15:55:29 07-уми Июни 2025 сол

ИҚТИСОД ДАР СОЛИ 2010: "РУШДИ АНДАК ВА ТАВАРРУМИ ЗИЁД"

Сахмияи РогунФурӯши саҳоми нерӯгоҳи “Роғун”, оғози кори роҳи пулакӣ, мушкили тронзити колоҳо аз тариқи Ӯзбакистон ва бастани садди нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” аз муҳиммтарин таҳаввулоти иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2010 унвон шудааст. Вале коршиносони умури иқтисодӣ афзоиши мизони таваррум ва болоравии қимати колоҳо ва мавод, бахсусус маводди ғизоӣ, дар бозорҳои дохилии ин кишварро нишонае аз рукуди иқтисодӣ арзёбӣ кардаанд. Ин дар ҳолест, ки Бонки Миллии Тоҷикистон аз рушди 5,6 дарсадии иқтисоди ин кишвар хабар додааст, ки ин рақам дар муқоиса бо нишондодҳои соли гузашта 2,2 дар сад бештар аст.

 

Корзори фурӮши саҳоми "Роғун"

Соле, ки сипарӣ мешавад, бо корзори пурсарусадои ҷалби сармояи мардум ба тарҳи нерӯгоҳи “Роғун” оғоз шуд ва ҳатто интихоботи порлумонӣ, муҳиммтарин рӯйдоди сиёсӣ, дар сояи ин корзор қарор гирифт. Аз замони оғози фурӯши саҳоми "Роғун" дар 6 январи соли ҷорӣ тақрибан куллияи барномаҳои телевизиюн ва родиюҳои давлатӣ ба ин корзор ихтисос дода шуданд ва танҳо пас аз мудохилаи Сандуқи Байналмилалии Пул дар моҳи апрел таблиғу ташвиқи густардаи саҳмияҳо дар расонаҳои расмӣ мутаваққиф шуд.

 

Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон, эълом дошта буд, ки давлат ба миқдори 5 милюн адад аз саҳмияҳои нерӯгоҳи “Роғун”-ро интишор дода ва дар садад аст аз фурӯши онҳо 6 милёрд сомонӣ ё 1,3 милёрд дулор ба даст оварад. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар паёми телевизиюнии худ ба мардуми Тоҷикистон дар шоми 5 январи соли ҷорӣ таъкид дошт, ки агар аз ҷумлаи 1 милюну 300 ҳазор хонаводаи ин кишвар 1 милюн хонавода саҳмияҳоро харидорӣ кунанд, ҳудуди 600 милюн дулор ҷамъоварӣ хоҳад шуд ва ин маблағ барои анҷоми марҳилаи аввали нерӯгоҳи "Роғун" кифоят мекунад.

 

Ҳарчанд раиси ҷумҳурии Тоҷикистон харидории саҳоми нерӯгоҳи “Роғун”-ро як амали ихтиёрӣ ё довталабона талаққӣ кард, аммо ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, дар корзори фурӯши саҳмияҳо мавориди фаровони маҷбур сохтани кормандони сохторҳои давлатӣ, муассисоти омӯзишу беҳдошт ва ҳатто донишҷӯён ба мушоҳида расидааст. Дар пайи музокороти давлати Тоҷикистон бо ҳайъати Бонки Ҷаҳонӣ дар баҳори соли ҷорӣ давлати ин кишвар бо анҷоми бозрасии зистмуҳитӣ ва иҷтимоъии нерӯгоҳи “Роғун” таҳти сарпарастӣ ва бо сармояи Бонки Ҷаҳонӣ мувофиқат кард.

 

Тибқи ин тавофуқ, давлати Тоҷикистон ҳақ надорад то поёни бозрасии фаннӣ, молӣ ва зистмуҳитии тарҳи бунёди нерӯгоҳи “Роғун” корҳои сохтмониро дар ин тарҳ оғоз кунад. Ба ин тартиб, корзори пурсарусадои фурӯши саҳоми нерӯгоҳи “Роғун”, ки тамоми ҷомеъаи Тоҷикистонро фаро гирифта ва боъиси мухолифати шадиди кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон шуда буд, бидуни натиҷае чашмгир поён ёфт.

 

Сарнавишти норӮшани маболиғи “Роғун”

Бино ба иттилоъи Вазорати молияи Тоҷикистон, 820 милюн сомоние, ки дар ҷараёни фурӯши саҳмияҳои “Роғун” ба даст омадааст, дар бонкҳои тиҷоратии ин кишвар нигаҳдорӣ шуда ва аз ин ҳисоб ба саҳомдорон баҳраҳои бонкӣ пардохт хоҳад шуд. Аммо тақрибан қатъ шудани гузоришҳо аз ҷараёни бунёди нерӯгоҳи “Роғун” дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон ва камбуди иттилоъ дар мавриди маболиғи ҷамъоваришуда саҳомдорони ин нерӯгоҳро нигарон сохтааст. Як сокини шаҳри Душанбе, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, ба Би-би-сӣ гуфт, ки ба маблағи 5000 сомонӣ ё 1100 дулори омрикоӣ саҳоми нерӯгоҳи “Роғун”-ро харидорӣ карда ва акнун намедонад, ки сарнавишти ин пулҳо чи хоҳад шуд.

 

Ӯ мегӯяд дар ин замина аз масъулони бахши "Амонатбонк", ки саҳмияҳоро ба фурӯш расондаанд, суол карда ва онҳо дар бораи тақдири пули саҳмияҳо ибрози беиттилоъӣ кардаанд. Ин сокини Душанбе аз таҷрубаи талхи саҳмияҳои нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” ёдоварӣ карда ва гуфт, ки дар соли 1996 ба миқдори 600 дулор саҳмия харидорӣ карда буд, аммо то ҳол аз баҳраи онҳо дараке нест. Зимнан, Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон, дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки давлат роҳҳои пардохти баҳраҳои саҳмияи “Сангтӯда-1”-ро баррасӣ мекунад, ҳарчанд натоиҷи ин баррасӣ эълом нашудааст.

 

Дар ҳамин ҳол, дуктур Ҳоҷимуҳаммад Умаров, коршиноси умури иқтисодӣ, корзори фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи “Роғун”-ро "иқдоме носанҷида ва пур аз иштибоҳи давлати Тоҷикистон" хонд ва гуфт он ба эътибори Тоҷикистон ва сатҳи зиндагии мардуми ин кишвар латмаи ҷиддӣ задааст. Ба эътиқоди дуктур Умаров, мақомоти Тоҷикистон бояд барои ин иқдом расман аз мардуми кишвар узрхоҳӣ карда ва пули саҳмияҳои нерӯгоҳҳои “Роғун” ва “Сангтӯда-1”-ро ба саҳомдорон баргардонанд.

 

"Гоми дигари носанҷида"

Коршиносон роҳандозии роҳи пулакӣ дар масири Душанбе-Хуҷандро аз иштибоҳоти дигари ниҳодҳои давлатии ин кишвар хонда ва мегӯянд ин иқдом бо қавонини Тоҷикистон муғойират дошта ва боъиси эътирозоти густардаи сокинон шудааст. Ба гуфтаи Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби кумунист ва намояндаи порлумон, Қонуни Асосӣ ба атбоъи ин кишвар рафту омади озод дар дохили Тоҷикистонро замонат додааст. Оқои Шабдолов гуфт, дар ҳоле ки дар ин минтақа роҳи олтернотиве вуҷуд надорад, пулакӣ шудани танҳо роҳи иртиботӣ бо шимоли кишвар мухолифи қонунҳои Тоҷикистон ва меъёрҳои байналмилалӣ аст.

 

Бо ин вуҷуд, давлати Тоҷикистон бо ширкати “Innovative Road Solutions” (IRS) қарордоде имзо карда ва аз 31 марти соли ҷорӣ ин ширкат дар бархе аз қитъаҳои роҳи Душанбе-Хуҷанд тарозу ва ё бунгоҳҳои пулчиниро насб ва ба ҷамъоварии маблағ оғоз кард. Дар моҳи апрел сокинони рустои Ҳушёрӣ, воқеъ дар 40-килуметрии роҳи Душанбе-Хуҷанд, ки яке аз нуқтаҳои ҷамъоварии пул дар ин русто қарор дорад, дар эътироз ба пулакӣ шудани роҳ даст ба тазоҳурот заданд. Ба гуфтаи сокинони ин русто, ҳамакнун онҳо маҷбур ҳастанд барои гузаштан аз як тарафи русто ба тарафи дигар тавассути мошин ҳар дафъа пул пардохт кунанд.

 

Амонулло Ашӯр, раиси Идораи зиддиинҳисории давлати Тоҷикистон, низ дар як нишаст дар моҳи майи соли ҷорӣ фаъолияти ширкати “Innovative Road Solutions”-ро ғайриқонунӣ хонда ва хостори мутаваққиф шудани ҷамъоварии пул дар масири Душанбе-Хуҷанд шуд. Оқои Ашӯр таъкид кард: "Ширкати "Innovative Road Solutions" сатҳи зиндагии мардумро ба назар нагирифта, намехоҳад дар таъруфаҳо таҷдиди назар кунад. Ҳамчунин, ин ширкат аз вазъи молӣ ва иқтисодии худ ба идораи зидиинҳисорӣ намехоҳад гузориш диҳад."

 

Аммо баъдан бо далоили номаълум Идораи зиддиинҳисорӣ сукут ихтиёр кард ва тазоҳуроти эътирозии сокинони рустои Ҳушёрӣ низ тавассути кормандони пулис пароканда ва сокит карда шуд. Дар мавриди ин ширкат иттилоъи дақиқе дар даст нест, вале гуфта мешавад масъулияти идораи умури ин ширкат дар Тоҷикистон ба афроди наздик ба раиси ҷумҳур таъаллуқ дорад, ҳарчанд мақомоти расмӣ ин нуктаро таъйид накардаанд. Набуди иттилоъ дар бораи собиқаи ин ширкат суолу тардидҳоеро дар мавриди шаффофияти кори он ва ин ки ҳазинаҳои роҳ ба куҷо меравад, ва ҳамчунин, дар мавриди чигунагии шароити интихоби он барои тарҳе чунин пурдаромад ва дорои аҳаммияти миллӣ матраҳ кардааст.

 

"Муҳосираи иқтисодии" Ӯзбакистон

Дар пайи корзори фурӯши саҳоми нерӯгоҳи “Роғун” равобити Тоҷикистону Ӯзбакистон сардтар шуд ва ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, Ӯзбакистон ин кишварро дар муҳосираи иқтисодӣ қарор додааст. Аз ҷумла, Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон, дар нишасти хабарие дар мақарри СММ дар Ню-Йурк аз амалкарди Ӯзбакистон нисбат ба Тоҷикистон шикоят кард. Оқои Оқилов кишвари ҳамсояро ба "баҳонаҷӯйӣ барои мамонеъат аз убури ҳудуди 1000 вогуни ҳомили маводди мухталиф ба Тоҷикистон" муттаҳам кард. Шукурҷон Зуҳуров, раиси порлумони Тоҷикистон, низ дар яке аз ҷаласоти порлумон гуфт: "Муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон аз ҷониби Ӯзбакистон аз замони касби истиқоли Тоҷикистон шурӯъ шуда ва дар ин муддат ин иқдом ба иқтисоди кишвар миллёрдҳо дулор хисорот ворид кардааст."

 

Зимнан, Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, дар ҷараёни дидораш аз Тоҷикистон дар соли ҷорӣ аз давлати Ӯзбакистон даъват кард, ки қаторҳои бории Тоҷикистонро мутаваққиф накунад. Аммо ҷониби Ӯзбакистон ин даъватро нодида гирифт ва ба ҳаракати озоди қаторҳои бории Тоҷикистон аз ҳудуди ин кишвар мусоъидати чандоне накард. Афзун бар ин, дар моҳи августи соли ҷорӣ ширкати “Ӯзбекистон темир йуллари” бо баҳонаи афзоиши қимати маводди сӯхтӣ, таҷҳизот ва вуҷуди таваррум арзиши тронзити вогунҳои Тоҷикистон аз қаламрави худро даҳ дарсад афзоиш дод. Дар ҳамин ҳол, вазорати хориҷаи Ӯзбакистон дар моҳи октябри соли ҷорӣ зимни як баёния иддаъои ҷониби Тоҷикистон дар мавриди мутаваққиф шудани садҳо вогуни борӣ дар ҳудуди Ӯзбакистон ва асароти он ба вазъи иқтисодии Тоҷикистонро бепоя хонд. Дар ин баёния таъкид шуда буд, ки ба ин тартиб, давлати Тоҷикистон мехоҳад аз мушкилоти сангини иқтисодӣ дар ин кишвар шона холӣ кунад.

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854