БОЗДОШТИ ГУРӮҲИ ҶИНОЯТПЕША ДАР ДУШАНБЕ
Кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон гурӯҳи ҷиноятпешаеро боздошт кардаанд, ки дар чандин амали ғоратгарӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи пойтахт даст доранд.
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба РО гуфт, « ҳоло шаш тан аз аъзои ин гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша боздошт шудаанд, ки ҷавонони синну соли 25 то 30 сола ҳастанд. Ҷаноби Асадуллоев гуфт, ин афрод асосан ба ғорати корхонаҳое, ки чиноиҳо дар он ҷо фаъолият мекунанд, даст задаанд. Ба гуфтаи сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ин гурӯҳ ҷинояти худро шабона бо истифода аз силоҳ ва ҳамчунин ба рӯи ниқоб пӯшонда, анҷом додаанд. Ҳамакнун нисбати аъмоли ҷинояткоронаи ин гурӯҳ, парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва таҳқиқоти муқаддамотии он ҷараён дорад.
Аммо то ҳол масъулони вазорати корҳои дохилӣ ба суоли ин, ки чаро чиниҳо маврид ҳамлаи ин гурӯҳ қарор мегирифтанд, посухе надодаанд. Ин дар ҳолест, ки бархе аз сокинони маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе мегӯянд, дар минтақаи онҳо афроди ғоратгар пайдо шуда ва ба ғорати воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла худравҳо даст мезананд.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/28-latestnews/3970-2010-12-24-12-11-53.html