13:49:31 02-уми Июни 2025 сол

БОЗГАШТИ ДАСТИҶАМЪИИ ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК АЗ МИСР

Беш аз сад нафар аз донишҷӯёни тоҷик тавассути парвози ихтисосӣ аз Миср ба Тоҷикистон баргаштанд. Далел ва наҳваи қатъи таҳсили ин донишҷӯён дар донишгоҳи Ал-Азҳари Қоҳира эълом нашудааст ва бештари донишҷӯён дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе аз сӯҳбат бо Би-би-сӣ худдорӣ карданд.

 

studentsТанҳо бархе аз онҳо бозгашти худро бидуни ҷузъиёт “довталабона” хонданд. Аммо як хонуми донишҷӯ, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, ки дар сурати пайдо шудани имкон дубора ба Донишгоҳи Миср боз хоҳад гашт.Синни донишҷӯёни баргашта аз донишгоҳи Ал-Азҳар, маъруфтарин донишгоҳ дар миёни донишгоҳҳои кишварҳои исломӣ то сисола буда ва дар миёни онҳо кӯдакони синни шашсола низ ҳастанд.Ҳавопаймои донишҷӯёни тоҷики донишгоҳи Ал-Азҳар соъати 9-и субҳи 8 ноябр дар Душанбе фуруд омад, аммо ин гурӯҳ танҳо пас аз се соъат аз фурудгоҳ берун омаданд.

 

Аксари падарону модарони онҳо, ки дар саҳни фурудгоҳ мунтазири фарзандонашон буданд, барои мусоҳиба бо хабарнигорон моил набуданд. Бархе аз ин волидайн аз сӯҳбат бо хабарнигорон ҳарос надоштанд ва гуфтанд, чизе ки онҳоро нороҳат мекунад ин аст, ки фарзандонашон пули солонаи таҳсилро пардохт карда буданд ва ин пулро натавонистаанд, бозпас бигиранд.

 

Бино ба иттилоъи манобеъи Кумитаи дини Тоҷикистон то ҳол ҳудуди 500 донишҷӯйи тоҷик аз мадорису донишгоҳҳои кишварҳои исломӣ ба кишвари худ бозгашта ва ин раванд ҳамчунон идома доштааст. Ин манобеъ гуфтаанд, ки аз ҷумлаи беш аз 1400 донишҷӯйи тоҷик, ки дар кишварҳои исломӣ таҳсил мекунанд, ҳудуди 800 нафар дар Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср таҳсил мекунанд.

 

"Бозгашт иҷборӢ буд"

Ҳарчанд донишҷӯён ва пайвандони онҳо дар мусоҳиба бо хабарнигорон қатъи таҳсили худро дар донишгоҳи Ал-Азҳардовталабонаталақӣ карданд, вале коршиносон мегӯянд, ин марбут ба бозхонди донишҷӯёни тоҷик аз донишгоҳҳои кишварҳои исломӣ тавассути раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст. Аз оҳанги сӯҳбати гурӯҳи донишҷӯёни дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе низ эҳсос мешуд, ки аз ин тасмими давлати Тоҷикистон чандон розӣ нестанд.

 

Эшони Умар, сокини рустои Сари Мазори ноҳияи Файзобод гуфт, ки писараш Ҳикмматулло ва духтараш Мавҷударо ба хотири омӯхтани забонҳои арабию инглисӣ ва тафсири Қуръон ба Донишгоҳи Ал-Азҳар фиристодааст. Ба эътиқоди Эшони Умар "шахси босаводу бомаърифат ҳеч гоҳ терурист ё тундрав намешавад, баръакс барои боло бурдани сатҳи маърифати динию дунявӣ дар ҷомеъа хидмат хоҳад кард."

 

Холмуҳаммад, тоҷир аз шаҳри Панҷакент низ таъкид дошт, ки манфиъат аз таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷӣ зиёд аст. Вай гуфт писараш Парвиз дар зарфи ду соли таҳсил дар донишгоҳи Ал-Азҳар "забонҳои арабию урду ва компютарҳоро хуб омӯхтааст." Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи вай "дар муассисоти таҳсилоти олии Тоҷикистон донишҷӯён дар муддати панҷ соли таҳсил як забони хориҷиро наметавонанд ба хубӣ омӯзанд."

 

Як хонум, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, ки дар сурати пайдо шудани имкон дубора ба Донишгоҳи Ал-Азҳар бармегардад. Саидумар Ҳусайнӣ, сокини шаҳри Душанбе, ки барои истиқболи писари даҳсолааш ба фурудгоҳ омада буд, иддаъоҳои масъулони ниҳодҳои давлати Тоҷикистон мабнӣ бар ғайриқонунӣ будани таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи Ал-Азҳарро бепоя хонд.

 

Зеро ба гуфтаи оқои Ҳусайнӣ донишҷӯёни тоҷик бо шумули писари вай бо номаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Миср ба донишгоҳи ин кишвар рафтаанд. Вай таъкид кард, ки иддаъоҳои масъулони сутуҳи поёнии давлати Тоҷикистон дар мавриди гирифтани таълимоти теруристию ифротгароӣ дар муассисоти таҳсилоти олии кишварҳои исломӣ ва сиёсати бозгардонидани куллияи донишҷӯён аз ин муассисот мумкин аст, Тоҷикистонро дар муқобили давлатҳои исломӣ қарор диҳад.

 

Иддае аз падару модарони донишҷӯён иброз доштанд, ки дар Тоҷикистон танҳо як Донишкадаи исломӣ фаъолият мекунад ва имкони фаро гирифтани куллияи ниёзмандонро надорад. Онҳо мегӯянд дар ин кишвар мактабҳои мутавваситаи динӣ ё омӯзишгоҳҳо вуҷуд надорад ва бинобар ин, "кӯдакон маҷбур мешаванд, ба таври ғайрирасмӣ дар назди мулло омӯзиши динӣ гиранд."

 

Бархе аз пайвандони донишҷӯён гуфтанд, агар давлати Тоҷикистон фарзандони онҳоро аз донишгоҳҳои мамолики исломӣ бозмегардонад, пас бояд дар вилоёт ва навоҳии кишвар мадрасаҳо таъсис карда ва барои фаъолияти мадрасаҳои динии хусусӣ иҷоза диҳад.

 

НигаронӢ аз сарнавишти донишҷӮёни бозгашта

Падарону модарони донишҷӯёне, ки аз Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср бозгаштаанд, дар бораи сарнавишти баъдии фарзандони худ ибрози нигаронӣ карданд. Ба гуфтаи онҳо, пазириш дар Донишкадаи исломӣ ва соири муассисоти таҳсилоти олии Тоҷикистон дар фасли тобистон сурат гирифта ва маълум нест, ки дар муддати даҳ моҳи оянда фарзандони онҳо ба чи кор машғул хоҳанд шуд.

 

Умаралӣ Назаров, раиси Донишкадаи исломии Тоҷикистон низ гуфт, ки дар шароити феълӣ наметавонад, ҳеч кадоме аз ин донишҷӯёнро дар донишкада бипазирад. Оқои Назаров гуфт, агар давлати Тоҷикистон дар мавриди таъсиси шӯъбаи вижа барои ин донишҷӯён тасмим гирад, мумкин аст, ҳудуди 200 нафар бо таҳсил фаро гирифта шаванд.

 

Аз сӯйи дигар, Саидумар Ҳусайнӣ, падари яке аз донишҷӯён мӯътақид аст, ки бо ҳамоҳангии Вазорати маъорифи Тоҷикистон ва ба таври расмӣ бозгаштани донишҷӯён ба маҳалли таҳсилоти қаблии худ ба манфиъати ҳамаи ҷонибҳо хоҳад буд. Ба гуфтаи вай, бад-ин тартиб, нигаронии давлати Тоҷикистон дар бораи имкони гароиши ҷавонон ба равияҳои тундрав рафъ шуда ва аз ҷониби дигар, ҷавонони тоҷик таҳсили худро дар донишгоҳҳои кишварҳои исломӣ идома хоҳанд дод.

 

Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷараёни мулоқот бо сокинони бархе аз навоҳии вилояти Хатлон дар авохири моҳи августи соли ҷорӣ аз сокинони кишвар даъват кард, фарзандони худро, ки дар мадрасаҳои кишварҳои исломӣ таҳсил мекунанд, ба ватан бозгардонанд. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор дода буд, ки дар ғайри ин сурат "Онҳо ҳама терурист ва экстремист (ифротгаро) мешаванд."

 

Зимнан, пас аз дидори Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳури вақти Покистон аз Тоҷикистон дар авохири моҳи майи соли 2002 беш аз 70 тан аз донишҷӯёни тоҷик, ки дар мадориси исломии Покистон таҳсил мекарданд, иҷборан ба ватан бозгардонда шуда буданд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/3530-2010-11-08-18-50-13.html

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 10.11.2010 00:43
Kani imruz musharaf ????
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854