КУШТА ШУДАНИ ҲАШТ ШУРИШӢ ДАР ДОҒИСТОН
Мақомоти амниятии Русия мегӯянд дар ҷараёни табодули оташи маъмурони пулис бо шӯришиён дар Доғистон ҳашт шуришӣ кушта шудаанд. Ба гуфтаи ин мақомот кушташудагон аз аъзои гурӯҳе аз ҷудоиталабони исломгарои Доғистон буданд, ки дар як хона дар Махачқалъа, пойтахти Доғистон сангар гирифта буданд.
Яке аз кушташудагон мавсум ба амири Махачқалъа муттаҳам шуда буд, ки омили чандин фақара ҳамла будааст. Доғистон яке аз ҷумҳуриҳои ташкилдиҳандаи федеросюни Русия аст ва бо ҷумҳурии Чечен, аз дигар ҷумҳуриҳои ҷудоиталаби ташкилдиҳандаи федросюн ҳамсоя аст. Доғистон аз соли 2000 ва умдатан таҳти таъсири шӯриши ҷудоиталабон дар Чечен дастхуши нооромӣ ва амалиёти мухолифони идомаи ҳукумати Русия дар ин минтақа будааст. Дар ин муддат марокиз ва мақомоти давлати маҳаллӣ ва давлати Русия борҳо ҳадафи ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифтаанд.
Пас аз як давраи оташбаси нисбӣ дар соли ҷории мелодӣ манотиқи мусалмоннишини Русия дар Қафқоз бори дигар шоҳиди ташдиди фаъолиятҳои ҷудоиталабон ва муқобалаи нерӯҳои давлатӣ ва тарафдори давлати Русия бо онон будаанд. Махачқалъа, пойтахти Доғистон тақрибан ҳар рӯз саҳнаи даргирии маъмурони пулис бо шуришиёни исломгарое аст, ки илҳомбахшони ҷудоиталабони чечен ҳастанд.
Тазоҳурот дар Маскав
Дар таҳаввуле дигар имрӯз 26 декабр чандин ҳазор нафар дар Маскав даст ба таазоҳурот зада ва алайҳи даргириҳои қавмӣ, ки Русияро такон дода, шиъор доданд. Ин тазоҳурот, ки гурӯҳҳои маданӣ онро тартиб дода буданд дар вокуниш ба шӯришҳои ёздаҳуми декабр буд, ки дар ҷараёни он ҳазорон миллигарои ислов (славян) ба хиёбонҳо рехта ва шиъори “Русия барои русҳо” – ро медоданд.
Тазоҳуркунандагон бо пулис гиловез шуда ва шуморе аз аъзои гурӯҳҳои қавмии минтақаи Қафқозро кутак зада буданд. Агарчи чаҳор панҷуми ҷамъияти 142 милюннафарии Русия рустабор ҳастанд, ин кишвар ҳамчунин маҳалли зиндагии 180 қавми мухталиф аст. Дар минтақаи Қафқоз дастикам 100 қавми мухталиф аз ҷумла чеченҳо зиндагӣ мекунанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/28-latestnews/3991-2010-12-27-06-11-01.html