РАҲИМЗОДА: “МО АЗ УФТИ БЕШТАРИ ДОЛЛАР ҶИЛАВГИРӢ МЕКУНЕМ”
Бонки Миллии Тоҷикистон аз уфти бештари баҳои доллар дар ин кишвар ҷилавгирӣ мекунад. Масъулони ин бонк эълом кардаанд, ки ба ин манзур моҳиёна то аз бозори арзи ин кишвар то 500 ҳазор доллар харидорӣ мекунанд. Бо ин вуҷуд, дар ду ҳафтаи ахир баҳои доллар дар дӯконҳои саррофии Тоҷикистон аз 445 то ба 438 сомонӣ барои ҳар як сад доллар пойин рафтааст.
Шариф Раҳимзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон дар як нишасти матбуъоти рӯзи панҷшанбеи 15 октябр гуфт, ки ҳоло ин ниҳод талош дорад аз уфти бештари қимати доллар ҷилавгирӣ кунад. Вай афзуд: “Ин бар суди давлати мо нест, вале мо ночор ҳастем ин корро анҷом бидеҳем.” Зеро, ба гуфтаи вай, дар сурати идомаи уфти баҳои доллар, “тавлидкунандаҳои дохилӣ” хисорот хоҳанд дид.
Ба унвони мисол, вай гуфт, ки пойин рафтаи қимати доллар то 4 сомонӣ барои як доллар метавонад ба воридоти себи заминӣ аз Покистон ва ё тухми мурғ аз Эрон мунҷар шавад, ки ба суди ширкатҳо ва ё кишоварзонӣ дохилӣ нахоҳад буд. Дар посух ба ин суол, ки пас баҳои воқеъии доллар дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст, оқои Раҳимзода гуфт, ки наметавонад ин рақамро эълом кунад, вале пойинтар аз қимати хариду фурӯши ин арз дар бозори кишвар аст.
Оқои Раҳимзода хабар дод, ки то чанд моҳи қабл Бонки Миллӣ тасмим гирифта буд, аз “ҳифзи маснуъии баҳои доллар дар қиболи сомонӣ даст бикашад ва қимати он аз 360 то ба 445 сомонӣ барои ҳар як сад доллар боло рафта буд.
Он замон, ба гуфтаи раиси Бонки Миллӣ, бархе аз мақомоти тоҷик аз ин тасмим пуштибонӣ накарданд ва талошҳое барои лағви он анҷом доданд. Ба эътиқоди оқои Раҳимзода, “чунин мухолифат ба манзури ҳифзи доройиҳои бархе аз мақомот сурат гирфта буд.” Вале, гуфта шуд, ки Президенти Тоҷикистон ин тасими Бонки Миллиро пуштибонӣ кардааст ва ҳамакнун арзиши он ба баҳои воқеъии доллар дар ин кишвар наздик аст.
Дар ҳамин ҳол, оқои Шарифзода хабар дод, ки Бонки Миллӣ ҳамчунон тадобиреро барои коҳиши бастагии сомонӣ ба доллар анҷом медиҳад. Ба ин тартиб, танҳо 15 дарсади мизони доройиҳои ин бонкро доллар ташкил мекунад.
Зимнан, дороии Бонки Миллӣ то 330 милюн расидааст, ки умдатан аз тило ва рубли Русия иборат аст. Дар ҳамин ҳол, Шариф Раҳимзода хабар дод, ки қарор аст аудит ё бозрасии байналмилалии дороиҳои Бонки Миллӣ анҷом дода шавад. Баъд аз қазияи ошкор шудани ироаи иттилоъи носаҳеҳ ба Сандуқи Байналмилалии Пул аз сӯйи Бонки Миллии Тоҷикистон, созмонҳои молии байналмилалӣ ба гуфтаи оқои Раҳимзода, “то ҳол ба ҷониби Тоҷикистон чандон эътимод надоранд.” Вай гуфт: “Ба ин далел мо тасмим гирифтем, нахуст аудити дороиҳо ва сипас бозрасии фаъолияти солонаи Бонки Миллиро анҷом диҳем ва натоиҷи онро мунташир кунем. Ин амр метавонад ба афзоиши мизони эътимоди ҳамкорони хориҷии мо сабаб шавад.”
Шояд ба ин далел, ахиран Сандуқи Байналмилалии Пул тасмим гирифтааст эътибори 130 милюн долларии худро дар ихтиёри Бонки Миллии Тоҷикистон қарор бидиҳад. Ба гуфтаи оқои Раҳимзода, “ин эътибор бар изофаи қарзи 116 милюн долларӣ аст, ки дар аввали сол дар ин бора тавофуқ шуда буд.”
Дар нишасти матбуъотии рӯзи панҷшанбе Шариф Раҳимзода ҳамчунин эълом кард, ки дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ мизони интиқоли маболиғи муҳоҷирон 35, 3 дарсад коҳиш ёфтааст. Вале оқои Раҳимзода натавонист посух бидиҳад, ки пас чаро Кумитаи омори Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи гузашта расман эълом кардааст, ки ин рақам муъодили 47 дарсад аст.
Вай гуфт: “Намедонам, Кумитаи омор ин арқомро аз куҷо гирифта, зеро маъмулан онҳо аз гузоришҳо мо истифода мекунанд.” Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи вай, дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ аз сӯйи муҳоҷирони тоҷик 361 як милёрду милюн доллар ворид шудааст. Гуфта мешавад, ки соле қабл ин рақам муъодили ду милёрду 750 милюн доллар будааст.
Би-Би-Си