09:46:36 08-уми Июни 2025 сол

БОЗДОШТИ ЧАНД ТОҶИК БА ИТТИҲОМИ ФАСОД ДАР АМРИКО

Гурӯҳе 16-нафарӣ аз атбоъи Тоҷикистону Русия дар иёлати Кулуродои Амрико ба тақаллубкорӣ муттаҳам шудаанд. Ин хабар дар чанде аз расонаҳои Амрикоӣ мунташир шудааст. Аз ҷумла сойти интернетии Денверпост дар истинод ба иддаъономаи танзимшуда аз сӯйи додраси олии шаҳри Денвер навиштааст, ки ин афрод тайи 15 моҳи гузашта бо кушодани ҳисобҳои тақаллубӣ аз чанде бонкҳои Амрикоӣ маблағи 300 ҳазор дулорро ба сирқат бурдаанд.

 

tajiks-denverИн сойт асомии бархе аз ин афродро низ, ки номҳои тоҷикӣ доранд, ифшо кардааст. Додситонҳои маҳаллӣ Азимҷон Маҷидови 22-сола, Фирӯзи Шарифии 19-сола, Бобокалон Шарифови 20-сола ва Фирдавсӣ Урунови 23-соларо аз раҳбарони ин гурӯҳ шинохтаанд. Ҳувияти афроди дигар ҳануз маълум нест. Ин чаҳор нафар ба нақзи қонун дар бораи ҷароими созмонёфта дар иёлати Кулуроду ва чандин мавриди дуздӣ ва талоши сирқат муттаҳам шудаанд. Маъмурони интизомӣ ҳамакнун панҷ тан аз ин афродро дар шаҳрҳои Денвер ва Филоделфиё боздошт кардаанд.

 

Ба назар мерасад, ки мазнунони дигар ҳануз боздошт нашудаанд. Сойти интернетии ДенверЧаннел аз қавли Лин Кимбру, сухангӯйи додситонии иёлати Кулуроду, навиштааст, ки Фирӯз Шарифӣ низ ҳануз боздошт нашудааст. Бонкҳои мавсум ба "First Bank of Cherry Creek", "Wells Fargo Bank", "JPMorgan Chase Bank", "U.S. Bank" and "Key Bank" аз ҷумла муассисоти зиёндида аз фаъолиятҳои ин афрод шинохта шудаанд.

 

Тибқи иддаъои мақомҳои додситонӣ, ин афрод бо истифода аз номҳои дурӯғин ё тақаллубӣ дар ин бонкҳо чандин ҳисоб боз карда ва маболиғеро аз ин ҳисобҳо бардоштаанд. Ба гуфтаи додситонҳо, қабл аз он ки кормандони бонкҳо огоҳ шаванд, ки дар ҳисобҳои бозшуда маболиғи нокофӣ вуҷуд дорад ё бархе аз ин ҳисобҳо баста шудаанд, ҷавонони тоҷику рус талош кардаанд маболиғи нақдиеро аз ҳисобҳои бонкӣ бардоранд.

 

Мақомоти додситонӣ мегӯянд афроди муттаҳам ба сирқат ва тақаллуб ба ҷуз аз маҳкумият барои аъмоли ҷиноӣ батадриҷ аз Амрико ихроҷ хоҳанд шуд. Ба навиштаи сойти интернетии ДенверЧаннел, таҳқиқи ин ҳодисаро пулиси Денвер дар ҳамкорӣ бо додситонии иёлати Кулуроду, Дафтари Таҳқиқоти Федерол (FBI) ва Идораи Муҳоҷират ва Гумруки Амрико анҷом додаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/28-latestnews/3734-2010-12-02-08-04-19.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854