17:36:58 04-уми Июни 2025 сол

ЁД АЗ ҒОИБЕ, КИ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД

 

 

7-уми майи соли 2009 бо ибтикори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар толори Кохи рӯзноманигорони тоҷик ҳамоиша бахшида ба ёдбуди яке аз бузургтарин журналистони солҳои ҳафтодуми асри гузаштаи  матбуоти тоҷик, собиқ раиси Кумитаи радио ва телевизиони тоҷик ва собиқ Раиси Иттифоқи Журналистони тоҷик Ғоиб Қаландаров баргузор гардид. 

 

 Маҳфилро бо сухани муқаддимавӣ Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбар Сатторов кушод. Сипас дар ҷамъомад дӯстон, шогирдон ва ҳамкорони Ғоиб Қаландаров суханронӣ карда аз ӯ бо некӣ ёд карданд.  Искандар Мирзоев, ки солҳои зиёде дар Кумитаи Радио ва телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси муовини мавсуф фаъолият намудааст, аз ҳаёти ин марди бузург хотираҳои ҷолиберо қисса кард.

 

Ба гуфтаи ӯ ҳисси масъулиятшиносии баланд, нозукиҳои касби худро хуб донистан, адолату инсофро дар сиёсати кадрӣ риоя кардан ва дигар хислатҳои хуби инсонӣ ва услуби кориаш ӯро на танҳо дар миёни ҳамкорон, балки дар назди роҳбарияти ҷумҳурӣ соҳибэҳтиром карда буд.  

 

Масалан, роҳбари ҳамонвақтаи ҷумҳурӣ Котиби аввали Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Ҷаббор Расулов миёни кадрҳои баландпояи ҷумҳурӣ ҳамеша ӯро намунаи ибрати дигарон муаррифӣ мекард.

 

Султон Мирзошоев -собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон аз даврони ба сифати хабарнигори махсуси нашрияи асосии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ «Правда» дар Тоҷикистон фаъолият кардани Ғолиб Қаландаров ёдовар шуда, қайд намуд, ки Қаландаров ҳангоми кор карданаш дар ин вазифа барои миллати тоҷик ва ҷумҳурӣ хизматҳои шоёне кардааст. Дар вақти Раиси кумитаи радио ва телевизион буданашон мо бо ҳам як рақобат доштем. Рақобати мо солим ва ба манфиати кор буд»-, гуфт дар идомаи суханаш Султон Мирзошоев. Ба ҳайси сардабири рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» рубрикаи машҳури «Сад сатр аз одаму одамгарӣ»-ро ҷорӣ кард-, ёдовар шуд ҳангоми суханрониаш Абдулҳамид Самадов, ки замоне дар ин нашрия аз зердастони мавсуф ба ҳисоб рафта имрӯз муовини Раиси Иттифоқи нависандагон мебошад.  

 

Дар замони дар ин газета сармуҳаррир будани Ғоиб Қаландаров вазирон ва дигар соҳибмансабони баландпояи ҷумҳурӣ барои масъалаеро ҳал кардан ба идораи нашрия меомаданд. Мақолаҳои танқидии зиёде он замон ба табъ мерасиданд, ки ҳамаашон ба мақсади ислоҳи камбудиҳои дар ҳаёти иҷтимоии мардум вуҷуддошта таълиф мегардиданд. 

 

Нурмуҳаммад Табаров собиқ сардабири рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» Ғоиб Қаландаровро як сиёсатмадори барҷаста ва журналисти нотакрор номид. Ба қавли Табаров мавсуф як роҳбари адолатпарвар ва адолатгустар буд. Агарчӣ сахтгирӣ ва серталабӣ мекард,  вале ҳама ба хотири пешравии кор ва рушди кишвар буд. Дар ин маҳфили ёдбуд шахсиятҳои шинохтаи кишвар нависанда Мирзо Шукурзода, наттоқон Субҳон Раҳматов, собиқ директори агентии иттилооти Ховар Зайниддин Насриддинов ва дигарон низ дар бораи зиндаёд Ғоиб Қаландар дастагулҳоеро аз гулшани хотираҳои хеш нисори хотири ҳозирин карданд.

 

 

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854