ПАРВАНДАИ ҶИНОӢ АЛАЙҲИ МАҚОМИ СОБИҚИ КУМИТАИ АМНИЯТ
Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон алайҳи Қосимҷон Ғаффоров, муъовини собиқи Кумитаи давлатии амнияи милии ин кишвар парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Қосимҷон Ғаффоров дар "сӯйистифода аз мақоми хидматӣ ва боздошти ғайримуҷоз" мазнун дониста мешавад.
Оқои Ғаффоров дар авоили моҳи гузашта, баъд аз фирори гурӯҳи 25-нафарии зиндониён аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ аз симаташ барканор шуда буд. Манобеъи Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯянд, ки Қосимҷон Ғаффоров дар боздошти ғайримуҷоз ва сӯйистифода аз мақом дар заминаи ироаи дастур ба Саймуддин Мирзоев, муъовини собиқи фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки ба Кумитаи давлатии амняити миллии ин кишвар вобаста аст, мазнун дониста мешавад.
Тобистони соли ҷорӣ, Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар як нишасти матбуъотӣ эълом карда буд, ки Саймуддин Мирзоев ба иттиҳоми гирифтани ришва аз гурӯҳҳои қочоқчии маводди мухаддир мазнун дониста шудааст. Баъд аз як моҳ бо фармони президент Раҳмон оқои Мирзоев аз симати муъовини фармондеҳи нерӯҳои марзбонӣ барканор шуд.
Ҳамакнун Ожонси мубориза бо фасод Қосимҷон Ғаффоровро ҳамчунин дар боздошти ғайримуҷози ду нафари дигар мазнун донистааст ва гуфта мешавад таҳқиқи ин парванда идома дорад. Ҷузъиёти дигари иттиҳом алайҳи собиқ муъовини раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон эълом нашудааст.
Манобеъи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфтанд, ки тибқи маъмул дар сохторҳои қудратӣ, ҳар муттахассис пас аз барканориаш аз симате бояд тавассути бахши кордӣ ба ҷойи дигаре интихоб шавад. Ва асноди Қосимҷон Ғаффоров баъд аз барканорӣ аз муъовинати раиси ин ниҳод, то ҳол дар ихтиёри бахши кодрҳо қарор дорад.
Қосимҷон Ғаффоров, ки тӯли чанд соли ахир муъовинати раиси Кумитаи амниятро бар ӯҳда дошт, бори ахир рӯзи 23 август, баъд аз фирори 25 зиндонӣ аз бодоштгоҳи ин кумита дар маърази умум дида шудааст. Вай дар ҳузури бархе аз хабарнигорон баёнияи ин кумитаро дар робита ба фирори зиндониён қироъат карда буд.
Вале баъд аз 10 рӯзи ин ҳодиса, бо фармони Президент Раҳмон ҳамаи мақомоти ин ниҳод аз симатҳои худ барканор шуданд ва танҳо як нафар аз муъовинони собиқ, яъне Саймумин Ятимов ба вазифаи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон интисоб шуд.
Боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Қосимҷон Ғаффоров ҳадсу гумонҳоеро ба дунбол дорад, ки оё ин тасмим ба ҳодисаи фирори зиндониҳо низ рабт дорад ё хайр? Ин дар ҳолест, ки ахиран давлати Тоҷикистон аз даст доштани кишварҳои хориҷӣ дар ҳаводиси ахир дар кишвар изҳори назар мекунанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3257-2010-10-01-16-22-09.html