21:23:36 04-уми Июни 2025 сол

Омилони ҳамла ба манзили Алимардонов маҳкум мешаванд

Додгоҳи олии Тоҷикистон фардо, 26 сентябр, ҳукми омилони ҳамла ба манзили Муродалӣ Алимардон, ҳоло муовини сарвазир ва собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2005-ро эълон хоҳад кард. Як манбаъ дар ин ниҳод ба мо гуфт, мақомоти тафтишотӣ афроди ғоратгарро танҳо шурӯъи соли равон боздошт карданд ва мурофиаи додгоҳии онҳо ду моҳи қабл оғоз шуда, «сухани ниҳоӣ»-и боздоштшуда рӯзи 24 сентябр шунида шуд.

alimardonov-6566565.jpgМақомоти тафтишотӣ се нафарро ба қатл ва дуздиву гаравгонгирӣ дар манзили шахсии Муродалӣ Алимардон муттаҳам медонанд. Ин се нафар - Умед Насриддинов, Зайниддин Самадов ва Дилшод Мирзоев ба дуздӣ ва қатли посбони хонаи собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳоло муовини сарвазир Муродалӣ Алимардон мебошанд ва бино ба иттилои мақомот нафари чаҳорум - Қобил Улуғов, ки гӯё маҳз ӯ ба қатли посбон даст дорад, боздошт нашудааст.

Боздоштшудагон аз рӯйи 5 модда – 104 (одамкушӣ), 130 (одамрабоӣ), 195 (ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан гирифта гаштани яроқ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш), 249 (роҳзанӣ) ва 254 (соҳиб шудан ё ба соҳибияти каси дигар додани амволе, ки баръало бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудааст) –и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам мешаванд.

Додситонӣ аз додгоҳ барои муттаҳамон аз додгоҳ ба мӯҳлати аз 23 то 25 соли ҳукми зиндон дархост кард. Манобеъи наздик ба хонаводаи Муродалӣ Алимардон мегӯянд, дар ҳодисаи мазкур аз хонаи собиқ раиси Бонки Миллӣ 9 ҳазор доллари нақд ва тилловорӣ ба маблағи 4 ҳазор долларро рабуда, посбони манзил Бозор Саидовро бо таппончаи тамғаи «Макаров» ба қатл расондаанд.

Мақомот мегӯянд, ду ғоратгар бо таппончаи «Макаров» ва яки дигар бо мусалсали «Калашников» мусаллаҳ буданд ва як нафарро ҳам аз манзили муовини сарвазири Тоҷикистон гаравгон гирифтаанд. Ҳамла ба хонаи Муродалӣ Алимардон шаби 29 ба 30-юми июни соли 2005 дар ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, деҳаи Ноҷии болои ноҳияи Ҳисор рух дода буд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854