ДУХТАРИ РАҲМОН ДАР ШАБАКАИ АВВАЛ ЗОҲИР ШУД
Зарина Раҳмонова, яке аз нуҳ фарзанди Президент Раҳмон, ба унвони гӯяндаи телевизиюн ахбори инглисии шабакаи аввали телевизюни давлатии Тоҷикистонро хонд. Зарина Раҳмонова, духтари 16-солаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар хориҷ аз кишвар таҳсил мекунад ва гуфта мешавад барои таътил ба Тоҷикистон омадааст.
Ба гуфтаи бархе аз афроди огоҳ аз фаъолияти шабакаи аввали телевизюни давлатии Тоҷикистон, Зарина-бону ҳудуди як ҳафта дар ин шабака тамрини наттоқӣ карда ва рӯзи чаҳоршанбеи 14-июл барои нахустин бор хабарҳоро ба забони инглисӣ қироъат кард. Зоҳиран Зарина Раҳмонова ором ба назар менамуд, ва ба гуфтаи донандагони забони инглисӣ, талаффузи ингилисии вай хуб будааст. Бархеҳо баъид намедонанд, ки вай базудӣ ба ситорае телевизиюнӣ дар Тоҷикистон табдил шавад, чун чеҳрае ҷаззоб дорад.
Зарина Раҳмонова танҳо духтари Президент Раҳмон нест, ки дар анзори умумӣ зоҳир мешавад. Қаблан Озода Раҳмонова, духтари бузургтари оқои Раҳмон ба симати муъовини вазири хориҷа таъйин шуда буд ва дар расонаҳо чеҳрае ошност. Вале мардум бештар аз инҳо Таҳмина, духтари дигари президентро мешиносанд, зеро гуфта мешавад вай аз тоҷирони фаъол ва муваффақ будааст, ҳарчанд акс ё сурати ӯ дар расонаҳо, аз ҷумла телевизиюн то кунун зоҳир нашудааст.
Рустами Эмомалӣ, писари бузурги оқои Раҳмон, низ аз чеҳраҳои шинохта дар миёни ҷавонон аст. Вай ба хотири бозӣ дар тими футболи "Истиқлол" маъруф шуд. Дар ду соли ахир вай ба симатҳои давлатӣ ва иҷтимоъӣ даст ёфтааст. Вай нахуст муъовини раиси Созмони ҷавонони Тоҷикистон, танҳо созмони иҷтимоъӣ, ки аз ҳаққи пешбарии номзад ба раёсати ҷумҳурӣ бархурдор аст, интихоб шуд. Вай сипас дар Кумитаи сармоягузорӣ ва амволии давлатииТоҷикистон раиси яке аз бахшҳо таъйин шуд.
Дар поёни соли гузашта, фаъолони ҳизби ҳокими халқи демукрот, ки падараш раҳбари он аст, Рустамро дар анҷумани ин ҳизб ба узвияти раёсати он баргузиданд. Сипас бо пешниҳоди ин ҳизб вай узви Маҷлиси шаҳри Душанбе интихоб шуд. Бархе аз пайвандони Преиздент Раҳмон то имрӯз симатҳои мухталиферо дар даст доранд. Аз ҷумла Ҳасан Асадуллозода, бародарзани вай раиси "Ориёнбанк" аст ва Ҷамолиддин Нуралиев, домоди раиси ҷумҳур, муъовинати ваири дороии Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/2676-2010-07-14-14-54-17.html