00:38:36 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Аз нишасти матбуотии раиси Агентии мубориза бо коррупсия

Дар нишасти матбуотии раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Абдулфаттоҳи Ғоиб, ки рӯзи сешанбеи 4-уми феврал баргузор гардид, гуфта шуд, ки агентии мазкур дар соли 2013 1464 маротиба тафтишу санҷиш гузаронид ва ба маблағи 241,2 млн сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуд, ки ин нисбат ба соли 2012 75,2 млн сомонӣ зиёд аст.

karrupsiya-0102Дар 12 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон зарари молиявӣ ба маблағи 7 млн 186 ҳазор сомонӣ, дар 8 шаҳру вилояти Суғд ба маблағи 13 млн 485 ҳазор сомонӣ, дар 8 шаҳру ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ 9 млн. 923 ҳазор сомонӣ, дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии ВМКБ ва 4 ноҳияи он зарари молиявӣ ба маблағи 3 млн. 532 ҳазор сомонӣ ва дар 2 ноҳияи шаҳри Душанбе 1 млн. 394 ҳазор сомонӣ ошкор карда шуд.

Дар натиҷа 1639 нафар шахсони масъул барои камбудиҳои содирнамудаашон ҷазои маъмурӣ ва моддӣ гирифтанд. Ва 71 нафари онҳо аз вазифаашон сабукдӯш шуданд. Дар ин давра бо мақсади чораҷӯй ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 673 маводи тафтиши бо маблағи умумии зарари молиявӣ 129,2 млн сомонӣ фиристода шуд.

Дар давоми соли 2013 мақомоти тафтишотии Агентӣ 703 парвандаи ҷиноятӣ ба истеҳсолот қабул карда, тафтиши 501 парвандаи ҷиноятиро нисбати 577 нафар ба итмом расониданд, ки аз ин ҳисоб тафтиши 253 парвандаи ҷиноятиро нисбати 414 нафар бо тартиб додани фикри айбдоркунӣ ба анҷом расонидаанд.

Кормандони Агентӣ дар ин давра 941 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо коррупсия алоқамандро ошкор карданд. Дар натиҷа ба маблағи умумии 774 ҳазору 940 сомонӣҷарима татбиқ карда шуда, аз ин маблағ то ҳамин нишасти матбуотӣ 734 ҳазору 660 сомонии он рӯёнда шудааст.

Дар ҳамкорӣ бо комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ 156 ҳолати вайронкунии қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ" - ро аз ҷониби кормандони мақомоти давлатӣ ошкор намуданд. Аз ҷумла дар шаҳри Душанбе 98 ҳолат, вилояти Хатлон 24 ҳолат, вилояти Суғд 18 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 16 ҳолат ошкор карда шуд. Оид ба ҳамаи 156 ҳолат мавод тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба судҳо ирсол гардидааст. Ва нисбати шахсони гунаҳкор ҷарима татбиқ карда шудааст.

ӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi