06:44:27 10-уми Июни 2025 сол

Боғшоҳи Лашкарбек дар зодгоҳаш ба хок супурда шуд

Боғшоҳи Лашкарбек, як тан аз олимон ва забоншиносони барҷастаи тоҷик, ки ахиран бар асари беморӣ дар шаҳри Маскав аз олам даргузашта буд, дар зодгоҳаш деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим бо ҳузури густардаи мардум, ҳамкорони собиқ, ходимони илму фарҳанги ҷумҳурӣ, намояндагони ҳукумати вилоят ба хок супурда шуд. Ҷанозаи ӯро 5 феврал ба Душанбе оварданд ва аз пойтахт ба ноҳияи Ишкошим интиқол доданд.

photo medium 54878778Ин аввалин бор буд, ки даргузашти як олими тоҷик дар ғурбат мавриди таваҷҷӯҳи Хадамоти муҳоҷират ва Сафорати Тоҷикистон дар Маскав қарор мегирад ва аз он ки Боғшоҳи Лашкарбек шахсияти матраҳ ва шинохта миёни муҳоҷирин маҳсуб мешуд, маросими расмии видоъ бо марҳум доир шуд ва қабл аз он ки ҷанозаи ӯ ба Душанбе фиристода шавад, дар толори махсуси бемористоне, ки ӯ охирин соату дақиқаҳои умрашро пушти сар карда буд, намояндагони Тоҷикистон аз ҷумлаи муҳоҷирини корӣ, сарварони диаспораҳои тоҷик дар Русия, олимон, сиёсатмадорон ва ҳамаи онҳое, ки тӯли ин солҳо бо Боғшоҳ ҳамкор буданд, бо ӯ видоъ карданд. Бино ба гузоришоти расонаишуда бештар аз 200 нафар ҳамватанони муҳоҷир дар пояи тобути ӯ гирд омаданд ва баъди анҷоми сханрониҳо якояк бо ӯ падруд гуфтанд.  

Абдуллоҳи Давлат, Раиси созмони тоҷикистониёни Русия, ки Боғшоҳро дар муҳоҷират бештару беҳтар аз дигарон шинохтааст, дар суҳбат бо "Рӯзгор" гуфт, ки ин як талафоти бениҳоят бузургест барои тоҷикони муқими Русия "Устод Боғшоҳ шахсияти беназир ва фавқулодда нодир буданд. Он кас бо донишу фаҳмиш ва ақлу заковат аз ҳамаи мо фарқ мекарданд.

Тамкини хос доштанд ва касе наметавонист дар пояи эшон масъалаи муҳоҷират, мушкилоти миллат дар ғурбатро донишмандонаву заковатмандона матраҳ кунад. Бидуни шак ҷои устод холӣ шуд. Ва ба андешаи ман устод на танҳо фарзандони худро бармаҳал ятим карданд, балки моро ҳам дар диёри бегонаву мулки ғарибӣ дар кӯи ятимӣ ҳавола намуданд. Ва ман ҳоло дар бими онам, ки акнун мо тоҷиконро дар нишастҳои Маскав дар масоили муҳоҷират кӣ мисли устод Боғшоҳ намояндагӣ мекунад".

Боғшоҳи Лашкарбек чор рӯз пеш аз зодрӯзаш дар остонаи 66-солагӣ аз олам даргузашт. Вай зодаи рустои Зугванди ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон аст. Чун мутахассиси фолклор диёри Бадахшон баъди хатми Донишгоҳ дар Фарҳангистони улум кор мекард. Аввали солҳои 90 бар асари ҷанги шаҳрвандӣ ба Маскав рафт фаъолиятҳои илмиашро ба ҳайси ходими илмии шӯъбаи забонҳои эронии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Фарҳангистони улуми Русия идома дод. 

Чандин сол ба инҷониб Боғшоҳи Лашкарбек сарвари созмони фарҳании "Нур"-ро ба уҳда дошт ва бидуни шак тавассути заҳамти бемонандаш ин марказ яке аз марказҳои хуб шинохтаву эътироф гардид. 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854