АМРИКОИҲО БА ҶАВОНОН РАҚСИ ҲИП-ҲОПРО ЁД МЕДИҲАНД
Сафорати ИМА ташрифи раққосони ҳип-ҳоп Майкл Паркс Мастерсон ва Крис Томасро ба Тоҷикистон аз 29-уми ноябр то 6-уми декабр маблағгузорӣ намуда, барои ҷавонон дар Душанбе, Сугд ва Хатлон як силсила машғулиятҳои рақсӣ доир намуд.
Рӯзи охирин онҳо дар Театри драмавии ба номи Маяковскии шаҳри Душанбе намоишеро бо иштироки худ ва муаррифии раққосони маҳаллии ҳип-ҳоп ва рақсҳои муосир доир намуданд. Майкл ва Крис барномаи худро 29-уми ноябр дар шаҳри Душанбе дар гимназияи шахрии № 74 бо машғулияти рақсӣ оғоз намуданд. Субҳи 30-уми ноябр гурӯҳи мазкур ба минтақаи Сугд сафар карда, дар Донишкадаи тиҷоратӣ ва Гӯшаи Амрикоӣ, ки дар китобхонаи ба номи Асирии шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, машғулиятҳои рақсии ҳип-ҳоп гузарониданд.
Рӯзҳои 1-ум ва 2-юми декабр, ду раққоси ҳип-ҳопи амрикоӣ ба 75 нафар иштироккунандагони барномаи «Дастрасӣ ба омӯзиши забони англисӣ», ки барои ҷавонони маҳаллӣ аз тарафи Сафорати Амрико ройгон омода шудааст, ва ҳамчунон ба хатмгунандагони донишгоҳҳои гуногуни амрикоӣ аз Истаравшан, Ғончӣ ва Конибодом ҷузъиёти рақси ҳип-ҳопро омӯхтанд ва дар ҳар шаҳр бо донишҷӯён сӯҳбатҳо ороста ба саволҳои онҳо дар бораи тамоюлҳои рақси амрикоӣ посух додаанд.
Рӯзҳои 3-юм ва 4-уми декабр Майкл ва Крис бо ҳунармандони маҳаллии рақсҳои ҳип-ҳоп ва муосири театри «Падида» вохурданд. Рӯзи 4-уми декабр онҳо бо гурӯҳи ҳип-ҳопи тоҷикӣ ба шахри Сарбанд сафар карда, бо донишҷӯёни мактаби умумӣ як машғулияти рақсиро доир намуданд. Бо вуҷуди кам будани фурсат барои машқ, Майкл ва Крис бо ҳунармандони рақси тоҷик ҳамкорӣ намуда муваффақ шуданд як намоиши калонеро дар Театри драмавии русии ба номи Маяковский дар Душанбе пешкаши тамошобинон намоянд.
Дар ин намоиш на танҳо ҳунармандони касбӣ иштирок карданд, балки 25 нафар тамошобинон тавонистанд дар машғулияти кӯтоҳи рақсие, ки дар саҳна гузаронида шуд, ширкат варзанд ва унсурҳои асосии рақси ҳип-ҳопро аз худ кунанд. Аз соли 1991 то инҷониб ҳукумати Иёлоти Муттаҳида барои тақвияти робитаи байни мардуми Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон саҳми арзандае гузошта истодааст.
Барномаҳои таълимӣ ва фарҳангии Сафорати ИМА барномаҳоеро аз қабили дарки бархурди фарҳангҳо таввасути мусиқӣ, санъат, маъориф ва мубодилаи фарҳангӣ таблиғ менамояд. Ҳар сол тақрибан 340 донишҷӯи тоҷик дар Иёлоти Муттаҳида таҳсил мекунанд, ва ҳамчунин зиёда аз 170 шаҳрвандони тоҷик тариқи барномаҳои маблағгузории ҳукумати ИМА ба монанди FLEX, MUSKIE, TEA, UGRAD, Робитаҳои ҷамъиятӣ, IVLP ва Fulbright ба ИМА сафар мекунанд.
«Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/3796-2010-12-07-18-17-22.html