18:20:57 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АСАРОТИ ТАҲРИМҲО АЛАЙҲИ ЭРОН ДАР ВАЗЪИ ИҚТИСОДИ ТОҶИКИСТОН

Вазири иқтисоди Тоҷикистон мегӯяд, ки таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эрон асароти манфие дар ҳамкориҳои миёни ин ду кишвар хоҳад дошт. Ба гуфтаи Шариф Раҳимзода, ҳоло ширкатҳои муштараки тоҷикиву эронӣ ва тарҳҳои муштараки Тоҷикистону Эрон бо мушкилоте рӯбарӯ шудаанд.

вазири иктисодАхиран Иттиҳодияи Урупо бо иқдомҳои ҷадиде барои фишор бар давлати Эрон дар заминаи барномаи ҳастаии ин кишвар, бонки марказӣ ва бонки "Тиҷорат"-и Эронро таҳрим кард. Гуфта мешавад, танҳо бахшҳои хориҷии бонки "Тиҷорат" дар Фаронса ва Тоҷикистон фаъъолият доранд. Аммо ба гуфтаи оқои Раҳимзода таҳримҳо алайҳи бонки "Тиҷорат" дар Тоҷикистон таъсири чандоне нахоҳад дошт.

Мушкилоте, ки ба гуфтаи оқои Раҳимзода, Тоҷикистон дар асари ин таҳримҳо бо он рӯбарӯ шудааст, марбут ба интиқоли пули дулор ва юру аз Эрон ба Тоҷикистон аст. Шариф Раҳимзода гуфт: "Бонкҳои эронии дар кишвар фаъъолиятдошта наметавонанд маболиғро ба Тоҷикистон ворид созанд. Интиқоли маблағҳо ба Тоҷикистон, аз ҷумла дулор, тавассути Амрико ва юру тавассути Иттиҳодияи Урупо сурат мегирифт, ки акнун номумкин шудааст.”

Ин суханонро оқои Раҳимзода рӯзи 25 январ, дар нахустин нишасти хабарии худ ба унвони вазири тозаинтисоби иқтисоди Тоҷикистон эълом кард. Оқои Раҳимзода то дирӯз раиси Бонки миллии Тоҷикистон буд. Ӯ гуфт, ки умедвор аст мушкили миёни Ғарб ва Эрон ранги ҷиддитар нагирад: “Инро касе намехоҳад. Ба ин на ҷониби Эрон, на кишварҳои арабӣ манфиъатдор нестанд.”

Эрон яке аз бузургтарин сармоягузорон дар иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ба гуфтаи вазири иқтисоди Тоҷикистон, Эрон дар миёни панҷ кишваре қарор дорад, ки бештарин сармояро дар иқтисоди Тоҷикистон ворид мекунанд.

Бино ба иттилоъи Вазорати иқтисоди Тоҷикистон, қарор буд дар панҷ соли оянда Эрон ҳудуди як милёрд юру дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ карда ва танҳо дар 9 моҳи соли гузашта ин кишвар танҳо дар бахши хусусии Тоҷикистон тақрибан 15 милюн дулори Амрикоӣ сармоя гузоштааст.

Нерӯгоҳи “Сангтӯда-2”, ки яке аз тарҳҳои истротежики Тоҷикистон ба шумор меравад, бо сармояи 180-милюндулории давлати Эрон сохта мешавад. Дар авохири соли гузашта Эрон ва Тоҷикистон тавофуқ карда буданд, ки дар рӯдхонаи Зарафшон, дар шимоли Тоҷикистон, нерӯгоҳе эҳдос кунанд.

Эрон пайваста аз шарикони аслии иқтисодӣ ва сиёсии Тоҷикистон унвон шудааст. Ин дар ҳолест, ки Эрон ба далели он чи адами шафофият дар барномаҳои ҳастаиаш хонда мешавад, таҳти фишорҳои сиёсӣ ва иқтисодии байналмилалӣ қарор дорад.

Тоҷикистон бо вуҷуди густариши ҳамкориҳо бо Эрон тавонистааст равобиташ бо Амрико, аз мунтақидони умдаи сиёсатҳои Эронро, низ тавсеъа бахшад ва бахусус дар масоили амниятӣ бо ин кишвар ҳамкориҳои зиёде дошта бошад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi