20:40:29 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАҲҚИҚИ ОМИЛҲОИ ИСТИФОДА АЗ МЕҲНАТИ КӮДАКОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Коршиносни тоҷик бар ин назаранд, ки омили аслии рӯ ба меҳнати вазнин ва даст ба корҳои «сиёҳ» задани кӯдакон эҳтиёҷи рӯзгори хонаводаи онҳост ва то замоне ки ин эҳтиёҷ боқист, гумон аст, ки мақомоти Тоҷикистон пеши роҳи ин равандро гирифта тавонанд.

/images/stories/2012/11/19_moshinshuvak19112012.jpgТаҳқиқоти меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон чанд вақт боз аз ҷониби Агентии омори Тоҷикистон ва Созмони Байналмилалии Меҳнат (СБМ) идома дорад. Аз Агентии омор ба  сомонаи «Рӯзгор» иттилоъ доданд, ки роҳандозии таҳқиқоти мазкур дар асоси Барномаи «Тадқиқоти меҳнати кӯдакон ва ташкили мехзанизми маълумотҳо оид ба меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ гардида истодааст.

Ин таҳқиқот 12 моҳ идома меёбад ва гузаронидани тадқиқоти интихобиро дар хонаводаҳо дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон дарбар мегирад, ки ин барои гирифтани маълумотҳои боварибахш дар бораи нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти кӯдакони синни 5 то 17 сола, давомоти ба мактаб рафтани онҳо, кор дар оила ва берун аз он, дар бораи сабабҳои паҳншавии меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон имконият медиҳад.

Созишнома оид ба иҷрои ин барнома 11 июни соли 2012 ба имзо расида буд, ки иҷроиши ин барнома  дар чанд марҳила, аз ҷумла аниқкунии рӯйхати хонаводаҳо (листинг), гузаронидани интихоби хонаводаҳо, мувофиқгардонии намунаи саволнома, коркарди натиҷаҳо ва тайёр намудани ҳисоботу паҳнкунии маълумотҳо ба амал бароварда мешавад.

Барои гузаронидани тадқиқот саволномаи стандартӣ дар бораи меҳнати кӯдаконро Созмони Байналмилалии Меҳнат бо мувофиқгардонӣ ба шароити Тоҷикистон омода кардааст.Гуфта мешавад, саволнома дар Шӯрои машваратӣ, ки намояндагони 14 вазорат, 2 кумита, Федератсияи иттифоқҳои касаба, Асосиатсияи корфармоён ва созмонҳои байналмилалӣ – СБМ-ИПЕК, ЮНИСЕФ, ЮНФПА шомил буданд, муҳокима ва мувофиқа карда шудааст.

/images/stories/2012/11/19_arobakash19112012.jpgМасъулини Агентии омор мегӯянд, пурсиш дар хонаводаҳо аз 29-уми октябри соли равон оғоз гардида то 27 ноябр, яъне 30 рӯз давом мекунад, ки зимни он барои дарёфти маълумотҳо дар баробари кӯдакон аз калонсолҳо низ маълумотҳои лозима пурсида мешавад. Коршиносони ин агентӣ иброз медоранд, ки барои муайян намудани интихоб, махзани маълумотҳои барӯйхатгирии аҳолии соли 2010 истифода карда шудааст ва интихоби эҳтимолии кластерии дузинагӣ истифода бурда шудааст:

« Яъне дар зинаи аввал интихоб дар сатҳи воҳиди аввалаи интихоб (кластер) аз шумораи умумии қитъаҳои баҳисобгирӣ ташкил карда шудааст. Дар зинаи дуюм суроғаи хонаводаҳо интихоб карда шудааст. Шумораи хонаводаҳо дар доираи кластерҳои интихобгардида 16 воҳидро ташкил медиҳанд. Андозаи интихоб дар маҳалҳои деҳот 2752 хонавода дар 172 кластер, дар маҳалҳои шаҳр бошад – 3648 дар 228 кластер ташкил медиҳанд. Андозаи умумии интихоб дар тадқиқот оид ба меҳнати кӯдакон 6400 хонавода дар 400 кластерро ташкил медиҳанд. Барои гузаронидани тадқиқот 57 ноҳия аз 58, 57 маҳалҳои шаҳрӣ ва шаҳракҳо аз 74 ва 165 ҷамоатҳои деҳот интихоб гардидааст».

То оғози пурсиши тадқиқот дар моҳи сентябр листинг (аниқкунӣ) рӯйхати хонаводаҳо (аз рӯи истиқомати ҳақиқӣ) дар кластерҳои интихобгардида бо назардошти биноҳои навсохташуда ва ё биноҳои кӯчонидашуда дар давраи солҳои 2010-2012 гузаронида шудааст.Баъди ба анҷом расидани пурсиш корҳои рамзгузории рамзҳои машғулият бо истифодабарии таснифоти байналхалқии машғулиятҳо ва таснифоти миллии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ гузаронида мешавад.

Бояд зикр намуд, паҳншавии меҳнати кӯдакон ва дур шудани ноболиғон аз таълиму омӯзиш дар Тоҷикистон миёни доираҳои мухталиф, коршиносон ҳамчун як масъалаи нигаронкунанда арзёбӣ мешавад.Саймурод Солиҳев, ҷомеашинос, омили даст задани кӯдаконро ба корҳои гуоногун ва аз таълим дур мондани онҳоро ба паст будани иқтисодиёти кишвар, шароити номусоиди оилаҳо дар Тоҷикистон унвон намуд:

«Кадом падару модар мехоҳад фарзандаш ба бозор барояд, дар нақлётҳои мусофиркашонӣ пулчин шуда кор кунаду ба мактаб наравад?- фикр мекунам касе чунин намехоҳад. Бубинед, кӯдакон барои кӯмак ба волидон дар пешбурди зиндагӣ ва болотар аз ин  бо мақсади дарёфти қути лоямут рӯ ба меҳнат оварда, корҳои вазнинеро анҷом медиҳанд, ки ба инкишофи ақлииву ҷисмонии онҳо таъсири манфӣ мерасонад».

Ба боварии бархе аз коршиносон омили аслии рӯ ба меҳнати вазнин, корҳои «сиёҳ» овардани кӯдакон эҳтиёҷи рӯзгори хонаводаи онҳост ва то замоне ки ин эҳтиёҷ боқист, гумон аст, ки мақомоти Тоҷикистон пеши роҳи ин равандро гирифта тавонанд.

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi