада боло равад. Агар соле қабл Тоҷикистон дар радаи 149 қарор дошт, дар гузориши соли 2010 ин кишвар ба мақоми 139 боло рафт ва гузоришгарон аз он ба унвони яке аз кишварҳои ислоҳгари бахши тиҷорат ном бурданд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/4024----2010-q----q.html
- << Қаблӣ
- Баъдӣ