11:20:06 08-уми Июни 2025 сол

ОМӮЗИШГОҲИ САҲА БА АФСАРОН ТАЪЛИМ МЕДИҲАД

Аввалин 20 нафар афсари калони мақомоти марзбонии кишварҳои марбути фазои САҲА курси якмоҳаи кормандони сарҳадро дар Омӯзишгоҳи Олии сарҳадии (ООС) САҲА воқеъ дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе бомуваффақият ба анҷом расонданд.

 

pogranvoiskaАфсарон ва роҳбарон-намояндагони сарҳадчиён, оҷонсиҳои гумрук ва мубориза алайҳи маводи мухаддир аз кишварҳои Афғонистон, Беларус, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон оиди қоидаҳо ва меъёрҳои консепсияи САҲА дар иртибот бо таъмини амният ва идоракунии сарҳадҳо курси омӯзишӣ гузаштанд. Ин консепсия тамоми паҳлӯҳои фаъолияти САҲА, аз ҷумла ҷанбаҳои иқтисодӣ ва муҳити зист, бехатарии сарҳадӣ ва масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқи башарро дарбар мегирад. Сафирони сафоратҳои кишварон-иштирокчиёни САҲА, намояндагони ҳукумати маҳаллӣ ва ташкилотҳои байналмиллалӣ дар маросими супурдани аснод иштирок намуданд.

 

«Мутахассисон, оҷонсиҳо ва ташкилотҳои зиёд саҳми худро дар таҳия ва татбиқи муваффақонаи ин курси нахустини ихтисосӣ гузоштанд», қайд намуд Сафир Ивар Викки, Роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон. «Ман итминони комил дорам, ки ин курс ба иштирокчиён дар беҳтар намудани фаҳмиши масъалаҳои сарҳадӣ дар ҳар се андозагирии САҲА кӯмак расонид. Ин он донише аст, ки онҳо ҳангоми баргаштан дар кори амалии худ истифода мебаранд».

 

Ҳангоми тақдими шаҳодатномаҳои хатми ин таълимгоҳ, Ален Сколан, Мудири ООС, таъкид намуд: «Ин курс ҳамчунин имконияти хуберо ба мутахассисони сарҳадӣ барои табодули фикру ақида ва таҷрибаи корӣ фароҳам овард.»

 

Муҳаммад Насим Сафӣ аз Пулиси сарҳадии Афғонистон, яке аз иштирокчиёни ин курс, гуфт: «Ин курс на танҳо ба мо имконияти вохӯрӣ бо якдигар, табодули назар ва таҷриба намуданро фароҳам овард, балки ба мо дар густариши дониши худ вобаста ба мавзӯҳои гуногуни амалӣ, ки мо онро дар фаъолияти кории ояндаи худ истифода мебарем, кӯмак расонид».

 

Курси таълимӣ барои афсарони калони сохторҳои сарҳадӣ акнун ба таври муназзам дар тӯли сол гузаронида мешавад.

 

«Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3876-2010-12-15-06-25-15.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854