11:43:25 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

СОДИРОТБОНК МАСЪУЛИЯТШИНОС НЕСТ

Гурӯҳе аз устодони мактаби таҳсилоти умумии №7 шаҳри Кӯлоб шикоят аз он доранд, ки дар гирифтани музди меҳнати ҳармоҳаашон аз содиротбонки шаҳри Кӯлоб мувоҷеҳи мушкилот гаштаанд.

/images/stories/2011/11/03_korti-plastiki_2011.jpgМуовини аввали директори мактаб Қаҳрамон Мирзоев шикоят аз кортҳои плостикии бонк кард. Ӯ мегӯяд як моҳи қабл ҳукумати ҷумҳурӣ пардохти ҳармоҳаи ҳақкулзаҳмати муаллимонро тавассути кортҳои пластикӣ аз Содиротбонк муайян кард. Муаллимон, ки тарзи истифодаи ин кортҳоро намедонанд дучори мушкилоти истифодаи онҳо шуданд.

Бинобар ин дар даромадгоҳи бонк маҷбуранд сирри рақами махфии корти худро ба кормандони бонк кушоянд, то дар гирифтани моҳона ба онҳо кӯмак кунанд. Аммо истифода карда натавонистани кортҳо мушкили ягонаи муаллимон нест. Дар Содиротбонк нарасидани асъори миллӣ низ мушкил эҷод кардааст. Моҳонаи аксарияти муаллимон камтар аз сад доллар аст. Дар бонк бошад асъори амрикоии поинтар аз саддоллара дарёфт кардан мушкил аст.

Ҳамакнун издиҳоми муаллимон қабл аз иди Қурбон дар назди амонатбонк сарсону саргардонанд. Бисёре аз онҳо ҳатто тарки дарс карда аз пайи дарёфти музди меҳнаташон саргардонанд.

Муҳаммад Халилуллоҳ, Кӯлоб, «Рӯзгор»


Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 03.11.2011 20:50
Бале, дар хакикатан СОДИРОТБОНК МАСЪУЛИЯТШИНОС НЕСТ дар шахри
"Душанбе Пойтахт" хизматрасонии СОДИРОТБОНК тамоман дар сатхи паст аст. Боз ба замми ин дар ин банк дисциплина гуфтаги гап нест вакте,ки банкоматхои ин банк маблаг надоранд ео ин, ки картаро мегирад барнамегардонад , ео ин, ки чек метия сума наметия бисер проблема мешавад хуллас бо кадом проблема занг назанем ба хадамоти дастгири ин Банки НОУХДАБАРО 1-ум хеле дагалона гап мезананд, 2-юм кора буд намекунанд, 3-юм маълумоти бардуруг медиханд агар ба онхо хотиррасон куни,ки ту клиент хасти нони дахани банк ва коргарояш, катит чанг мекунанду хакорат карда трубкара мемонанд. Ба масъулини Сомонаи Рузгор хохиш мекунем,ки хамин маводро харчи бисертар дар чои намоен ео дар менюи асоси нигох доред барои он,ки Пиров раиси ТСБ ео ягон коргараш бихонад. Агар Журналистони шумо интервью гиранд аз Пиров, вай публично оиди ин шикоятхо чавоб медод. ман медонам ки кариб хамаи клиентхои ин банк маро подержка мекунанд.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi