06:13:33 10-уми Июни 2025 сол

Эмомалӣ Раҳмон дар Сочӣ бо Милош Земан мулоқот кард

Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон аз мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Чехия Милош Земан дар Сочӣ иттилоъ дод.

sochi-milosh 12122Бино ба хабари манбаъ дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар баррасӣ шуда, ҳарду ҷониб аз пайвастагӣ ва судбахшии робитаҳои сиёсӣ изҳори хушӣ карда, ҳамзамон ҳавасмандии худро ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ ва дигар бахшҳо таъкид доштанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари расмии Президенти Чехия ба Тоҷикистон, ки тирамоҳи соли равон бояд ҷараён бигирад, ба рушди бештари муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад. Милош Земан аз сафарҳои пешини худ ба шаҳри Душанбе гарму самимӣ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки "бо майли том бори дигар аз ин шаҳри зебо дидан карда, ба густариши робитаҳои судбахш асос мегузорад". Дар доираи ин сафар таҳкими заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ тавассути ба имзо расондани як зумра санадҳои нав дар назар аст. 

Манбаъӯ ҳамчун ин хабар дод, ки гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба рушди ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Аврупо, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ҳамгироии минтақавӣ дар Афғонистон ва Осиёи Марказӣ сурат гирифт.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854