01:57:32 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Бӯи нафту газ "наҳангҳо"-ро ба Тоҷикистон овард


Ширкатҳои
ҷаҳонии истихроҷи нафту газ Total – и Фаронса ва CNPC (China National Petroleum Corporation) – и Чин эълом доштанд, ки дар Тоҷикистон намояндагиҳои худро боз мекунанд. Ин эълон як рӯз баъд аз хабари то чуқурии 6130 метр кофта шудани чоҳ аз тарафи ширкати русии «Газпром – International» садо дод ва ҳолатеро ёдовар шуд, ки хабари пешгомии яке аз ширкатҳо хабари комёбии ширкати дигареро ба миён меорад.

neft-gaz-18042013Аммо то ҳанӯз дар ин занҷира хабари дастёфт ба захираи нафт ё газ ба гӯш нарасидааст. Рӯшан нест, бо нашри чунин хабарҳо ширкатҳои нафту газ ба саҳмияҳои худ кӯмак мекунанд ё ҳукумати Тоҷикистонро бовар медиҳанд, ки истихроҷи захираҳои бузурги газ ва нафт наздик шудааст.

Ҷанбаи дигари тааҷҷубовар ин аст, ки на намояндаҳои ин ширкатҳои мазкур ва на масъулони ҳукумати Тоҷикистон бо вуҷуди хабарҳои пурсарусадо намехоҳанд дар бораи шарту шароити ҳамкориҳои дуҷониба ва сарнавишти захираҳое, ки дарёфташон гӯё то рафт наздиктар мешавад, суҳбат кунанд.

Вазорати саноат ва энержии Тоҷикистон танҳо ин хабарро дод, ки масъулони он бо муовини раиси ширкати Total Филлип Эрго ва намояндагони ширкати CNPC мулоқот анҷом дода, ифтитоҳи дафтари ин ду ширкат дар Тоҷикистон ва масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи нафту газро баррасӣ кардаанд.

Эмомуддин Аслов, раиси Сарраёсати истихроҷи гази вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон ба мо гуфт, ин як мулоқоти сирф корӣ буд: «Ин ҳайат бо мақомоти мо ҳадафу барномаҳои худро матраҳ кард. Гуфтанд, ки чӣ кор карданианд, чӣ бояд кунанд ва дигар масъалаҳои ташкилӣ буданд, ки баррасӣ шуданд. То ниҳоӣ шудани созишнома ин суҳбатҳо махфӣ нигоҳ дошта мешаванд»

Total ва CNPC, ки аз яккатозони бозори истихроҷ, коркард ва тиҷорати нафту гази ҷаҳон ба шумор меоянд, моҳи декабри соли гузашта дар ахбори марбут ба Тоҷикистон пайдо шуданд. Он замон Tetys Petroleum Limited, ширкати бритониёии ҳамкори ҳукумати Тоҷикистон эълон дошт, ки бо Total ва CNPC шартномаи «формаут» барои тақсими молро дар ҳавзаи Бохтар ба имзо расондааст. Моҳи феврал ин манбаъ иттилоъ дод, ки ҳукумати Тоҷикистон низ иштироки ин ду абарширкатро пазируфтааст ва дар семоҳаи дуввуми соли равон созишномаи ниҳоӣ миёни ҷонибҳо имзо хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, ҳеҷ як аз манобеи марбута шароити ҳузури ин ширкатҳоро шарҳ намедиҳад. Танҳо маълум аст, ки бино ба созишномаи тақсими мол Tetys Petroleum 70 ва ҳукумати Тоҷикистон 30 дарсади маҳсулоти ниҳоиро соҳиб мешаванд. Аммо Total ва CNPC аз ин муомилаҳо чӣ қадар нафъ хоҳанд бардошт?

Дар посух ба ин суол масъулони Tetys Petroleum ба мо посух доданд, ки ҳанӯз дар ин бора хулоса ниҳоӣ нашудааст. Аммо бино ба иттилои як манбаъи наздик ба музокирот, Total ва CNPC ба ҳаққи Tetys Petroleum ҳамроҳ мешаванд, яъне 70 дарсади саҳми ин ширкатро ҳар се 33 – дарсадӣ бо ҳам хоҳанд дид.

Ин манбаъ гуфт, аммо ҳукумати Тоҷикистон илова бар созишномаи аввал, ки бо Tetys Petroleum дошт, мехоҳад, як созишномаи иловагӣ низ ба имзо расад, то шароити кори чаҳор ҷонибро танзим кунад. Бино ба иттилои ин манбаъ, созишномаи иловагӣ аз сӯи ширкатҳои хориҷӣ пешниҳод шуда, ҳоло дар вазоратҳои зидахли Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

Аммо коршиносон мегӯянд, ҳукумати Тоҷикистон бояд сари созишномаи тақсими мол таҷдиди назар кунад ва дар ин маврид қабл аз ҳама бояд қазияи қарздорӣ аз нерӯгоҳи “Сангтӯда – 1” дарс шавад, ки барои кишвар наздик ба 70 миллион доллар қарз ба миён овардааст.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, доктори улуми иқтисод мегӯяд, ҳар кишвар бояд дар сари кор бо ширкатҳои фаромиллӣ аз эҳтиёт кор гирад, зеро аксари ноамниҳо дар ҷаҳон бо сармоягузории онҳо роҳандозӣ мешавад ва ҳадафи аслии онҳо дастрасӣ ба манобеи энержӣ аст. Вай дурнамои ин ҳамкориҳоро манфӣ арзёбӣ кард:

«Тоҷикистон шикаст мехӯрад. Зеро ин ҷо як схемаи коррупсионӣ буда метавонад. Аксарияти саҳм ҳеҷ гоҳ бо як ширкати хориҷӣ буда наметавонад ва ин ба чунин маъност, ки аз ҳамон, масалан, 80 дарсад нисфаш ё як қисмаш аз ман, бақия аз ту. Ин таҷрибаи дар замони шоҳони Паҳлавӣ дар Эрон буд, ки онро сарвазир Мусаддиқ шикаст ва ӯро соли 1951 ба қатл расониданд. Дар Тоҷикистон айнан ҳамин схемаро роҳандозӣ мекунанд. Ҳаққи ҳукумат бояд 70 – 80 дарсад бошад. Аз ин набояд кам гирад»

Тибқи иттилои расмӣ, созишнома бо бозигари дигари бозори нафту гази Тоҷикистон – «Газпром – International» дар бораи тақсими мол низ имзо нашудааст. Ин ширкат бар асоси Шартномаи майдонҳои ояндадор фаъолият мекунад ва танҳо пас аз он, ки ба манобеъ даст ёбад, бо ҳукумат созишномаи тақсими молро баррасӣ хоҳад кард. Маълум нест, он гоҳ кадоме аз тарафҳо аз мавзеи нерӯмандтар суҳбат хоҳад кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi