11:55:55 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ШУМОРАИ БЕКОРОН ДАР МАМЛАКАТҲОИ ИДМ МЕАФЗОЯД

 

 Аз рӯи маълумоти Созмони байналхалқии меҳнат, тӯли солҳои оянда шумораи бекорон дар мамлакатҳои ИДМ ва Ҷанубу Шарқи Аврупо то 35 фоиз зиёд хоҳад гашт. Шумораи онҳо соли равон аз 210 то 239 миллион нафарро ташкил медиҳад. Соли 2008 дар саросари ҷаҳон зиёда аз 190 миллион нафар бекор буд. 

Ба қавли коршиносони Созмони байналхалқии меҳнат, вазъияти бозори меҳнат торафт муташанниҷтар мегардад. Моҳи март хабар дода шуда буд, ки дар натиҷаи бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ соли 2009 сафи бекорон нисбат ба соли 2007 аз 24 то 54 миллион нафар зиёд хоҳад шуд. Вале имрӯз изҳор карда мешавад, ки соли 2009 теъдоди бекорон аз 39 то 59 миллион нафарро ташкил дода метавонад. 

Дар робита мамлакатҳои ҷаҳон даъват карда мешаванд, ки барои пешгирии бекорӣ ва кам шудани музди кору маоши коргарон тадбирҳои қатъӣ ва судбахш андешанд. Аз ҷумла, ба мамлакатҳо тавсия дода мешавад, ки сохтмони роҳҳо, биноҳо ва иншоотҳоро афзоиш дода, бо ҳамин васила ҷойҳои нави кор муҳайё созанд. 

Созмони байналхалқии меҳнат аз 3 то 19 июн бахшида ба проблемаҳои бекорӣ конфронси байналхалқӣ баргузор месозад.

Созмони байналхалқии меҳнат бо назардошти бӯҳронҳои гузашта чунин мешуморад, ки ҷараёни барқарор сохтани бозори меҳнат баъди ба охир расидани бӯҳрон аз чор то панҷ сол давом мекунад. Қайд карда мешавад, ки ҳар сол ба бозори меҳнати мамлакати ҷаҳон 45 миллион нафар дохил мегардад. Ин чунин маъно дорад, ки дар давоми солҳои 2009 - 2015 барои бо кор таъмин намудани онҳо 300 миллион ҷойи нави кор ташкил намудан лозим аст. Дар ин бора аз дафтари матбуоти СММ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Фарангис Раҳимова, АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi