11:33:38 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Чопи китоби шоири саршиноси миллат бо теъдоди хеле маҳдуд

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии СССР Мӯъмин Қаноат китоби навашро бо номи "Тоҷикистон исми ман" тақдими мухлисонаш кард. Аммо аз маҳдуд будани теъдоди нашр ин бор низ ҳаводорони назми Қаноат наметавонанд онро аз дуконҳо дастрас кунанд. Китоб ба ҳамаи китобхонаҳои кишвар, аз хурд то бузург ва ҳатто ба китобхонаҳои мактабҳо ҳадя мешавад, вале дар фурӯш онро дарёфт кардан имкон надорад.

mumin qanoat-658474545Мураттиби китоб Ҳайдаршои Акбар аст ва ба он шоир ва олими шинохтаи кишвар Рустами Ваҳҳоб сарсухан навиштааст. Рустами Ваҳҳоб, ки устод Қаноатро "эҷодгари қутби нав" муаррифӣ кардааст, дар сӯҳбат бо "Рӯзгор" гуфт, ки ҳамаи даҳ достони пири суханварони муосири тоҷик дар ин китоб ҷо гирифтаанд. Китоб бо ҳамон достони машҳури шоир "Тоҷикистон исми ман", ки соли 1974 эҷод шудааст, номгузорӣ шудааст ва ҳамин достон китобро оғоз мекунад. Ҳамсуҳбати мо гуфт, ки китоб бо ташаббуси ӯву Ҳайдаршо Акбар ин гуна ном гирифт ва аз ин худи устод Қаноат истиқбол намуд.

Маврид ба ёдоварист, ки китобҳои устод Қаноат хеле кам интишор мешаванд. "Аз бесутун то кунун" ва "Оинаи беғубори ман" ном ду асараш аввали солҳои 90 рӯи чоп омада буданд, вале чун ҳам ба теъдод маҳдуд ва ҳам аз  сифати пасти чоп маъруфияте пайдо накарданд. Устод Қаноат ҷанги шаҳрвандии кишварро дар достони "Ҳамосаи дод" инъикос кардааст ва қатори "Масъуднома" метавон онро низ охирин асарҳои то кунун интишорёфтаи шоири баруманд донист.

Вале агар ба назар гирем, ки охирин китобаш ҳамон асарҳои аввали солҳои 90 чопшудааш мебошад, пас метавон гуфт, ки ин бештар аз бист сол ашъори устод Қаноат аслан интишор нашудаву иқдоми дар ин ҳаҷм (ҳудудан 500 саҳифа) чоп кардани китоби шоири шинохта як кори савоб ва ҳиммати баланд аст, ки на аз тариқи ягон интишороти давлатӣ, балки аз ҷониби Бунёди хайрияи "Муаллими куҳистон" сармоягузорӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки ахиран бо пули Президенти Тоҷикистон даҳҳо ҷилд китобҳои адибон рӯи чоп омадаву дар рафҳои мағозаҳо аз сабаби дандоншикан будани нархашон хобанд. 

ӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi