01:54:44 03-уми Июни 2025 сол

ПИРӮЗИИ ИСЛОМГАРОЁН ДАР ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОНИИ ТУРКИЯ

Ҳизби ҳокими адолат ва тараққиёти сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар интихоботи дирӯза низ пирӯз шудааст. Ин севвумин интихоботи парлумонист, ки ба фоидаи ин ҳизб анҷом мешавад ва бино ба натоиҷи шумориши оро, ҳизби адолат ва тараққиёт ин бор 50 дарсади оро ва ба ин тартиб, 326 курсӣ аз 550 чавкии парлумони Туркияро ба даст меорад.

erdughan_5666.jpgВале ин миқдори курсиҳо барои касби аз се ду ҳиссаи оро, ки аксарияти конститутсиониро дар маҷлис барои ҳизби Эрдуғон муяссар гардонад, кифоят намекунад ва ӯ маҷбур аст, барои анҷоми ислоҳоти фарогири Қонуни асосӣ ва табдили низоми парлумонии Туркия ба низоми раёсатҷумҳурӣ, бо яке аз ҳизбҳои дигари ба маҷлис роҳёфта эътилоф бубандад.

Бар асоси шумориши 99 дарсади оро, ҳизби Эрдуғон - 50 дарсад ва рақиби аслиаш - ҳизби  мардумии ҷумҳурихоҳ 26 дарсади раъйҳоро ба даст оварда, ҳизби миллигарои амал низ бо касби 13 фоизи оро садди 10-дарсадии убурро гузашта, ба парлумони Туркия роҳ меёбад.

«Озодӣ»

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 14.06.2011 09:12
Ҳизби ҳокими адолат ва тараққиёти ТУРКИЯ омада назди Хизби халки-демократи и точик шогирд истад 99,999 %-и овозхоро сохиб мешуд. Камбагал дер кард ё, ки аз дунё акиб мондааст.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854