17:32:53 04-уми Июни 2025 сол

М. МАҲМУДОВ РАИСИ ДОДГОҲИ ҚОНУНИ АСОСӢ ИНТИХОБ ШУД

 

 Маҷлиси Миллӣ, маҷлиси болоии парлумони Тоҷикистон Маҳкамбой Маҳмудовро раиси Додгоҳи Қонуни Асосии ин кишвар интихоб кард. Интисоби М.Маҳмудов ба ин мақом дар иҷлосияи рӯзи душанбеи Маҷлиси Миллӣ бо пешниҳоди раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.

Маҳкамбой Маҳмудов доктори улуми ҳуқуқшиносӣ буда, то кунун дар симати муовини раиси дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа мекард. Маҳкамбой Маҳмудов дар курсии раиси Додгоҳи Қонуни Асосӣ Избуллоҳ Хоҷаевро иваз мекунад. Гуфта мешавад, Избуллоҳ Хоҷаев бо хоҳиши худ аз ин вазифа рафтааст.

Избуллоҳ Хоҷаев соли 2005 аз курсии раиси додгоҳи ноҳияи Исфара якбора ба раҳбарии Додгоҳи олии Тоҷикистон таъйин шуд ва дар ин симат то соли 2007 кор кард. Дар соли 2007 бо пешниҳоди раисиҷумҳур ӯро раиси Додгоҳи Қонуни асосӣ таъйин карданд.

Маҷлиси Миллӣ палатаи болоии Маҷлиси Олиии Тоҷикистон буда, аз ҳисоби вакилоне, ки маҷлисҳои вилоятӣ ва маҷлиси шаҳри Душанбе интихоб мекунанд, ва вакилоне, ки раисиҷумҳур таъйин мекунад, ташкил шудааст. Раҳбарии Маҷлиси Миллиро шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев ба ӯҳда дорад.

«Озодӣ»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854