С.НАҶМИДДИНОВ: "ВАЗИРОН ДАР БОНКҲОИ ХОРИҶӢ САРМОЯ НАДОРАНД"
Замоне ки Русия боҷи гумрукӣ барои содироти бензинро боло бурд, дар Тоҷикистон мавзӯи қимматӣ ва камбуди маводи ғизоӣ дар миён омад. Хабарнигори "Озодӣ" дар сӯҳбати худ бо вазири молияи Тоҷикистон ба ин масъала дахл карда, дар оғоз пурсид, ки давлати ин кишвар барои ҷилавгирӣ аз қимматшавии маҳсулот ва камбуди озуқа чӣ корҳоро анҷом медиҳад ва буҷаи кишвар то куҷо тавони захираи миқдории кофии маводи озуқаро дорад?
"ЗАХИРА МЕКУНЕМ"
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Пеш аз ҳама ба Шумо миннатдорӣ баён мекунам, зеро ба мавзӯе таваҷҷӯҳ зоҳир кардед, ки аз мавзӯи муҳими рӯз аст ва моро ҳам дар ҳақиқат ба ташвиш овардааст. Имрӯз иқтисодиёти кишвар рӯ ба афзоиш аст. Мо аз бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ тадриҷан берун шудем ва беруншавӣ идома дорад. Лек имрӯз ҳолатҳое ба миён омаданд, ки бевосита ба рушди иқтисодиёт ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсири манфии худро мерасонад ва бештари ин омилҳо аз Тоҷикистон вобастагӣ надоранд.
Бигирем, мо 60 дарсади маводи ғизоӣ, аз ҷумла, гандумро аз хориҷ ворид мекунем. Нуриҳои минералие, ки барои тавлидоти маҳсулоти хӯрока ва заҳрхимикатҳое, ки барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифода мешавад ва ҳамчунин маводӣ нафтӣ 100 дар сад аз хориҷи кишвар оварда мешаванд. Шумо хабар доред, ки Русия боҷи содироти гумрукии маводи нафтиро ба хориҷ аз кишвараш боло бардошт ва онро 408 доллар барои як тонна муқаррар кард. Бояд гуфт, маротибаи севвум аст, ки боҷи гумрукӣ баланд мешавад ва таъсираш ба мо мерасад.
Ҳукумат, раисҷумҳур чораҳои иловагӣ андешиданд ва аз ҳисоби буҷаи кишвар барои захираи гандум ва маводи нафтӣ боз 60 миллион сомонӣ ҷудо карданд. Дар маҷмӯъ барои таҳияи захираҳо тақрибан 260 миллион сомонӣ аз буҷаи давлатӣ ҷудо шудааст. Аз сӯи дигар, раисҷумҳур аз бонкҳои ҷумҳурӣ хостааст, ки ҳаҷми қарз ба соҳибкоронро ба хотири сари вақт ворид намудани маводи нафтӣ, гандум ва дигар маҳсулоти ғизое, ки дар кишвар истеҳсол намешаванд, афзоиш диҳанд. Барои ин маблағ ҳам ҷудо шудааст, бонкҳо ҳам дар ин самт фаъолона кор карда истодаанд.
-Яъне омодагиҳо дар сатҳи зарурӣ аст?
-Бале, ҳаст.
ТОҶИКИСТОН ВА ХАТТИ ФАҚР
-Чанд соли пеш бо 200 сомонӣ мешуд то андозае рӯзгорро таъмин кард, аммо ҳоло 200 доллар ҳам барои рӯзгузаронӣ кофӣ нест. Ин ҳам дар ҳолест, ки маошҳо дар кишвар як каме бештар аз 20 доллар ҳастанд. Бо ин ҳол хати фақр боз ҳам поён меравад ва Тоҷикистон боз ҳам ниёзманди кӯмакҳои башарӣ мешавад. Ҳукумат дар самти кӯмакҳои иҷтимоӣ ба мардуми камбизоат барномае дорад?
-Бояд гуфт, соли 1997 аз пастравии иқтисодиёти кишвар ҷилавгирӣ шуд. Рушди иқтисодӣ аз соли 2002 шурӯъ шудааст. Ба истиқлолияти пулӣ муваффақ шудем, истиқлолияти иқтисоди молиявии худро ба даст овардем ва ин ҳама боиси боло рафтани музди меҳнат шуд. Бубинед, маоши табиб 3 сомонӣ, моҳонаи омӯзгор 5 сомонӣ, музди кори хизматчии давлатӣ ба ҳисоби миёна 17 сомонӣ буд. Ҳамонро ҳам солҳо дода наметавонистем, яъне он фақат дар коғаз буд. Имрӯз музди меҳнат хеле тағийр ёфтааст. Мо барномаи ислоҳоти музди меҳнат ва хидматчии идоракунии давлатиро гузаронидем ва дар доираи ин боло бурдани маошро пешниҳод кардем.
Иқтисодиёт пеш меравад ва дар баробари он маош ҳам зиёд мешавад. Вақте, ки маош ба талабот ҷавобгӯ набуд, бо супориши раисҷумҳур мо барномаи марҳила ба марҳила боло бурдани музди меҳнати ҳаққи аққалро таҳия ва пешниҳод кардем. Сарвари давлат онро тасдиқ намуданд ва он асосан соҳаҳои иҷтимоӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва илмро дарбар мегирифт. Дар чаҳорчӯби он давоми ду сол бояд, ки ду маротиба музди меҳнатро зиёд кунем, мумкин, ки аз ин ҳам бештар шавад.
Барои инро амалӣ кардан бояд, ки системаи диверсификатсияи иқтисодиётро амалӣ кунем ва татбиқу пешравии онро таъмин кунем. Пеш аз ҳама, бар зидди фасод бояд мубориза барем, омилҳои фасодро барҳам занем. Ҳамасола барои дастгирии оилаҳои фақир бо назардошти баланд шудани таруфаҳои обу барқ ҳудуди 36 миллион сомонӣ маблағ ҷудо мешавад. Аз ҳисоби буҷа 11 миллион сомонӣ ба фарзандони мактабхони оилаҳои камбизоат ҷубронпулӣ дода мешавад. Дар маҷмӯъ 260 миллион сомонии буҷа барои ҷубронпӯлӣ, нафақа ва дигар имтиёзҳои давлатӣ барои оилаҳои камбизоат сарф мешавад.
"ДАР ОЯНДА НАБОЯД ТАКРОР ШАВАД"
-Вазорати молия яке аз ниҳодҳои калидии ҳукумат маҳсуб мешавад ва хазинаи давлат дар ин вазорат аст. То ҷое, ки иттилоъ дорам, ба қарибӣ Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод дар вазорати Шумо санҷиш гузаронд, ҳолатҳои фасод ва ғайримақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷаро ошкор кард. Механизми ин ҳолат чигуна сурат гирифтааст ва барои ҷилавгирӣ аз чунин ҳолатҳо иқдомеро рӯи даст гирифтаед? Ҳамчун вазир аз ин ҳолати ошкоршуда хиҷолат намекашед, чун шумо роҳбари аввал ҳастед?
-Дар ҳақиқат камбудиҳои зиёд содир мешаванд. Мо таҳлилҳо ҳам гузаронидем, ки чаро ин ҳолатҳо рӯх медиҳанд? Яке аз омилҳо шинохти нодурусти афрод ҳангоми ба кор кабул кардани онҳост. Мо ҳоло дар андешаи онем, ки чӣ гуна дар оянда аз чунин ҳолатҳо ҷилавгирӣ кунем? Хуб, он чӣ ки рух дод, рух дод. Лек дар оянда он набояд такрор нашавад.Тавре дар боло гуфтам, яке аз мушкилоти асосӣ - қабули кормандон аст, баъзан онҳо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ҳам пешниҳод мекунанд. Мо аллакай ин мавзӯъро таҳлил кардем ва чораҷӯӣ карда истодаем, ки вақти қабули кормандон, поквиҷдониву то куҷо ҳирфаӣ будани ӯ ба назар гирифта шавад.
Омили дуввум – назорати кунд аз болои истифодабарандагони маблағҳои буҷавист. Онҳо ҳамаи қоидаҳоро риоя мекунанд, аз тендер мегузаранд, вале ҳангоми татбиқи тарҳҳо афроде ёфт мешаванд, ки аз маблағҳо сӯиистифода мекунанд.Таҳлил кардем, бисёри ҳолатҳоро дар корҳои сохтмонӣ ошкор кардем. Сабабаш шояд дар он аст, ки бархе афрод дар корҳои сохтмонӣ таҷриба надоранд, зеро ин соҳа душвор аст ва аз бозор вобастагӣ дорад.
Барои ин мо ду қонун – яке дар бораи аудити дохилӣ ва дигарӣ дар бораи назорати молиявиро пешниход кардем. Дар онҳо масъулияти роҳбарони аввал боло бурда шудааст, яъне роҳбари аввал барои чӣ гуна истифода шудани маблағҳо ҷавобгар аст. Масъалаи дуввум ва муҳим аст, ки дар ҳолати истифода набурдани маблағҳо онҳо бояд бо таври ҳатми ба буҷа баргардонида шаванд.
Мо дар соли 2010 аз ташкилотҳои буҷетӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ то 25 миллион сомонии маблағҳои истифоданашударо ба буҷа баргардонидем. Дар баъзе ташкилотҳо дуздӣ аз ҳисоби музди меҳнат ошкор шуд. Дар ин ташкилотҳо агар 100 ҷойи корӣ бошад, 10 ҷояш холӣ аст ва аз ин ҳисоб роҳбарон пул кор мекунанд. Барои аз байн бурдани ин ҳолат мо системаи навро ташкил кардем. Агентии назорати молиявӣ дар вазорати молия дар се моҳаи соли равон тақрибан 3 миллион сомониро ошкор кард. Як ширкати хориҷӣ, ки ба муассисаҳои Тоҷикистон кӯмак мекунад, қариб 700 ҳазор сомонӣ андозро пардохт накардааст.
ДАР БОРАИ ҚАРЗИ БЕРУНИИ ТОҶИКИСТОН
-Қарзи хориҷии Тоҷикистон сол аз сол афзоиш меёбад ва созмонҳои молӣ низ аз мақомоти кишвар хостаанд, ки дигар қарз нагиранд, шаҳрвандон ҳам дар баҳсҳои интернетӣ ҳукуматро барои доштани қарзҳои зиёд танқид мекунанд. Бигӯед, ки ин қарзҳо асосан дар кадом бахшҳо ва тарҳҳо сарф шудаанд ва ин тарҳҳо оё боздеҳ доштанд?
-Дуруст мегӯед, вақтҳои охир бисёр таҳлилҳо аз ҷониби иқтисодшиносони кишвар, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, васоити ахбори оммавӣ гузаронида шудаанд ва мо аз ин хабар дорем. Ҳукумати Тоҷикистон мушаххас кардаст, ки кишвар то куҷо ва то чӣ ҳадд тавони иқтисодии ҷалб кардани қарзҳои хориҷиро дорад. Дар он ҷо пеш аз ҳама омадааст, ки қарзхо бояд имтиёзнок бошанд. Ҳар як тарҳи қарзе, ки пешниҳод мешавад, на камтар аз 35 дарсади он бояд ягон элементи имтиёзнокӣ дошта бошад.
Агар аз ин поён бошад, мо онро ҷалб карда наметавонем. Дуввум – қарзҳо бояд ҳатман дарозмӯҳлат бошанд , саввум - меъёри фоизҳояшонро созмонҳои байналмилии молияви муайян мекунанд. Мо имрӯз Бонки Исломи Рушд, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёи Рушд ва дигар бонкҳоро чалб мекунем, ки фоизи қарзҳояшон солона аз 0,75 то якуним ва ду фоиз аст. Мӯҳлати бозгардони қарзҳо аз 20 сол бештар аст.
Бо Бонки Ҷаҳонӣ ва Рушди Осиё барномаи ҳамкории муштарак дорем, қаблан ин барномаҳо асосан барномаҳои кӯмаки қарзӣ ба Тоҷикистон буданд. Ҳоло гуфтем, ки не, мо аз он сатҳ баромадем, моро дастгирӣ кардед ва мо рушд кардем. Акнун вакти он расидааст, ки ҳамкорӣ кунем. Дар ин чаҳорчӯб соли равон бо ибтикори раисиҷумҳур як Шӯрои ҳамкории рушд таъсис додем.
Ин ба ин маъност, ки мо аз барномаҳои кӯмакӣ ба барномаҳои инвеститсионӣ- сармоягӯзорӣ мегузарем. Бо Бонки Ҷаҳонӣ барномаи сесола дорем, дар ҳаҷми 120 миллион сомонӣ маблағгузорӣ мекунад, ин барномаи грантӣ аст. Дар ду соли охир аз Бонки Рушди Осиё 230 миллион грант гирифтем, ҳоло он, ки метавонистанд ба мо қарз диҳанд. Вале мо гуфтем, ки грант диҳед.
- Қаблӣ
- Баъдӣ >>
Шарҳҳо
RSS Обуна