15:34:43 08-уми Июни 2025 сол

ФАВТИ 13 КӮДАК АЗ ФАЛАҶ ДАР ҚУРҒОНТЕППА

Манобеъи маркази моякӯбӣ дар минтақаи Қурғонтеппа мегӯянд, ки аз авали соли 2010 то кунун 13 кӯдаки мубтало ба фалаҷ дар ин минтақа фавт кардаанд. Ҷӯрахон Наҷмиддинов, сардори ин марказ, гуфт, ки кӯдакони фавткарда аз моякӯбӣ дур монда ва дар асари ибтило ба бемории фалаҷ фавт кардаанд. Бештари онҳо кӯдакони то сини 5-сола будаанд.

 

Ин манбаъ гуфт аз 327 кӯдак, ки ба гумони олуда будан бо вируси фалаҷи атфол сабт шуда буданд, вуҷуди вируси фалаҷ дар 216 нафари онҳо таъйид шуда ва афроди мубтало ба ин беморӣ таҳти назорати пизишкон қарор дода шудаанд. Гуфта мешавад, кӯдакони олуда ба фалаҷи шалли ҳод ва фалаҷи атфол, ки навъе мутафовит ва ҷиддӣ аз бемории фалаҷ аст, таҳти муроқибати пизишкон қарор гирифтаанд ва пизишкон аз шифоёбии 50 дарсади онҳо хабар додаанд.

 

Дар мавсими моякӯбӣ раёсати беҳдоштии вилояти Хатлон аз олуда шудани кӯдакон ба фалаҷ чизе намегуфт, вале хабар дода буд, ки нафаре аз ин беморӣ фавт накардааст ва моякӯбӣ дар шаҳру навоҳии вилоят гузаронда шуда ва ҳеч кӯдаке аз ин корзор дар канор намондааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/28-latestnews/4020--13-----.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854