МУЛОҚОТИ РАИСИҶУМҲУРИ ТОҶИКИСТОН БО СОҲИБКОРОН
Ин лаҳзаҳо дар шаҳри Душанбе мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо соҳибкорони кишвар шурӯъ шуд. Дар ин мулоқот масоили молиёту гумрук, мавонеи маъмурии мавҷуда дар роҳи рушди тиҷорат ва дигар мушкилоти доғи соҳибкорон матраҳ мешавад. Дар оғози мулоқот Эмомалӣ Раҳмон аз соҳибкорони тоҷике, ки дар бонкҳои хориҷӣ маблағҳои худро нигоҳ медоранд, даъват кард, ки дороиҳои худро ба бонкҳои Тоҷикистон гузоранд.
Вай гуфт, ба соҳибкорони тоҷик, ки маблағҳои худро дар бонкҳои дохилӣ ҳифз мекунанд, ба онҳо имтиёз дода хоҳад шуд ва онҳо дар як сол то 15-20 дарсад фоида ба даст хоҳанд овард.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, афроде, ки ба ин пешниҳод беэътиноӣ мекунанд, ман маҷбур мешавам бо такя ба салоҳиятҳое, ки дорам аз кишварҳое, ки баъзе шаҳрвандони мо маблағҳои худро дар бонкҳои онҷо нигоҳдорӣ мекунанд, дархост хоҳам кард, то дар ин масъала бознигарӣ шавад.
Дидори Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо соҳибкорон дар дар рӯзҳои аввали маъракаи фурӯши саҳмиҳои нерӯгоҳи Роғун сурат мегирад ва баъзеи таҳлилгарон ин масъаларо мавзуи калидии ин нишаст меноманд.
Дар маҳалли баргузории ҷаласа имрӯз нуқтаҳои муваққатии фурӯши саҳмияҳои Роғун кушода шудааст ва ширкаткунандагони иҷлос аз ин нуқтаҳо саҳмия харидорӣ мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон бори охир ду сол қабл бо тоҷирону соҳибкорони тоҷик мулоқоти вижа барпо карда буд.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/1545-mulokoti-raisjumhuri-tojikiston-bo-sohibkoron.html