02:12:00 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ф.Саидов: "Ташхиси ДНК-и Зайд Саидов 99,9% дуруст буд"

Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии муборриза бо фасод "Био Папа" ё ташхиси ДНК дар қазияи Зайд Саидовро, ки тавассути тафтишот сурат гирифта буд, воқеӣ хонд.

korrupsiya-01Ҷаноби Саидов дар посух ба суоли хабарнигорон, ки вакилони дифоъ ташхиси ДНК тавассути тафтишотро нодуруст шумориданд, гуфт, ки "аслан барои ҳолати таҷовуз, умуман ташхиси ДНК мумкин набуд, Чун чор-панҷ сол пеш ин кор сурат гирифта буд. Лекин ба ин нигоҳ накарда, ташхиси ДНК -ро тафтишот анҷом дод."

Ҳарчанд ба гуфтаи ҷаноби Саидов, "ҳатто вакилони дифоъ пешниҳод карданд, ки онҳо бояд ин ташхисро анҷом диҳанд, аммо дар чорчӯби қонун, ин салоҳияти тафтишот аст ва мо инро анҷом додем ва натиҷаи он 99, 9 дар сад дуруст аст."

Аммо ба гуфтаи раиси Оҷонсии мубориза бо фасод, вакилони Зайд Саидов, ба хотири "пулҳои хӯрдаашон" бояд дар чашми пайвандони вай чунин намоишкорона мекарданд. Ҳатто Фаттоҳ Саидов, гуфт, ки ин вакилон 8 - 9 моҳ боз субҳонаашонро дар манзили Зайд Саидлов мехӯранд.

Ба гуфтаи ҷаноби Саидов, барои анҷом додани ташхиси ДНК, бояд маҳлул ё оби даҳони кӯдакро бояд гирифт, аммо кӯдак дар назди модараш аст ва вакилони дифоъ ин корро накардаанд, балки ба хотири худашонро "ҳаққ" баровардан ин корро "махсус ташкил карданд.

Аммо раиси Оҷонсии мубориза бо коррупсия дар маврид молу мулк гуфт, ки ҳоло молу мулк ҳабс аст ва ҳамакнун нисбати 5 иттиҳоми дигар тафтишоти ҷиноятҳои иқтисодӣ идома дорад. Масъулони Оҷонсии мубориза бо фасод мегӯянд, ки "вақте тафтишот исбот кард, ки ҳамин молу мулк ба Зайд Саидов тааллуқ дорад, баъд масъалаи мусодираи он матраҳ хоҳад шуд. Чун ба таъкиди ин масъулон, бештари ин молу амвол ба номи хешу табораш аст ва ҳатто 15 хона ба номи хешу табораш аст.

"Идораҳои барқ қарзи аҳолиро 5 баробар зиёд нишон медиҳанд"

Раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гуфт, ки санҷиши ахир нишон дод, ки идораҳои барқ, қарздориро бар сари аҳолӣ мезананду худро бегуноҳ мепиндоранд.

Фаттоҳ Саидов, рӯзи сешанбеи 4 феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки" маълум шуд, ки идораҳои барқ дар шаҳру ноҳияҳо то 5 баробар қарзи аҳолиро зиёд нишон дода ва ба ин восита худро бегуноҳ медонанд."

Ҷаноби Саидов афзуд, ки "санҷиши ахири мо зиёда аз 400 корхонаву хонаҳои аҳолиро дар бар гирифт ва ҳатто маълум шуд, ки ба корхонаҳо барқ медиҳанд, аммо пулашро ба ҷайби худ мезананд, аммо қарздориро бар сари аҳолӣ мезананд."

Вай барои мисол, яке аз корхонаи вилояти Суғдро зикр кард, ки дар ин корхона беш аз 1 миллион сомонӣ қарзи дуздии барқро ошкор карда шуд. Фаттоҳ Саидов гуфт, ки "аҳолӣ ҳавасманд аст, ки пули истифодаи барқро диҳад, зеро дар ин фасли зимистон мӯҳтоҷи барқ, аммо шабакаҳо ба корхонаҳои мухталиф, аз ҷумла корхонаҳои хишт ба таври фасодкорӣ медиҳанд". Ин ҳам дар ҳоле, ки гуфтаи раиси Оҷонсии мубориза бо коррупсия, дар кишвар беш аз 30 корхонаи хишт аст.

Фасодкорӣ торафт бештар мешавад

Раиси Оҷонсии мубориза бо фасод мегӯяд, бо вуҷуди муборизаи беамон алайҳи фасодкорӣ дар кишвар, ҳамоно сатҳти коррупсия дар ҷомеа кам намешавад.

Фаттоҳ Саидов, гуфт, ки "танҳо дар нисбати чор корманди андоз парвандаи ҷиноӣ боз кардем, аммо бо ҳам сатҳи фасод кам намешавад."

 

Вай гуфт, ки сӯҳбату мулоқотҳо ва вохӯриҳо дар вазорату кумитаҳо ва идораҳо барпо мешавад ва талоши мо ин аст, ки ин падида коҳиш ёбад, аммо боз ҳам дида мешавад, ки фасод дар ҷомеа вуҷуд дорад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi