15:11:37 08-уми Июни 2025 сол

ҲАМКОРИИ ГУРӮҲИ АҲМАДОВ БО НЕРӮҲОИ ДАВЛАТӢ ДАР РАШТ

Олим Одилов, яке аз фармондеҳони собиқи нерӯҳои мухолиф дар шарқи Тоҷикистон, мегӯяд, ки ҳеч нишонае аз маҳалли будубоши гурӯҳи вобаста ба Алии Бедакӣ, ки давлат онро гурӯҳи терруристӣ медонад, дар ин минтақа дар даст нест.

 

Олим ОдиловБа гуфтаи вай, талошҳои гурӯҳе аз шибҳинизомиёни тарафдори Мирзохӯҷа Аҳмадов, фармондеҳи мухолифони собиқ, ва нерӯҳои давлатӣ барои кашф ва боздошти гурӯҳи мусаллаҳи вобаста ба Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба "Алии Бедакӣ" пас аз ҳаводиси тирамоҳи гузашта то кунун натиҷае надодааст. Оқои Одилов, ки низ ба анҷоми ҳамла алайҳи нерӯҳои давлат мазнун буда рӯзи сешанбеи 28 декабр дар як сӯҳбати телефунӣ бо Би-би-сӣ гуфт, ки 28 нафар аз размандагони собиқи нерӯҳои мухолиф ба раҳбарии Мирзохӯҷа Аҳмадов дар амалиёти нерӯҳои давлатӣ барои боздошти Алии Бедакӣ ҳамчунон ширкат доранд.

 

Вай афзуд: "Воқеъан, дар минтақаи Рашт касе аз Алии Бедакӣ пуштибонӣ намекунад. Ҳама хостори боздошташ ҳастанд. Мақомоти давлатӣ дар куллияи рустоҳои ин ноҳия бо сокинон сӯҳбатҳое анҷом доданд ва хостори мусоъидати онҳо ба боздошти Аловуддин Давлатов шуданд."

 

Ин дар ҳолест, ки мақомоти амниятӣ ва пулиси Точикистон ҳудуди ду моҳ пеш изҳор дошта буданд, ки амалиёти зиддитеруристӣ дар минтақаи Рашт тақрибан анҷом ёфта ва гурӯҳи кӯчаке аз мухолифон дар муҳосираи нерӯҳои давлатӣ қарор доранд. Вале дуруст баъд як рӯзи чунин изҳороти Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дар сойтҳои интернетӣ видиюе пайдо шуд, ки гурӯҳе аз размандагони мухолифро нишон медод ва ин гурӯҳ ба Аловуддин Давлатов муртабит дониста мешуд.

 

Вале дертар як манбаъи низомӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар ҷараёни даргирӣ бо гурӯҳе аз пайкорҷӯён аз онҳо телефунҳои ҳамроҳ забт шуда буданд ва видиюи марбут ба Алии Бедакӣ "эҳтимолан тавассути сарбозон дар интернет мунташир шудааст." Аммо ин хабар ба таври расмӣ таъйид нашудааст.

 

Дар посух ба ин суол, ки оё 28 нафар аз размандагони собиқ ба раҳбарии оқои Аҳмадов шомили нерӯҳои давлатӣ ҳастанд ва барои ҳамкорӣ бо нерӯҳои давлатӣ ҳуқуқе дарёфт мекунанд, Олим Одилов гуфт, ки онҳо ба таври ҷудогона вале якҷо бо нерӯҳои давлатӣ ба ҷустуҷӯйи афроди мусаллаҳ машғуланд. Вай афзуд: "Дар чанд соли ахир бидуни дарёфти маъоше аз давлат мо зиндагӣ доштем ва дар оянда низ ин имкониятро хоҳем дошт."

 

Оқои Одилов гуфт, ки баъд аз оғози даргириҳо дар минтақаи Рашт, замоне, ки мақомоти давлатӣ ҷонибдорони Мирзохӯҷа Аҳмадовро ба аъмоли теруристӣ, аз ҷумла ба ҳамлаи мусаллаҳона ба комюнҳои Вазорати дифоъ дар дараи Камароб муттаҳам карданд, тарафдорони ӯ дар кӯҳҳо паноҳ бурда буданд.

 

Аммо баъдтар миёни онҳо ва нерӯҳои давлатӣ музокира сурат гирифтааст: "Ҷониби давлат шарт пеш овард, ки агар касе дар ҳамла ба комюнҳои низомӣ даст дошта бошад, ҳатман муҷозот мешавад. Мо ин шартро қабул кардем, чун дар ин ҳодиса ширкат надоштем. Баъд, мо бо навиштани аризаҳои расмӣ хоҳиш кардем, ки аз нерӯи мо дар амалиёти зидди Алии Бедакӣ истифода шавад."

 

Дар посух ба ин суол, ки оё дар миёни аъзои гурӯҳи Алии Бедакӣ атбоъи хориҷӣ буданд ё хайр, оқои Одилов гуфт: "Фикр накунам, ки хориҷиҳо ҳамроҳаш бошанд. Қаблан низ дар ин замина иттилоъе нарасида буд. Ҳоло намедонем, ки гурӯҳи Алии Бедакӣ аз чанд нафар иборат аст. Мо дар амалиёти нерӯҳои давлатӣ танҳо дар қаламрави ноҳияи Рашт мушорикат мекунем."

 

Қаблан шоеъоте мунташир шуда буд, ки ҷонибдорони Мирзохӯҷа Аҳмадов низ ба ҳангоми музокира бо мақомоти Тоҷикистон шартҳоеро низ пеш гузоштаанд. Оқои Одилов дар ин бора гуфт: "Бале шартҳое низ буданд, вале ман наметавонам дар бораи онҳо изҳори назар кунам. Вале мо аз ҷониби давлат низ пешниҳодҳоеро интизор дорем. Дар Рашт раёсати минтақавии Вазорати умури дохилӣ ва чанд ниҳодҳои дигари қудратӣ таъсис шудаанд. Шояд, моро ба он ҷо даъват мекунанд."

 

Аммо мақомоти Тоҷикистон ба сурати расмӣ дар бораи анҷоми музокирот ва шароити ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои шибҳнизомӣ изҳори назар накардаанд. Амалиёти нерӯҳои давлатӣ алайҳи пайкорҷӯён дар минтақаи Рашт пас аз ҳамлаи гурӯҳе аз пайкорҷӯён ба комюнҳои вазорати дифоъ дар 29 сентябр, ки дастикам 26 кушта барҷо гузошт, оғоз шуд. Дар ҷараёни амалиёт, мақомҳои расмӣ аз боздошт ва кушта шудани ҳудуди 20 пайкорҷӯи мухолифи давлат хабар доданд. Дар ин амалиёт ба изофаи 26 низомӣ ҳамчунин ҳудуди 35 нерӯи горди миллӣ, пулис ва амниятӣ кушта шудаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/4005-2010-12-28-19-42-10.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854