08:15:27 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

МАҲКУМИЯТИ "КАБУД" БА 8,5 СОЛИ ЗИНДОН

Додгоҳи Олии Тоҷикистон раҳбари намояндагии «Ориёнбонк» дар Муъминобод Сафармад Рустамов, маъруф ба «Кабуд»-ро ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Қозии парванда ҳамчунин эълом дошт, ки дороиҳои Сафармад Рустамов ба нафъи давлат мусодира хоҳад шуд.

ravshan kulobДодгоҳи Олӣ Сафармад Рустамовро барои ғайниқонунӣ нигаҳ доштани аслиҳа, ташкили сӯиқасд муҷрим шинохтааст. Аммо бар асоси қонуни афв, аз чаҳор як ҳиссаи ҳукми зиндони ҷаноби Рустамов кам карда шудааст. Дар баробари Сафармад Рустамов инчунин ду нафар аз ҳамроҳони ӯ Неъматулло Бойматов ва Нурулло Давлатов низ ба иттиҳоми ташкили сӯиқасд мутаносибан ба беш аз ҳашт соли равонаи зиндон шуданд.

Қозии парванда ҳамчунин гуфтааст, ки дар ҷараёни таҳқиқи парвандаи оқои Рустамов рӯшан шуд, ки моҳи апрели соли 2000 наздикони фармондеҳи Фронти халқӣ Қурбон Чолов «кафе»-еро, ки марбут ба хонаводаи Рустамов буд, оташ заданд.

Сафармад Рустамов ба хотири гирифтани интиқом бо ҳамроҳони худ нақшаи қатли Чоловро тарҳрезӣ карда буд. Ба ин манзур, моҳи майи соли 2000 гурӯҳи Рустамов, ки бо автомати Калашников мусаллаҳ буд, ба худрави Чолов ҳамла карданд, ки дар натиҷа ду нафар аз ҳамроҳони вай ҷароҳат бардоштанд.

Сафармад Рустамов тобистони соли гузашта 2011 аз сӯи мақомоти интизомӣ боздошт шуд. Он вақт сарусадоҳое пайдо шуд, Рустамовро ба далели ташкили беназмиҳо дар ҷараёни бозӣ миёни дастаҳои  «Равшан» ва «Истиқол» дастгир кардаанд. Аммо ин фарзия баъдан аз сӯи мақомот радд шуд.

«Озодӣ»



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 06.01.2012 09:31
Мухим он нест, ки Кабуд суикасд карда буд, мухим он аст, ки ба ки...
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi