ДАРГУЗАШТИ БАРОДАРИ САИД АБУЛЛОҲИ НУРӢ
Ато Саидов, бародари бузурги Саид Абуллоҳи Нурӣ, раҳбари фақиди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шоми рӯзи якшанбеи 1 август дар асари беморие даргузашт. Ҳоҷӣ Ато Саидов, яке аз узви фаъоли Ҳизби неҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш маҳсуб мешуд ва раёсати хоҷагии деҳқонии Саъадуллоҳ Ҷӯраеви ин ноҳияро бар ӯҳда дошт.
Гуфта мешавад, оқои Саидов зарфи солҳои ахир аз беморие дар ноҳияи шуш ранҷ мебурд, вале фишори хун боъиси марги ин намояндаи Ҳизби Неҳзати исломӣ дар синни 65-солагиаш шудааст.
Ато Саидов узви аршади Ҳизби неҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш ба хотири ин, ки бародари бузурги Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари фақиди ин ҳизб буд, аз эътибор ва нуфузи густарда дар ин минтақа бархурдор будааст. Ҷанозаи Ато Саидов рӯзи сешанбе соъати 12 дар ноҳияи Вахш ба хок супурда хоҳад шуд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2813-2010-08-02-07-16-18.html
Шарҳҳо
khudavnd mudagoni moro rahmat kunad omin
RSS Обуна