15:50:35 06-уми Июни 2025 сол

АФЗОИШИ НАРХИ ТИЛЛО ДАР БОЗОРИ ҶАҲОНӢ БА ТОҶИКИСТОН ТАЪСИР МЕРАСОНАД?

Арзиши як унсий тилло, ки муодили 31,1 грам аст, дар бозори ҷаҳонӣ ба 1 ҳазору 782 доллар баробар шудаст, ки ин нишондод дар муқоиса бо чанд моҳи пеш наздики 200 доллар қиматтар аст.

/images/stories/2012/10/07_zoloto-071012.jpgТирамоҳи соли гузашта нархи як унсий тилло дар ҷаҳон ба нишондоди рекордӣ расида, аз ҳадди 1900 доллар гузашта буд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин масъулини Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон изҳор медоранд, ки нархи тилло чӣ қадар дар бозори ҷаҳонӣ боло равад, ҳамон андоза ба фоидаи иқтисодиёти Тоҷикистон аст.

Соли гузашта истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон аз дурнамои эълонкардаи Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати кишвар ҳудуди 550 киллограм камтар шуда, ҳамагӣ 2 тоннаю 241 киллограмро ташкил додаст. Бо вуҷуди ин, масъулини вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ин нишондодро дар муқоиса бо ҳаҷми истеҳсоли тилло дар соли 2010-ум наздики 135 киллограм бештар арзёбӣ мекунанд.

Худи Гул Шералӣ дар робита ба истеҳсоли тилло мегӯяд, имкон дошт нишондоди он бештар гардад, агар Вазорати молия дар корхонаи зертобеаш «Тиллои тоҷик» корро беҳтар пеш бурда нақшаро иҷро мекард. Ба гуфтаи вазири энергетика ва саноат тибқи нақша дар корхонаи «Тиллои тоҷик» бояд 500 килло тилло истеҳсол мешуд, аммо дар пайи ташкили заифи кор ҳамагӣ 319 киллограм тилло истеҳсол шудааст.

Имсол масъулини Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон дурнамои тавлиди тиллоро дар Тоҷикистон ҳудуди 2,5 тонна арзёбӣ мекунанд.

Темур Раҷабализода «Рӯзгор»

Шарҳҳо   

 
0 #1 salim 07.10.2012 16:13
ba taasir namerasona ? ajab odamoe hasten da
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854