БОЗДОШТИ ВАКИЛИ СОБИҚ НИЗОМХОН ҶӮРАЕВ ДАР МАСКАВ
Нерӯҳои амниятии Русия Низомхон Ҷӯраев, вакили собиқи маҷлиси вилояти Суғд ва раиси пешини корхонаи шимиёии Исфараро дар шаҳри Маскав боздошт кардаанд. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, зимни ироаи ин хабар гуфт, ки оқои Ҷӯраев дар ояндаи наздик ба Тоҷикистон мустарад хоҳад шуд. Ба гуфтаи вай, маъмурони интизомии ноҳияи Хамовникии шаҳри Маскав ин вакили собиқи маҷлиси вилоятиро, ки дар Тоҷикистон ба иртикоби чандин ҷурм муттаҳам шудааст, бо дархости вазорати дохилаи ин кишвар рӯзи ҷумъаи 27 август боздошт кардаанд.
Низомхон Ҷӯраев дар соли 2007, пас аз он ки додситонӣ алайҳи вай ва беш аз 30 нафар аз наздикону тарафдоронаш парвандаи ҷиноӣ боз кард, аз Тоҷикистон гурехт. Оқои Ҷӯраев бар асоси қонуни кайфарии Тоҷикистон ба иртикоби қатл, таъсиси гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ, роҳзанӣ, нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳа, ихтилос ё сирқати маболиғи давлатӣ, пулшӯйӣ, напардохтани молиёт ва тақаллуби аснод муттаҳам шудааст.
Дар моҳи июни соли гузашта Додгоҳи олии Тоҷикистон гурӯҳе 31-нафарӣ аз наздикону тарафдорони вайро дар иртикоби ҷароими мухталиф, аз ҷумла қатлу роҳзанӣ, таъсиси гурӯҳи ҷиноятпеша, ҳамли ғайримуҷози аслиҳа, сирқати амвол, қаллобӣ ва пулшӯйӣ муҷрим шинохт. Дар натиҷа, ин афрод барои муҳлатҳои гуногун, аз 10 то 25 сол, ба зиндон маҳкум шуданд. Дар моҳи январи соли ҷорӣ ҳарчанд додгоҳи истинофӣ муҳлати маҳкумияти ин афродро 10 то 20-дарсадӣ коҳиш дод, вале вакилони мудофеъ аҳкоми додгоҳро боз аҳм ғайриъодилона хонданд.
Парвандаи ин гурӯҳ аз ҷумлаи парвандаҳои бисёр ҷанҷолбарангез дар Тоҷикистон будааст, ки ба ихтилофоте миёни додситонии кул ва додгоҳи олии ин кишвар доман зада буд. Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли собиқ, дар як нишасти хабарӣ додгоҳи олиро ба нақзи қавонин дар мавриди маҳкумияти ин афрод муттаҳам сохта ва ҳатто таҳдид карда буд, ки алайҳи қозиёни додгоҳи олӣ парванда боз хоҳад кард. Аммо вай қабл аз чунин иқдоме аз симати худ барканор шуд.
Дар иртибот бо ин қазия, се нашрияи мустақил, ки изҳороти яке аз вукалои мудофеъи тарафдорони Низомхон Ҷӯраевро мунташир карда буданд, дар авоили соли ҷорӣ ба додгоҳ кашида шуданд. Се қозӣ ё додрас, ки муҳокимаи ин гурӯҳи 31-нафариро анҷом дода буданд, ҳафтаномаҳои "Озодагон", "Фараж" ва нашрияи русизабони "Asia-Plus"-ро ба тавҳин ва паст задани шаъну эътиборашон муттаҳам карда ва аз онҳо хостори 5,5 милюн сомонӣ ғаромат шуданд. Ин иқдом нигарониҳо ва интиқодоти густардаи гурӯҳҳои маҳаллӣ ва байналмилалии тарафдори озодии баёнро ба дунбол дошт, вале қазияи ин се нашрия то кунун ҳалли худро наёфтааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2991-2010-08-28-10-19-58.html