ЖУРНАЛИСТИКАИ КОНВЕРГЕНТӢ ЧИСТ ВА ОЁ ОН ДАР МО ВУҶУД ДОРАД?
Дар мизи гирде, ки рӯзи 11-уми март бо дастгирии шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар Душанбе баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои ахбори омма» дар қисмати истифодабарӣ аз Интернет ҳамчун асос ва воситаи дастрасӣ ба иттилоот ва инкишофи ресурсҳои иттилоотӣ мавриди баррасӣ ва баҳсу мунозира қарор гирифт.
Зӯҳра Ҳалимова, директори иҷроиявии ИҶКБМ дар суханронии хеш муҳим будани баррасии ин мавзӯъро барои журналистикаи муосири тоҷик таъкид карда ибрози умедворӣ намуд, ки ҳозирин дар ин нишаст барои билохира посух гуфтан ба суоли Интернетро воситаи расондани иттилоот ҳисобанд ё як воситаи ахбори умум, ба як хулосаи мантиқӣ хоҳанд омад.
Лоиҳаи Қонуне, ки се сол боз баррасӣ мешавад
Ширкаткунандагони мизи гирд, ки аксаран аз ҷумлаи журналистони варзидаи кишвар буданд, муаллифони лоиҳаи Қонуни мазкур Олимҷон Салимзода, раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоотии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Акрамшо Фелалиев, узви ҳамин Кумитаи Маҷлиси Намояндагонро, ки низ ба ин мулоқот даъват шуда буданд, ба баҳси чаро мафҳуми «интернет - журналистика» дар Лоиҳаи Қонун вуҷуд надорад, кашиданд.
Қаблан Олимҷон Салимзода ва Акрамшо Фелалиев қайд намуданд, ки Лоиҳаи Қонуни мазкур ҳанӯз се сол пеш таҳия шуда буд ва таи се сол аст, ки дар доираҳои журналистӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор мегирад. Бояд эътироф кард, ки Қонуни мазкур аз ҷумлаи он қонунҳоест, ки ба ҳаёти ҳар фарди ҷомеъа аз фақир сар карда то вазир иртибот мегирад. Агарчи болои ин тарҳ се сол боз баҳс меравад, вале он ҳанӯз комил нашудааст,- мегӯяд Олимҷон Салимзода.
Маркази миллии ҳуқуқ, мушовири раиси ҷумҳур оиди масоили ҳуқуқ доир ба ин Лоиҳа ибрози назар карданд. Вакилони Маҷлиси Намояндагон фикрҳои худро хаттӣ иброз доштанд. Лозим донистем, ки як гурӯҳи корӣ бо ширкати журналистони варзида ташкил диҳем, то дар барррасии ин Лоиҳа саҳм бигиранд. Хулоса корҳои зиёде анҷом дода шуд. Пешниҳодҳои зиёде ворид гардиданд. Қариб ҳамаи пешниҳодҳо ба инобат гирифта шуданд. Дар муқоиса бо қонуне, ки имрӯз амал мекунад, номаш дигар шудааст. Моддаҳо кам шудаанд.
Агар қонуни феълӣ 40 модда дошта бошад Лоиҳа аз 34 модда иборат аст. Он моддаҳое ҳазф шудаанд, ки имрӯз замона будани онҳоро намехоҳад. Масъалаи доғи журналистика ҳамеша масъалаи дастрасӣ ба иттилоот ва ба қайдгирии васоити ахбори омма ба шумор мерафт, ки моддаҳои мушаххасе дар ин робита ба лоиҳаи қонун дохил гардида ва то ҷое онҳо содда карда шуданд,- гуфт дар идомаи сухан раиси Кумитаи Маҷлиси Намояндагон. Имрӯз баҳси интернет-журналистика ба миён омадааст. Чанде пеш як конференси бисёр хуб ва хотирмонро дар мавриди ҳукумати электронӣ роҳандозӣ карданд. Раиси ҷумҳур ба ин масъала таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунанд. Нафареро ҳам масъули ҳаллу фасл кардану рушд додани истифодабарӣ аз интернет таъин карданд. Ман дар Амрико будам. Дидам, ки одамон тавассути Интернет ҳатто дар интихоботҳо иштирок мекунанд. Бисёр содда, бисёр оддӣ ва бисёр шаффоф. Интернет ояндаи мо ҳаст»,- иброз дошт Олимҷон Салимов.
Ба қайдгирӣ аз рӯйи пинсипи «Равзани ягона»
Акрамшо Фелалиев: Лоиҳаи Қонун «Дар бораи васоити ахбори омма» қонуни тамоман нав нест. Ин қонун дар таҳрири нав аст. Зарурати пешниҳод кардани қонуни нав аз чӣ иборат аст? Аввалин ки Қонун бори аввал соли 1990 қабул шудааст. Ба он солҳои 1996, 1997, 1999 ва 2002 тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд ва бояд гуфт, ки ҳамин қонун ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест. Барои ҳамин ҳам Кумитаи мо мувофиқи нақша тасмим гирифть, ки конунро дар таҳрири нав пешниҳод намояд. Пеш аз ҳама барои оммафаҳм шудани Қонун мо мафҳумҳои асосиро дар аввал пешниҳод кардем.
Номи баъзе моддаҳо агарчи тағйир накарда бошанд ҳам, вале матни онҳо хеле тағйир кардаанд, мазмун дигар шудааст, тағйироту дигаргуниҳо ворид шудааст. Дар Лоиҳаи пешниҳодкардаи мо инчунин ба қайдгирии давлатии воситаҳои ахбори омма низ каме дигар шуд, яъне бо принсипи «Равзанаи ягона» тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба қайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони ифиродӣ» ба роҳ монда мешавад.
Лекин дар ин масъала пешниҳодҳои дигаре шуда истодаанд. Пешниҳодҳо бояд дар чаҳорчӯбаи Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд. Баъзеҳо пешниҳод кардаанд, ки дар ин Лоиҳа масъалаҳои иҷтимоии журналистонро ҳамроҳ кунем. Вале бояд гуфт, ки ин предмети ин қонун нест. Ин масъалаҳоро қонунҳои дигар танзим мекунанд.
Қонуни матбуот мисли қонуни дин нест!
Сардабири сомонаи «www.ruzgor.tj» Султони Ҳамад: «Ман дар ҳамин Лоиҳаи Қонун «Дар бораи васоити ахбор» мушаххасан дар бораи сомонаҳо ва дар бораи журналистикаи интернетӣ ягон нуктаро надидам. Лекин фикр мекунам, ки зери мафҳуми «воситаҳои иттилооти шабакавӣ-воситаҳои ахбори оммае, ки маҳсулоташон тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ паҳн мегарданд ва муштариёни шабака метавонанд ба он аз ҳар ҷо, дар ҳар вақт аз рӯи интихоби хеш дастрасӣ дошта бошанд», ки дар боби муқаррароти умумии ҳамин лоиҳа омадааст, интернет ҳам дар назар дошта шудааст.
То имрӯз сомонаҳои интернетие, ки ба пахши ахбор машғуланд, дар ягон ниҳоди давлатӣ расман ба қайд гирифта намешаванд. Мантиқан зери мафҳуми воситаҳои иттилоотии шабакавӣ ҳамин сайтҳои хабарӣ ва таҳлилӣ низ дохил мешаванд.Ба Лоиҳаи Қонун ворид кардани ин мафҳум оё маънои онро нахоҳад дошт, ки интернет журналистика низ ба қатори васоити ахбори омма дохил шуда аз ин ба баъд он ҳам мисли дигар васоити ахбор дар вазорати адлия ба қайд гирифта мешавад?
Ва дар ҳамин робита боз мехостам бипурсам, ки баъди қабул шудани ин Лоиҳаи Қонун васоити ахбори омма аз сари нав ба қайд гирифта хоҳанд шуд ё не? Зеро чунин таҷриба дар қонунгузорӣ ва давлатдории мо ахиран ба вуқӯъ пайвастааст?
Дар посух ба ин суол Олимҷон Салимзода иброз дошт, ки лоиҳаи Қонун «Дар бораи васоити ахбори омма» мисли Қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» нест, ки водор намояд ҳамаи масҷидҳоро аз нав сабти ном кунад. Ҳамаи нашрияҳое, ки дар вазорати фарҳанг ва вазорати адлия сабти ном шудаанд, аз ин ба баъд ҳам бе сабти номи иловагӣ фаъолияташонро идома хоҳанд бахшид. Нашрияҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ бошанд, барои мисол ташкилоти ҷамъиятии «Хома» танҳо дар вазорати фарҳанг ба ҳисоб гирифта мешаванд.
Акрамшо Фелалиев: Оиди интернет журналистика дар варианти пештараи Лоиҳаи Қонун дар бораи васоити ахбори омма мафҳуми «интернет журналистика» мавҷуд буд. Мо ин мафҳумро ба ин хотир хориҷ кардем, ки тибқи техникаи қонунгузорӣ агар он дар мафҳум омада бошад ба он бояд ягон модда бахшида шавад. Аз сӯйи дигар ҳанӯз ҳам баҳсу мунозираҳо дар атрофи масъалаи интернет ин воситаи ахбори омма аст ё воситаи расондани ахбор идома доранд. Барои ҳамин ҳам чизеро ки аниқ нашудааст, ба қонун даровардан бармаҳал аст.
Маҳдуд кардани истифодабарӣ аз интернет ин теша бар решаи худ задан аст
Рустам Қосимов, директори Фонди Ҷамъиятии «Интернет» дар мавзӯи «Интернет ҳамчун муҳити дастрасӣ ба иттилоот» суханронӣ кард. Ӯ аз ҷумла дар бораи аҳамияти шабакаи интернетӣ дар ҳаёти имрӯзаи мардум сухан ронда гуфт, ки он имрӯз тамоми соҳаҳои ҳаёти одамонро дар бар гирифтааст. Ҳоло тавассути интернет одамон дар кишварҳои пешрафта қариб ки ҳамаи корҳои рӯзмарраи худро ба анҷом мерасонанд.
Ҳам иттилоот мегиранд, ҳам муошират мекунад, ҳам бо тиҷорат машғул мегарданд ва ҳам соҳибмаълумот шуда соҳиби ихтисос мегарданд. Интернет кори номарасонҳоро хеле осон кардааст. Номаҳо аз як ҷои дигар дар як лаҳза бидуни истифода аз коғаз фиристода мешаванд. Саволи муҳим ин аст, ки оё мешавад аз болои интернет назорат кард ва ё кори онро мувофиқи табъи дил ба низом даровард? Ба хусус бахши васоити ахбори оммаи Интернетро?
Дар замоне, ки хадамоти интернетрасонииии як сомона метавонад дар кишварҳои мухталиф мақар дошта бошад, назорат бурдан ва ё ба танзим даровардани фаъолияти он кори беҳуда ва ҳатто метавонад зиёновар бошад. Маҳдуд кардани як самти фаъолияти интернетӣ метавонад ба хоҷагии халқ, ки торафт ба интернет пайваст мегардад, зарар биёрад. Маҳдуд кардани васоити ахбор дар интернет маънои онро дорад, ки мо садои худро дар интернет заъиф хоҳем кард. Дар таъмини амнияти иттилоотӣ барои худ мушкил эҷод мекунем. Фазои иттилоотиро барои рақибони худ холӣ ва боз мекунем.
Мо имрӯз кӯшиш дорем, ки журналистика ва интернетро ба ҳам бипайвандем, ки ин нодуруст аст. Мақоми журналистро фаъолияти касбии ӯ муайян месозад, на ягон тенологияи пешрафта ва муҳите, ки дар он ҷо ӯ фаъолият мекунад. Агар журналист дар Душанбе кор кунад, масалан мо намегӯем, ки журналисти шаҳри Душанбе аст. Мо нишондиҳандае надорем, ки тафовути байни сайти журналистӣ аз сайтҳои дигарро ба мо муайян созад. Барои ҳамин ҳам ман бар ин назарам, ки мафҳуми «интернет журналистика» мафҳуми нодуруст ва ғайриқобили қабул аст.
Ҷарима набояд боиси барҳамхӯрии расонаҳо шавад!
Рухшона Олимова, ҳамоҳангсози ИҶКБМ дар Тоҷикистон: Аз фурсат истифода бурда мехостам як пешниҳоди худро барои ворид кардан ба Лоиҳаи Қонун «Дар бораи васоити ахбори омма» ироа намоям. Ман пешниҳод мекунам, ки дар Лоиҳаи Қонун миқдори маблағе, ки барои пардохти товон барои расондани зарари маънавӣ, ки аз тариқи додгоҳҳо ба ин ва ё нашрия ба хотири маводи дарҷгардидаашон муқаррар мегардад, ба таври мушаххас нишон дода шавад ва ҷарима ба он миқдоре бошад, ки ба аз байн рафтани васоити ахбори омма оварда нарасонад.
Масалан маблағи товоне, ки ҷубронашро даъвогарон (адвокатҳо ва сардори раёсати ВКД) аз ҳафтаномаи «Азия-Плюс» талаб карда истодаанд, аз се миллион сомонӣ зиёд аст. Маълум аст, ки ҳафтанома дар сурати бар зарараш анҷом ёфтани муҳокимаи парванда дар додгоҳ, тавони пардохти ин миқдор пулро надорад. Дар он сурат на танҳо ҳафтанома фаъолияташро қатъ хоҳад кард, балки соҳиби он бояд барои иҷро накардани қарори додгоҳ, яъне напардохтани маблағи ҷарима боз ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Таҷриба муқаррар кардани ҷарима барои расондани зарари маънавӣ бо дар назардошти фикри болоӣ аллакай дар қонунгузории дигар кишварҳо, ба хусус Русия мавҷуд аст. Мо метавонем дар ин масъала ба онҳо пайравӣ кунем.
Ба «низомдарории» Интернет кори ғайриимкон аст
Муҳаммадӣ Ибодуллоев, директори Фонди ҷамъиятии ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет, ки дар дар мавзӯи «Интернет ҳамчун замина барои рушди сарчашмаҳои иттилоотӣ суханронӣ кард аз ҷумла гуфт, ки «ба фикри ман имрӯз интернет ба монанди шабакаҳои телевизионӣ, шабакаҳои радио бояд ҳамчун технологияи дастрасӣ ба иттилоот дида баромада шавад. Телефони мобилӣ низ баъди чанд муддат метавонад ҳамчун воситаи дастрасӣ ба иттилоот ҳисобида шавад. Имрӯз яке аз манбаъҳои бойтарин дар интернет ин Википедия ҳаст, ки танҳо ба забони тоҷикӣ қариб 10 ҳазор саҳифа мавод дорад.
Фаъолияти кормандони ин сомонаро оё мо ба қатори фаъолияти журналистҳо дохил карда метавонем? Васоити ахбори омма имрӯз аз интернет васеъ истифода мекунанд ва бештар аз ҳама усули саволу ҷавобро истифода мебаранд. Барои мисол сомонаи «Азия плюс» саволу ҷавоби муштариёнашро бо яке аз шахсиятҳои маъруф ташкил мекунад.
Дар ин байн саволҳои ҳархела пайдо мешаванд, ҳатто таҳқиромез. Кӣ барои мӯҳтавои ин саволҳо бояд ҷавоб гӯяд? Шахсе, ки савол додааст, ки аксаран ашхоси номаълуманд ва нишонии ҷаълӣ доранд, ё ҳайати эҷодии сомона ва ё сардабир? Пайдо кардани шахси таҳқиргар ва ҷазо додани ӯ дар интернет қариб, ки кори ғайриимкон аст. Хусусан вақте, ки ӯ дар хориҷ аз кишвар кору зиндагӣ кунад. Дар чунин вазъ танҳо посухи мантиқан сазовор ва тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ додан ба ӯ мувофиқи мақсад ва айни муддао асту халос.
Аз ин ба баъд таҷрибаи обуна шудан ва гирифтани ахбор тавассути телефонҳои мобилӣ ба анъана даромада истодааст. Ин тарзи расондани хабарҳоро чӣ гуна метавон зери назорат гирифт ё ба низом даровард? Аз он ки муаллифони лоиҳаи Қонун «Дар бораи васоити ахбори омма» мафҳуми «интернет-журналистика»-ро аз ин ҳуҷҷат гирифтанд, мо ибрози қаноатмандӣ мекунем. Вале эҳтимол дорад, ки дар оянда ин масъала боз аз сари нав пайдо шавад. Барои ин ҳамаҷиҳата омода будан даркор аст.
Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар ҷой аввал аст
Дар суханронии худ Мавзуна Абдураҳмонова, ҳамаоҳангсози Барномаи иттилоотии ИҶКБМ дар бораи технологияи нави мобилӣ аз ноутбукҳова телефонҳои ҳамроҳ сар карда то нетбук, смартфонҳо ва ғайра маълумоти муфид ироа карда иброз дошт, ки дар Тоҷикистони мо тибқи омори ширкатҳои телефонҳои мобилӣ соли 2009 шаст дар сад ва соли 2010 ҳаштод дар сади аҳолӣ ба қатори истифодабарандагон аз телефонҳои мобилӣ дохил гардидаанд, ки аз ин миқдор панҷоҳ дар садашон истифодабарандагони фаъол ба ҳисоб мераванд.
Дар ин дастгоҳҳои техникии мобилӣ технология ва барномаҳои хеле пешрафтаи ҳозиразамон насб карда шудааст, ки барои қабули иттилоот, бо суръат ва арзонтар расондани он имкониятҳои васеъро фароҳам месозанд. Бояд гуфт, ки дар муқоиса бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистони мо дар ин самт аз тенологияи пешрафтатарин истифода мебарад ва дар сафи аввал ҷойгир аст. Дар Тоҷикистон нӯҳ операторҳои мобилӣ фаъолият мекунад, ки қариб ҳамаи онҳо аз стандартҳои технологияи пешқадам истифода мебаранд.
Зангҳои телефонии видеоӣ, номаҳои кӯтоҳи ирсолӣ (СМС), истифодабарӣ аз интернет аз ҷумлаи хадамотест, ки аз онҳо маъмулан торафт бештар истифода мебаранд. Воқеан, Тоҷикистон дар ҷаҳон ягона кишварест, ки қимати зангҳои видеоии он аз ҳама арзон, барои як дақиқа ҳамагӣ як сент арзиш доранд. Соҳибони дастгоҳҳои аз ҷиҳати техникӣ пешрафтаии телефонҳои мобилӣ акнун имконияти на танҳо гирифтану фиристодани хабар ва ё иттилоотро доранд, балки онро метавонанд акс, наворҳи видеоӣ гирифта овозро сабт намоянд ва онҳоро ба таври салоҳдиди худ ҳатто таҳриру монтаж намуда истифода баранд.
Хулоса имкониятҳои дастгоҳҳои мобилии ба интернетпайвастшуда барои васеъ кардани ҷаҳонбинии муштариён хеле васеъ мебошанд. Имрӯз тавассути телефонҳо мешавад китоб хонд, забони хориҷиро аз худ кард. онро ҳамчун тарҷумон истифода бурд. Ба гуфтаи Мавзуна Абдураҳмонова дастгоҳҳои мобилии ба интернетпайвастшударо ба қатори васоити ахбори омма нашояд дохил кард, балки онро воситаи ҳозиразамони саривақт расондани иттилоот бояд донист.
Оянда ба телевизионҳои IPTV тааллуқ дорад
Асомуддин Атоев, раҳбари Академияи маҷозии технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ барои рушд дар мавзӯи «Пахши телевизион тавассути Интернет (IPTV) суханронӣ кард. Ӯ аз ҷумла чунин гуфт: «Чандрасонаӣ ба технологияе марбут мебошад, ки иттилоотро тавассути зиёда аз як расона, аз ҷумла матн, графика, видео, аудио, аниматсия ба дигарон пешниҳод менамояд. Фарқи IPTV аз телевизиони феълӣ дар чист? Пеш аз ҳама ин каналҳои бештар дорад. Идорашаванда ҳаст.
Хизматҳои бештар расонда метавонад ва ҳатто мувоқии талаби муштарӣ метавонад мавод пешниҳод кунад. Аз он мешавад телевизиони шахсӣ сохт. Барои истифодаи он маблағи алоҳида ситонда намешавад. Телевизиони IPTV-ро тариқи телефонҳои мобилӣ, компютерҳова ҳатто тавассути телевизорҳои муқаррарӣ дар сурати пайваст будан ба интернет метавон истифода бурд.
Як фарқи телевизиони IPTV аз телевизиони интернетӣ дар он аст, ки он метавонад дар Интернет бошад ва метавонад набошад. Яъне метавонад дар режими онлайн аз тариқи Интернет барномаҳои худро ба муштарӣ бирасонад, вале дар Интернет ба таври доимӣ набошад. Телевизиони Интернетӣ танҳо ва танҳо дар дохили шабакаи Интернет вуҷуд дошта метавонад. Дар Тоҷикистон телевизиони Интернетӣ вуҷуд надорад. Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон аллакай аз хизмати ин навъ телевизион васеъ истифода мебаранд. Барномҳои ин телевизионҳо се навъ мешаванд: барномаҳои мустақим, барномаи шахсӣ ва барномаи дархостшуда.
Аз ин навъи телевизион мешавад, ки ба роҳат дар фаъолияти рӯзмарраи муассиса барои рушди кор истифода бурд. Тавассути ин телевизион мешавад, ки ба хотири таъмини амният дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва аз ҷиҳати стратегӣ муҳим назорати пайваста бурда шавад. Дар кори соҳаи тиҷорат низ қулай ҳаст, ки аз он истифода бурда шавад. Шабакаи имрӯзаи правайдерҳои Интернет дар кишвар аз ҷиҳати технологӣ ҷавобгӯи ба роҳ андохтани чунин хадамот дар шабакаи мобилӣ ва Интернет ҳаст. Ба ҳар ҳол агар ин корро дар тамоми ҷумҳурӣ омода набошем, ки ба роҳ монем, вале дар шаҳрҳо ин корро имкон дорад, ки амалӣ кунем. Интернетро ман востиаи расондани иттилоот меҳисобам на ҳамчун васоити ахбори омма».
Журналистикаи нав моро дар пеш аст
Шаҳло Акобирова, директори ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар мавзӯи «Журналистикаи конвергентӣ» суханронӣ кард аз ҷумла афзуд, ки ахиран дар журналистикаи муосир чанд истилоҳе ба миён омадааст мисли журналистикаи мултимедиа ё худ чандрасонаӣ ва ё бисёррасонаӣ, редаксияи конвергентӣ ва ё журналистикаи конвергентӣ. Мафҳуми журналистикаи конвергентӣ аслан 20 сол пеш пайдо шудааст, яъне замоне, ки Интернет аввалин қадамҳои худро мегузошт. Худи калимаи «конвергент» ин калимаи англисӣ ҳаст ва маънояш «ба ҳам наздик кардан», «ба ҳам пайвастан» аст ва журналистикаи конвергентӣ ҳам ин яъне омӯзиши сабку услуби пешкаши иттилоот дар ВАО-ро дар назар дорад. Имрӯз замоне расидааст, ки дигар бо усули маъмулӣ кор кардан, яъне танҳо бо матн дар матбуоти нашрӣ, бо садо дар радио ва бо видео дар телевизион кор кардан барои журналисти муосир басанда нест.
Дар оянда ба фикри ман ҷои журналистӣ касбро журналисти халқӣ ва ё журналисти гражданӣ танг мекунад. Мисоли оддиашро мо дар иъикоси воқеаҳои таркиш дар фурӯдгоҳи Домодедово ва аз ин пештар дар яке аз стансияҳои метрои Маскав мушоҳида карда будем. Яъне чӣ гуна расонаҳои хабарии олам, махсусан телевизионҳо аз наворҳои тавассути телефонҳои мобилӣ сабтшуда истифода карданд. Яъне имрӯз моро журналистикаи нав бо фалсафаи нав дар пеш аст. Аслан ҳамаи талошҳо барои аудитория ҳаст.
Аудиторияи имрӯза мисли 10 ё 20 сол пеш нест. Аз сӯи дигар нақши иттилоот низ дар ҳаёти инсон ба куллӣ тағйир ёфтааст. Агар одамон дар гузашта бо хондани як ду рӯзнома ва тамошои телевизионе, иктифо мекарданд, имрӯз имконияти хеле зиёд, истифода аз Интернет, моҳвора, телевизионҳои шабакавӣ, телефонҳои мобилӣ ва боз дигар воситаҳои расондани иттилоотро доранд. Оксана Силантева аз беҳтарин донандаҳо ва мутахассиси журналистикаи конвергентӣ дар Русия ҳаст, нақл мекунад, ки соли 2005 вақте, ки ӯ бо донишҳои васеъ дар бораи журналистикаи конвергентӣ аз Англия ба Русия баргашт, ӯ ҳис кард дар Русия ба касе лозим нест.
Аммо чанд сол баъд, яъне имрӯзҳо талабот ба ӯ хеле зиёд шудааст ва ҳама редаксияи конвергентӣ бисозанд. Имрӯз воситаи ахбори оммае, ки худро эҳтиром мекунад, талош дорад ки аз журналистикаи конвергентӣ васеъ истифода барад. Тибқи омори расмӣ имрӯз муштариёни расонаҳое, ки ба истеҳсол ва пахши маводи бо усули чандрасонаӣ таҳияшуда дар Русия машғул ҳастанд, дар як шабонарӯз ба панҷсад ҳазор мерасад. Чанде пештар оҷонсии РИА Новости асосан дар ҷаҳон дастрасткунандаи маводи хом буд.
Имрӯз ба бузургтарин расонае, ки бо усули чандрасонаӣ маводҳои хешро пешкаши муштариён месозад, табдил ёфтааст. Яъне РИА Новости имрӯз як редаксияи бузурги конвергентӣ ҳаст. Табдили ВАО-и анъанавӣ ё классикӣ ба бисёррасонаӣ тағйироти куллиро пеш аз ҳама дар сохтор идора, коргузорӣ, истифодаи васеи технологияҳои нав мехоҳад. Ниёз ба мутахассисони варзида дар ин соҳа дорад-, изҳор дошт Шаҳло Акобирова.
Ширкаткунандагони мизи мудаввар дар хотима ба қароре омаданд, ки то 18-уми март, яъне то ба баррасии Парлумон пешниҳод шудани лоиҳаи Қонуни мазкур бори дигар гирди ҳам омада доир ба ин санади муҳим фикру андешаҳои худро ҷамъбаст менамоянд ва онҳоро пешкаши намояндагони Парлумон хоҳанд кард.
«Рӯзгор»
http://www.ruzgor.tj/matbuot/4648-joornalistikai-konvergenti-chist.html