10:14:08 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

ИЗҲОРОТИ МАТБУОТИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

 

Изҳороти матбуотии 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 
(29 майи соли 2009)



Мӯҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори умум, дӯстони азиз!

Мо аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти муфассал ва судманд бо Президенти мӯҳтарами Ҷумҳурии Туркия Ҷаноби Олӣ Абдулло Гул изҳори қаноатмандӣ менамоем. Тоҷикистону Туркия чун шарикони боэътимод дар фазои анъанавии дӯстона ва ҳусни тафоҳум масъалаҳои дарёфти роҳҳо ва василаҳои муассири густаришу тақвияти ҳамкории васеи судмандро баррасӣ намуданд. Дар ин росто ба масоили ҳамкории босамар ва сатҳи имрӯзии иқтисодӣ таваҷҷӯҳи хос сурат гирифт. Мо бар онем, ки ҳамкории иқтисодии мо имконот ва захираҳои ниҳоят зиёд дорад ва мо қодирем онҳоро ба нафъи ҳарду кишвар ва сатҳи нави ҳамкории минтақавӣ истифода намоем.

Мо самтҳо ва соҳаҳои дигари ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуда, зарурати густариши онҳоро таъкид намудем. Кори самараноки Комиссияи байниҳукуматӣ ва Шӯрои корӣ, ки дар чаҳорчӯби сафари мазкур ҷаласаи худро доир менамояд, махсус қайд гардид.

Дар доираи Комиссия мувофиқа шудааст, ки соли равон ҳайати ширкатҳои пудратии Туркия ба кишвари мо ташриф меоранд ва инчунин нимаи аввали соли оянда намоишгоҳи молҳои содиротии Туркия дар Тоҷикистон баргузор хоҳад гашт.

Ҳамчунин як қатор лоиҳаҳои ҷолиби таваҷҷӯҳи тарафайн дар соҳаҳои энергетика, сохтмон, саноати сабук, туризм, кишоварзӣ, нақлиёт баррасӣ шудаанд ва чораҳои мушаххаси амалигардонии онҳо аз ҷониби коршиносони ду ҷониб мавриди баррасӣ ва иҷро қарор хоҳанд гирифт.

Қарор шуд, ки Туркия бо истифода аз таҷрибаи ғании худ барои воридшавии Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ва ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон кӯмаки техникӣ хоҳад расонид. Хулоса, мо нақшаҳои калон дорем ва баҳри татбиқи онҳо кӯшиши зарурӣ ба харҷ медиҳем. 

Дар ҷараёни мулоқоту музокирот инчунин масоили муҳими минтақавӣ, қабл аз ҳама қазияҳои маълуми сиёсӣ баррасӣ шуданд. Мо ҷонибдори онем, ки дар ин марҳалаи ҳассос ҳамаи давлатҳо масъулона ва ниҳоят санҷида амал намоянд. 

Бояд махсус таъкид намуд, ки Тоҷикистон ва Туркия дар мавриди масъалаҳои амнияту субот ва ҳамкории минтақавӣ назари муштарак ва ё наздик бо ҳам доранд. 

Мо мубориза бо ду хатари ҷиддӣ, яъне терроризми глобалӣ ва қочоқи маводи мухадирро ба нафъи субот, амният ва пешрафти минтақа медонем. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори густариши пайгири равобит ва ҳамкории минтақаҳои таърихан пайванд мебошад.

Ҳар ду ҷониб зарурати ҳамкории босамартари кишварҳои мусулмонро таъкид намуданд. 

Масоили муҳими ҷаҳонӣ низ баррасӣ шуданд. Мо тақвият ва таҳкими низоми байналмилалиро бар асоси усули меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва нақши марказии Созмони Милали Муттаҳид ниёзи аслии башарият медонем.

Изҳори итминон менамоям, ки сафари Ҷаноби Олӣ барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар такони тозае мебахшад.

President.tj 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi