04:10:33 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МАВЗУНА ЧОРИЕВА: “ИНШООЛЛОҲ, ДАР ОЛИМПИАДАИ ДИГАР МАН БА ИН ДУХТАР НИШОН МЕДИҲАМ!”

 

Мавзуна Чориева рӯзи 8 август барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон-2012 эълон шуд. Ӯ дар набарде бо муштзани ирландӣ Кети Тейлор рақобат карда, соҳиби ҷои сеюми мусобиқот шуд. Мусоҳибаи телефонии мо бо Мавзуна лаҳзаҳое чанд баъди хатми ин набард барпо шуд.

-Мавзуна, нишони биринҷӣ муборак шавад. Бигӯед, бозиро худатон чӣ баҳо медиҳед?

/images/stories/2012/08/08_mavzuna-chorieva-080812.jpg-Ҳоло хубам, аммо аз тарафи доварон ноодамӣ шуд. Ман бой додам, намегӯям, ки дастболо шудам, вале  баҳои бештарро ба ӯ духтар доданд. Ман барои ҳамин каме нороҳат ҳастам. Валекин, иншооллоҳ, дар Олимпиадаи дигар ман ба ин духтар нишон медиҳам! Ман ваъда медиҳам, ки дар Олимпиадаи дигар тилло мегирам. Ман имрӯз бой додам, вале ман нишон додам, ки мисли “булочка” бой надодам.

-Барои чӣ шумо ва мураббии шумо аз доварон эътироз накардед? То ҷое мо медонем, дар давоми панҷ дақиқаи баъди бозӣ мураббӣ ҳақ дорад, ки аз кори довар эътироз кунад.

-Э ҳе, ин ҷо намешавад. Шумо надидед, ки ин қадар одаме, ки омада танҳо барои вай доду вой карданд. Онҳо ҳеҷ кор карда наметонанд. Агар ман метонистам, ки он одамро афтонам, ман ғалаба мекардам. Вале то он замон ман наметавонистам ғалаба кунам, чунки вай панҷ карат чемпиони ҷаҳон буд. Вайро тамоми дунё мешиносад.

Аммо ман нишон додам, ки ман кӣ ҳастам. Ман рақс кардам, ман мазоқаш кардам, тамоми корро кардам. Аммо шояд мо, аз Тоҷикистон, танҳо 50 нафар омада бошем. Ман ингуна тасаввур мекардам, ки 8 миллион дар қафои ман дод зада истодаанд. Ман тасаввур мекардам, ки онҳо маро дастгирӣ мекунанд.

-Шумо имрӯз асосан бо дасти чап зарба задед ва дасти асосиатон – дасти рост ба хотири дарди китфатон фаъол набуд. Ҳатто як замоне дидем, ки шумо китфи ростатонро дур кардед. Сабаб дар чӣ буд?

-Бале, китфам лат хӯрда буд, лекин мо бояд инро ҳис накунем. Дасти ман баромадагӣ буд, пеш аз набард ман дастамро бардошта наметавонистам. Валекин вақте варзишгар даруни ринг даромад, бояд ҳамаро фаромӯш кунад.

Ман ​​фикри дастро накардам, ман фикри танҳо як чизро кардам, ки 8 миллионе, ки ба ман боварӣ дошт, ба хотири ҳамонҳо ман дарди танамро фаромӯш кардам. Ман ҳар рӯз интернет медароям ва мебинам. Ман бовар дорам, ки Тоҷикистон ба ман бовар мекунад, ки ман дар оянда хуб мешавам. Ман нав 19-сола шудам. Ин ҳама шукронаи Оллоҳу шукронаи пастиву баландӣ аст.

-Шумо барои мардуми Тоҷикистон чӣ паёме доред ин лаҳза?

-Паёми ман ин аст, ки ман дилшикаста нестам. Ман халқи тоҷикро дӯст медорам. Ман тамоми дардеро, ки дар танам буд, ба хотири халқи тоҷик фаромӯш кардам. Ман иншооллоҳ, халқамро ноумед намекунам. Ман дар Олимпиадаи баъдӣ нишон медиҳам, ки ин ман ҳастам! Ҳоло барои ман гап задан душвор аст, чунки ман ҳам хурсандам ҳам зиқам, чаро ки бой додам. Ман барои ватанам ин корро кардам.

-Дар Фейсбук баробари тамом шудани набарди шумо шарҳу тафсири зиёд рехт ва ҳама шуморо тарафдорӣ мекунанд. Оё барои фейсбукиҳо паёме доред?

-Медонед, ҳар фард орзу дорад. Банда баумед аст, шайтон ноумед. Ҳар кас чизе хоҳад, агар ба дилаш наздик бошад, мешавад. Мегӯянд, ки бокс душвор аст, ин бокс душвор нест. Вақте тамоми халқ ба ту боварӣ дорад, ин як ҳаловат дорад.

Ҳама чиз аввал дар дасти худо аст, баъд дар дасти худат. Ту метавонӣ  ҳам тақдири худро ҳал кунӣ, ҳам давлати худро. Агар орзуе доред, қафо нагардед. Ман намедонам, ки бо либоси чакан чӣ хел ба зинаи сеюм мебароям, валекин ман ин корро мекунам. Ин пастию баландиҳо мегузарад ва ман ба орзуям мерасам.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi